ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 4.11 саҳ. 4-7
  • Се рӯзи пур аз таровати рӯҳонӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Се рӯзи пур аз таровати рӯҳонӣ
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Маводи монанд
  • Анҷуманҳои вилоятӣ имконияти хубе барои шаҳодат додан мебошанд
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Рафторе, ки Худоро ҷалол медиҳад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
  • «Дар миёни халқҳо умри некӯкорона ба сар баред»
    Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Яҳуваро дар анҷуманҳои вилоятӣ ҷалол хоҳем дод
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2011
km 4.11 саҳ. 4-7

Се рӯзи пур аз таровати рӯҳонӣ

1. Анҷумани вилоятии имсола ба мо чӣ манфиате хоҳад овард?

1 Дар ин замини рӯҳан хушкшуда, яъне ҷаҳони Шайтон, Яҳува то ба ҳол хизматгоронашро тароват мебахшад (Иш. 58:11). Яке аз роҳҳое, ки бо он Яҳува моро қувват мебахшад, ин анҷумани вилоятии ҳарсола мебошад. Бо наздикшавии анҷумани имсола, чӣ тавр мо тайёрӣ дида метавонем, то ки ҳам худамон таровати рӯҳонӣ гирем ва ҳам ба дигарон тароват бахшем? (Мас. 21:5).

2. Кадом тайёриҳоро ба анҷом расондан лозим аст?

2 Агар вазъиятатон ба шумо имкон диҳад, ки ба анҷумани давлати дигар рафта тавонед, оё шумо ба ин сафаратон тайёрӣ дида истодаед? Оё шумо вақти ба ҷои анҷуман расиданатонро ба назар гирифтед, то ки ҳар се рӯзи анҷуман дар вақташ омада, ҷоятонро пеш аз саршавии барнома ёбед? Албатта мо намехоҳем, ки ягон ғизои рӯҳонии қавикунандаро, ки Яҳува барои мо тайёр кардааст аз даст диҳем! (Иш. 65:13, 14). Оё дар бораи ҷои зист ва нақлиёт аллакай ғамхорӣ кардаед? Агар шумо анҷуманро тавассути DVD тамошо карданӣ бошед, ҷадвали корӣ ва шахсиатонро тавре тартиб диҳед, ки дар ҳар се рӯз дар анҷуман иштирок карда тавонед. Дар вақти тамошои анҷуман кӯшиш кунед, ки принсипҳои дар ин мақола овардашударо ба кор баред.

3. Барои он ки мо бо оилаамон аз анҷуман пурра манфиат гирем, кадом маслиҳатҳо ба мо кӯмак хоҳанд расонд?

3 Чӣ ба шумо кӯмак мерасонад, ки дар вақти анҷуман ҳушатон парешон нашавад? Агар имкон бошад, дар айёми анҷуман ҳар шаб зиёдтар дам гиред. Диққататонро ба нотиқ равона кунед. Ҳар як оятро аз Китоби Муқаддаси худ кушоед. Қайдҳои кӯтоҳ кунед. Хуб мебуд, ки аъзоёни оила дар анҷуман якҷоя шинанд, то ки волидон ба кӯдаконашон барои бодиққат будан кӯмак карда тавонанд (Мас. 29:15). Шояд ҳар бегоҳ бо аҳли оилаатон фикрҳои манфиатбахшро муҳокима кунед. Барои он ки оилаатон баъд аз анҷуман низ тароват гирад, шумо метавонед дар шоми ибодати оилавӣ барои муҳокимаи фикрҳои махсус ва ба кор бурдани онҳо вақт ҷудо кунед.

4. Чӣ тавр мо ба аъзоёни ҷамъомадамон барои гирифтани таровати рӯҳонӣ кӯмак расонда метавонед?

4 Барои тароват гирифтани дигарон кӯмак расонед. Мо мехоҳем, ки дигарон низ таровати рӯҳонӣ гиранд. Оё дар ҷамъомади шумо воизони солхӯрда ё шахсоне ҳастанд, ки барои ба анҷуман рафтан ба кӯмак мӯҳтоҷанд? Оё шумо имконияти ба онҳо ёрӣ расонданро доред? (1 Юҳ. 3:17, 18). Ба пирони ҷамъомад, махсусан ба нозирони гурӯҳ лозим аст, то ба ин гуна воизоне, ки ба кӯмак мӯҳтоҷанд, ғамхорӣ кунанд.

5. Чӣ тавр мо дар анҷуман одобу рафтори хубро зоҳир карда метавонем?

5 Одобу рафтори хуб тароват мебахшад. Дар ҳолате ки бисёр одамон «худписанд» шудаанд ва ҳиссиёти дигаронро ҳурмат намекунанд, то чӣ андоза тароватбахш аст, ҳузур доштан дар байни масеҳиёне, ки одобу рафтори хуб доранд! (2 Тим. 3:2). Мо дар мавридҳои зерин одобу рафтори хуб зоҳир карда метавонем: вақте ки оромона ва ботартиб соати 8:00 ҳангоми кушода шудани дари бино ба он ҷо ворид мешавем ва танҳо барои онҳое ҷой мегирем, ки ҳамроҳамон дар як хона зиндагӣ мекунанд ё бо мо дар як мошин буданд ё барои омӯзандагонамон. Вақте ки барандаи барнома эълон мекунад, ки бо садо додани мусиқӣ, ҷойҳоямонро ишғол кунем, зарур аст, ки аз рӯи эълони кардаи ӯ амал кунем. Агар телефонҳои дастӣ, пейҷер ва дигар воситаҳои алоқаро ҳангоми барнома хомӯш кунем, бо ин одобу ахлоқи хубамонро нишон медиҳем. Мо ҳамчунин одоби хубро бо он нишон медиҳем, ки агар ҳангоми барнома беҳуда гап назанем, SMS нанависем, хӯрок нахӯрем ё дар даҳлезҳо беҳуда нагардем.

6. Чӣ тавр мо бо бародару хоҳаронамон муошират карда, ҳам худамон тароват мегирем ва ҳам ба дигарон тароват мебахшем?

6 Муоширати тароватбахш. Анҷуманҳои вилоятӣ имконият медиҳанд, ки мо аз ягонагии масеҳӣ ва бародариятамон тароват гирем (Заб. 132:1–3). Хуб мебуд, ки якум шуда худамон «фарохдил» бошем ва бо бародару хоҳарони ҷамъомадҳои дигар шинос шавем (2 Қӯр. 6:13). Шояд мақсад гузоред, ки ҳар рӯз ақаллан бо як воизи нав ё оилаи нав шинос шавед. Барои ин танаффуси нисфирӯзӣ имконияти хуб аст. Ба ҷои ба ягон ошхона рафтан ё хӯрок харидан, беҳтараш бо худ хӯроки сабук оред ва дар ҷои анҷуман монда, аз хӯрдани хӯрок ва муошират бо дигарон ҳаловат баред. Ҳамаи ин ба дӯстии наву бардавом оварда метавонад. Агар мо анҷуманро дар гурӯҳи хурд тамошо кунем, мо метавонем аз муошират бо якдигар хурсандӣ гирем ва бо якдигар хубтар шинос шавем.

7. Чаро ба мо лозим аст, ки дар анҷуман дар қатори ихтиёриён хизмат кунем ва чӣ тавр инро карда метавонем?

7 То чӣ андоза дар хизмати муқаддас бо ҳамимонон аз як гиребон сар бароварда ҳамкорӣ кардан тароватбахш аст! Оё шумо метавонед дар қатори ихтиёриён ба ягон шӯъбаи анҷуман ё ба ҷамъомади худ, ки барои рӯбучин таъин шудааст, кӯмак расонед? (Заб. 109:3). Агар шумо дар анҷуман ягон супориш надошта бошед, илтимос ба Шӯъбаи ихтиёриёни анҷуман муроҷиат кунед. Қувваи зиёд корро хурсандибахш ва осон мегардонад.

8. Чаро ба мо лозим аст, ки ҳангоми анҷуман ба рафтор, тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳириамон диққати махсус диҳем?

8 Рафтори мо ба атрофиён тароват мебахшад. Мо на танҳо дар давоми барномаи анҷуман, балки дар давоми ҳар се рӯз намояндагони он ҳастем. Дар шаҳре, ки анҷуман мегузарад атрофиён бояд фарқи байни мо ва онҳое ки Шоҳидони Яҳува нестанд, бинанд (1 Пет. 2:12). Тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирии мо дар бинои анҷуман ва гирду атрофи он, ҳам дар ҷои шабгузаронӣ ва дар тарабхона ё ошхона, бояд Яҳуваро ҷалол диҳад (1 Тим. 2:9, 10). Агар мо лавҳачаи сари синагӣ (плакетка)-ро карда бошем атрофиён хоҳанд дид, ки мо Шоҳиди Яҳува ҳастем. Ин метавонад имкон диҳад, ки оиди анҷуман нақл кунем ва шаҳодати бештар диҳем.

9. Кадом воқеаҳо нишон медиҳанд, ки рафтори мо шаҳодати хуб буда метавонад?

9 Рафтори хуби мо дар давоми анҷуман ба дигарон чӣ таъсире расонда метавонад? Сардори варзишгоҳи марказии шаҳри Алма–Ато (Қазоқистон) дар бораи анҷуман, ки ба он 6 605 нафар ташриф оварда буд, чунин гуфт: «Муносибати шумо ба ҳама чиз, ба ман хеле сахт таъсир расонд. Акнун ман боварӣ ҳосил кардам, ки ҳамаи шумо, пиру ҷавон, шахсони боэҳтиром ҳастед. Ман намегӯям, ки шахси имондор ҳастам, лекин ман ба ҳама чизи муқаддасе, ки дар бародарияти шумо, яъне муносибат ба арзишҳои моддиву рӯҳонӣ, боварӣ дорам». Яке аз кормандони милисаи Алма–Ато дар бораи анҷуман чунин гуфт: «Ман дуюм маротиба мешавад, ки бо одамони шумо вобаста ба анҷуман ҳамкорӣ мекунам. Барои ман бо Шоҳидони Яҳува ҳамкорӣ кардан бениҳоят хушу гуворо аст».

10. Бо наздикшавии анҷуман, шумо чӣ мақсадеро гузошта метавонед ва чаро?

10 Анҷуманҳои вилоятии имсола хеле зуд наздик шуда истодаанд. Ва барои тароватбахш гардондани барнома ва ҷои анҷуман вақт ва қуввати зиёд сарф шудааст. Мақсад гузоред, ки дар ҳар се рӯзи анҷуман иштирок кунед ва барои он чизе ки Яҳува ва ташкилоти Ӯ тайёр кардааст, омода бошед. Мақсад гузоред, ки ҳамеша ба воситаи одобу рафтори хуб, муоширати хурсандиовар ва муносибати нек ба дигарон тароват бахшед. Он вақт шумо ва дигарон ҳиссиётеро дошта метавонед, ки яке аз намояндагони анҷумани соли гузашта дошта буд: «Ман ҳеҷ гоҳ чунин қаноатмандиро ҳис накарда будам!»

[Чорчӯба дар саҳифаи 6]

Тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирии мо дар бинои анҷуман ва гирду атрофи он, ҳам дар ҷои шабгузаронӣ ва дар тарабхона ё ошхона, бояд Яҳуваро ҷалол диҳад

[Чорчӯба дар саҳифаи 7]

Мақсад гузоред, ки ҳамеша ба воситаи одобу рафтори хуб, муоширати хурсандиовар ва муносибати нек ба дигарон тароват бахшед

[Замима дар саҳифаиҳои 4-7]

Ёдраскуниҳо оиди анҷумани вилоятии 2011

◼ Вақти барномаи анҷуман. Ҳар се рӯзи анҷуман, барнома соати 9:20 сар мешавад. Соати 8:00 дари даромад кушода хоҳад шуд. Вақте ки мусиқӣ эълон карда мешавад, ҳамаамон бояд дар ҷойҳоямон нишинем, то ки барнома ба таври шоиста оғоз ёбад. Рӯзҳои ҷумъаву шанбе барнома соати 16:55 ва рӯзи якшанбе соати 15:40 хотима меёбад.

◼ Истгоҳи нақлиёт. Дар ҷое, ки анҷуман мегузарад, барои нақлиёт истгоҳҳо тайёр карда мешаванд. Касоне ки аввал меоянд мошини худро дар ҷойҳои холӣ гузошта метавонанд. Танҳо онҳое ки дар мошинашон нишонаи махсуси барои маъюбонро доранд, метавонанд мошини худро дар ҷои барои маъюбон ҷудошуда, гузоранд. Азбаски одатан дар истгоҳ ҷой кам аст, хуб мебуд, ки дар як мошин ҳар чӣ одамони зиёдтар оянд.

◼ Ишғоли ҷойҳо. Танҳо барои касоне ҷой гирифтан мумкин аст, ки ҳамроҳи шумо дар як мошин омадаанд ё якҷоя бо шумо дар як хона зиндагӣ мекунанд ё барои шахсоне ки бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронед (1 Қӯр. 13:5).

◼ Хӯроки нисфирӯзӣ. Лутфан хӯрокатонро бо худ биёред, то ки ҳангоми танаффус ҷои анҷуманро тарк накунед. Яхдон–сумкаеро, ки зери курсӣ ҷо мешавад, истифода бурдан мумкин аст. Ба анҷуман яхдон–сумкаҳои калон ва зарфҳои шишагиро овардан мумкин нест.

◼ Хайрия. Мо метавонем дар анҷуман барои кори умумиҷаҳонӣ хайрия карда, миннатдориамонро ба ин чорабинии рӯҳонӣ зоҳир созем.

◼ Ҳодисаҳои нохуш ва таъҷилӣ. Агар дар анҷуман ҳодисае рӯй диҳад, лутфан ба ягон мутасаддӣ хабар диҳед. Ӯ фавран ба бахши ёрии аввалин муроҷиат мекунад. Ихтиёриёни ин бахш ҷиддияти ҳолатро муайян намуда, ёрии тиббӣ мерасонанд. Агар лозим шавад, онҳо ба рақами 103 (дар Қазоқистон) занг зада, ёрии таъҷилии тиббиро ҷеғ мезананд. Он гоҳ кормандони давлатии ёрии таъҷилӣ ба зангҳои на он қадар ҷиддӣ овора намешаванд.

◼ Доруворӣ. Агар духтур ба шумо ягон дору таъин карда бошад, илтимос бо худ овардани онро фаромӯш накунед, зеро ин гуна дорувориҳо дар анҷуман нестанад.

◼ Пойафзол. Ҳар сол аз боиси пойафзол бисёриҳо осеб мебинанд. Пӯшидани пойафзоли хоксоронаву бароҳат хуб аст, зеро бо он бар зинапоя, назди панҷара ва дигар ҷойҳо роҳ рафтан бехатар аст.

◼ Аробачаи бачагона ва курсиҳои қатшаванда. Аробачаи бачагона ва курсии қатшавандаро ба ҷои гузашта шудани анҷуман овардан мумкин нест. Лекин барои овардани курсии бачагонаи бехавф, ки онро дар назди курсии волидон ҷойгир кунондан мумкин аст, рухсат дода мешавад.

◼ Атриёт. Бисёри анҷуманҳо дар биноҳои болопӯшшуда мегузаранд, ки системаи сунъии ҳавотозакунӣ доранд. Бинобар ин, истифодаи атриёти тезбӯйро маҳдуд намуда, мо ба дигарон муҳаббат зоҳир мекунем, зеро ин гуна мавод сабаби авҷ гирифтани бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва дардҳои дигар шуда метавонанд (1 Қӯр. 10:24).

◼ Варақаи «Бо ин шахс боздид кунед». Агар дар рӯзҳои гузаштани анҷуман дар натиҷаи шаҳодати ғайрирасмӣ шахсе шавқ пайдо кунад, лозим аст, ки оиди ин ба воситаи варақаи «Бо ин шахс боздид кунед» (S-43) хабар диҳед. Ба воизон лозим аст, ки як–ду нусхаи ин варақаро ба анҷуман бо худ биёранд. Варақаҳои пуркардашударо дар анҷуман ба шӯъбаи адабиёт (отдел литературы) ё ҳангоми бозгашт ба котиби ҷамъомадатон додан лозим аст. (Ба «Хизмат ба Салтанати Худо», аз моҳи ноябри с. 2009, саҳ. 4 нигаред.)

◼ Тарабхона ё ошхона. Ҳангоми дар ошхона буданатон бо рафтори хуби худ исми Яҳуваро ҷалол диҳед. Агар дар он шаҳр чойпулӣ додан одат бошад, шумо низ метавонед каме чойпӯлӣ монед.

◼ Меҳмонхона.

1) Илтимос аз ҳад зиёд ҳуҷра дархост накунед ва бигзор бо шумо дар ҳуҷра аз меъёр зиёд одамон наистанд.

2) Дархостатонро бекор накунед, танҳо агар ягон ҳолати фавқуллода рӯй диҳад ва дар бораи ин ҳар чӣ тезтар ба меҳмонхона хабар диҳед (Мат. 5:37).

3) Аробаи ҷомадонкаширо танҳо дар вақти даркорӣ истифода баред ва даррав онро ба ҷояш баргардонед, то ки дигарон низ онро истифода бурда тавонанд.

4) Хӯрокатонро танҳо дар ҳуҷраҳое, ки хӯрокпазӣ иҷозат дода шудааст, тайёр кунед.

5) Ба боркашони меҳмонхона, ки борҳоятонро мекашанд чойпулӣ диҳед ва ҳар рӯз ба онҳое ки ҳуҷраатонро рӯбучин мекунанд чойпулӣ монед.

6) Хӯрокҳо ва дигар чизҳое ки бепул пешкаш карда мешаванд, онҳоро ба меъёр истифода баред.

7) Ҳангоми мулоқот бо кормандони меҳмонхона ҳамеша самари рӯҳро зоҳир кунед. Кормандони меҳмонхона дар бораи шумораи зиёди меҳмонон ғамхорӣ мекунанд ва агар мо нисбати онҳо меҳрубонӣ, сабру тоқат ва солимфикрӣ зоҳир кунем, онҳо инро хеле қадр мекунанд.

◼ Хизмати ихтиёриён. Агар мо чун ихтиёриён дар анҷуман кӯмаки зарурӣ расонем, шодиву хурсандиамон боз ҳам зиёдтар мегардад (Аъм. 20:35). Ҳамаи онҳое ки кӯмак расондан мехоҳанд, метавонанд ба Шӯъбаи ихтиёриёни анҷуман муроҷиат кунанд. Кӯдакони то синни 16-сола низ метавонанд бо яке аз волидонашон ё ягон шахси калонтар, ки волидон иҷозат дода буданд, дар ин хизмат саҳми худро гузоранд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан