Анҷуманҳои вилоятӣ имконияти хубе барои шаҳодат додан мебошанд
1. Исроилиён ҳангоми идҳои ҳарсола дар бораи кадом ҳақиқатҳои муҳими рӯҳонӣ андеша ронда, онҳоро бо ҳам муҳокима мекарданд?
1 Дар замонҳои пеш исроилиёни қадим ҳар сол се маротиба ҷамъ омада, ид ҷашн мегирифтанд. Гарчанде ки ба он маъракаҳо ташриф овардани танҳо мардон шарт буд, оилаҳои зиёде ба Ерусалим омада, аз идҳо хурсандӣ мегирифтанд (Такр. Ш. 16:15, 16). Он идҳо имконият медоданд, ки халқ дар бораи ҳақиқатҳои муҳими рӯҳонӣ андеша ронда, онҳоро бо ҳам муҳокима кунанд. Баъзе аз ин ҳақиқатҳо кадомҳоянд? Яке аз ҳақиқатҳо ин аст, ки Яҳува аз рӯи муҳаббат, бо саховатмандӣ одамонро бо ғизо таъмин мекунад (Такр. Ш. 15:4, 5). Дигаре он ки танҳо аз Яҳува роҳнамоӣ ва муҳофизат ҷустан лозим аст (Такр. Ш. 32:9, 10). Ҳамчунин исроилиён метавонистанд дар бораи он мулоҳиза кунанд, ки онҳо чун халқи Яҳува бояд адолати Ӯро дар ҳаёти худ ба пуррагӣ зоҳир намоянд (Такр. Ш. 7:6, 11). Имрӯзҳо низ анҷуманҳои ҳарсола ба мо чунин фоида оварда метавонанд. Агар аз таҳти дил дуо гуфта, корҳои худро хуб ба нақша гирем, эҳтимол, имконият пайдо хоҳем кард, ки ба шаҳри дигар рафта дар анҷуман иштирок кунем (ба нома аз якуми декабри соли 2011, ки ба ҳамаи ҷамъомадҳо фиристода шудааст, нигаред). Хоҳ кӯшишҳои мо амалӣ гарданд, хоҳ не, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз барномаи анҷуман ба пуррагӣ фоида гирем?
2. Чӣ ёрӣ медиҳад, ки дар анҷуманҳои вилоятӣ фаҳмишамонро оиди ҳақиқат чуқуртар кунем?
2 Барнома фаҳмиши ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро чуқуртар мегардонад. Дар анҷуманҳои вилоятӣ мо метавонем аз шунидани нутқҳо ва мусоҳибаҳо, тамошои намоишҳо ва драмаҳо ҳаловати зиёд гирем. Ин ёрӣ медиҳад, ки ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро хубтар фаҳмида, онҳоро дар ҳаёти худ истифода барем (Юҳ. 17:17). Айни ҳол барои гузаронидани анҷуман аллакай бисёр корҳо ба анҷом расонда шудаанд. Ташкилоти Яҳува барномаи анҷуманро тавре тайёр карда истодааст, ки ниёзҳои ҳама ба инобат гирифта шаванд (Мат. 24:45–47). Оё шумо хоҳиши сахт доред, то аз он чизе ки пешкаш карда мешавад, баҳра баред?
3. Барои аз барномаи анҷуман манфиат гирифтан чӣ кор кардан лозим аст?
3 Барои он ки аз анҷуман ба таври пурра манфиат гирем, лозим аст, ки ҳар се рӯз дар он ҳозир бошем ва барномаро бодиққат гӯш кунем. Агар шумо то ҳол дар ҷои кор аз сардоратон барои рӯзҳои анҷуман ҷавоб нагирифта бошед, хуб мебуд, ки ҳар чи зудтар инро кунед. Ҳамчунин кӯшиш кунед, ки ҳар шаб нағзакак дам гиред, то пагоҳӣ тамоми ҳушу хаёли худро ба гӯш кардани барнома равона карда тавонед. Аксарият барои парешон нашудани диққаташон ба нотиқ назар медӯзанд ва қайдҳои кӯтоҳ мекунанд. Ҳамчунин дуруст мебуд, ки телефонҳои дастии худро хомӯш кунем, то занги он на ба мо халал расонаду на ба дигарон. Дар вақти барнома беҳуда гап задан, SMS фиристодан, хӯрок хӯрдан ҳуши моро парешон карда, ба бодиққат гӯш кардани барнома монеа мешавад.
4. Чӣ тавр волидон метавонанд ба фарзандони худ ёрӣ диҳанд, то онҳо аз анҷуман фоида гиранд?
4 Вақте ки исроилиён ҳар соли ҳафтум барои гӯш кардани Қонуни Яҳува ба иди Хаймаҳо меомаданд, «кӯдакон»–ашонро ҳамроҳи худ мегирифтанд, то онҳо низ «бишнаванд ва таълим гиранд» (Такр. Ш. 31:12). Имрӯзҳо дидани он ки оилаҳо дар анҷуман ҳамроҳ мешинанд ва кӯдаконашон барномаро бодиққат гӯш мекунанд, чӣ қадар рӯҳбаландкунанда аст! Хеле хуб мешуд, агар ҳар бегоҳ баъд аз анҷуман қайдҳои кардаатонро дида мебаромадед ва фикрҳоеро, ки ба шумо бисёртар маъқул шуданд, дар якҷоягӣ муҳокима мекардед. Шумо, волидон, хуб медонед, ки «беақлӣ ба дили навҷавон баста шудааст», барои ҳамин фарзандони худро, аз он ҷумла фарзандони наврасатонро, дар вақти танаффус ва дар ҷои зисти муваққатиатон беназорат нагузоред (Мас. 22:15; 29:15).
5. Чӣ хел мо дар ҷои истиқомати муваққатиамон бо рафтори худ ҳақиқатро зебу оро дода метавонем?
5 Рафтори хуби мо ҳақиқатро зебу оро медиҳад. Рафтори хуби мо дар шаҳре, ки анҷуман баргузор мегардад, ҳақиқатро оро медиҳад (Тит. 2:10). Коргарони меҳмонхонаҳо аҳамият медиҳанд, ки шахсони ба анҷуман омада қоидаҳои меҳмонхонаро риоя мекунанд ва бо онҳо муомилаи меҳрубононаву пурсаброна доранд (Қӯл. 4:6). Соли гузашта, вақте ки бародарон аз филиал бо намояндаи меҳмонхона оиди ҷойҳои зист гапзанон мекарданд, ӯ қайд кард: «Мо аз қабул кардани одамони шумо хеле шодем, чунки онҳо одамони хуб ва хушрафторанд. Онҳо дар муомила бо коргарон боэҳтироманд, ҳамчунин тозагиро риоя мекунанд ва асбобу анҷоми меҳмонхонаро эҳтиёт мекунанд». Ва албатта, ҳангоми истиқомат дар хонаҳои бародарону хоҳарон ҳам чунин рафтор кардан лозим аст.
6. Мо бояд чӣ тавр либос пӯшем, то ҳақиқатро оро диҳем?
6 Вақте ки мо дар рӯзҳои анҷуман ба либоси худ лавҳачаи сарисинагӣ мечаспонем, ба сокинони шаҳр нишон медиҳем, ки дар он ҷо анҷуман гузашта истодааст ва ҳамчунин ба воситаи он худро ба бародарону хоҳарон шинос мекунем. Ғайр аз ин, лавҳачаи сарисинагӣ имкон медиҳад, ки ба атрофиён шаҳодат диҳем. Онҳо пай бурда метавонанд, ки сару либоси мо тозаву хоксорона аст ва аз либоси бетартибу беш аз ҳад диққатҷалбкунандаи дар ин ҷаҳон одатӣ, фарқ мекунад (1 Тим. 2:9, 10). Бинобар ин мо бояд ба тарзи либоспӯшӣ ва намуди зоҳирии худ аҳамият диҳем, аз он ҷумла, вақте ки дар меҳмонхона либосамонро дигар мекунем. Бо сару либоси номувофиқ, масалан, бо либоси варзишӣ ба анҷуман омадан шаъну шарафи онро паст мекунад. Ҳатто агар анҷуман дар майдони кушод гузарад ҳам, либоси мо бояд шоиста бошад. Агар баъд аз тамом шудани барномаи анҷуман мо хоҳем, ки либосҳоямонро иваз карда, ба ягон ҷо хӯрокхӯрӣ равем, бояд ба интихоби либосамон аҳамият диҳем ва дар хотир дорем, ки то ҳол намояндагони анҷуман ҳастем.
7. Яке аз роҳҳои дар рӯзҳои анҷуман аз ягонагиамон баҳра бурдан кадом аст?
7 Ҳангоми идҳои ҳарсола исроилиён аз муоширати рӯҳбаландкунанда бо ҳамимононашон, ки аз сибтҳои гуногун ва кишварҳои дурдаст буданд, баҳра мебурданд ва ин ба ягонагии байни онҳо мусоидат мекард (Аъм. 2:1, 5). Имрӯз бошад, дар анҷуманҳои вилоятӣ ягонагии мо чун халқи Худо ба таври пурра аён мегардад. Ин ягонагӣ далели он аст, ки мо аз биҳишти рӯҳонӣ баҳрамандем ва дидани ин ба аксар одамон таассуроти хуб мебахшад (Заб. 132:1). Ба ҷои дар вақти танаффус ба хӯрокхарӣ рафтан, беҳтар мебуд, ки бо худ каме хӯрок биёрем, то фурсатро аз даст надода, бо хоҳарону бародарони дар наздамон нишаста шинос шавем ва сӯҳбат кунем. Онҳое ки анҷуманро ба воситаи DVD тамошо мекунанд, бояд нағз дар хотир доранд, ки бодиққат тамошо кардани барномаи рӯҳонӣ назар ба тайёр кардани хӯроке, ки барои пухтанаш ҳар дам аз ҷо хестан лозим аст, муҳимтар мебошад.
8. Барои дар анҷуман чун ихтиёрӣ хизмат кардан кадом сабабҳо вуҷуд доранд?
8 Аксар вақт одамони гирду атроф хуб ташкил шудан ва ботартибу низом гузаштани анҷуманҳои моро дида, ба ҳайрат меоянд, хусусан вақте онҳо мефаҳманд, ки ҳамаи корро ихтиёриён иҷро мекунанд. Оё шумо метавонед бо омодагӣ ва «ба ихтиёр» дар анҷуманҳо хизмати худро пешниҳод кунед? (Заб. 109:3) Бисёр оилаҳо дар ин кор иштирок карда, мехоҳанд, ки фарзандонашон ба дигарон ёрӣ доданро ёд гиранд. Агар шумо шармгин бошед, чун ихтиёрӣ хизмат кардан бароятон имконияти хубест, ки бо дигарон шинос шавед. Хоҳаре чунин гуфт: «Ғайр аз аъзоёни оила ва якчанд дӯстонам, ман дар анҷуман дигар ҳеҷ касро намешинохтам, вале дар рӯбучин иштирок карда, бо бисёр бародарону хоҳарон шинос шудам. Ин ба ман хеле маъқул шуд!» Дар анҷуманҳо ёрӣ расонда, мо метавонем доираи дӯстонамонро васеъ кунем ва аз ин хурсандии бисёр гирем (2 Қӯр. 6:12, 13). Агар шумо ягон бор чун ихтиёрӣ хизмат накарда бошед, аз пирони ҷамъомад пурсед, ки барои ин чӣ кор кардан лозим аст.
9. Аз кадом воқеаҳо фаҳмида метавонем, ки ба анҷуманҳои ҳарсола даъват кардани дигарон бенатиҷа нест?
9 Онҳо ба шунидани ҳақиқат даъват шуда буданд. Дар бисёр давлатҳо се ҳафта пеш аз ҳар анҷуман ҷамъомадҳои маҳаллӣ дар паҳн кардани даъватномаҳо иштирок мекунанд. Оё одамон чунин даъватро қабул мекунанд? Дар яке аз анҷуманҳо бародаре ба ҷуфти ҳамсарон дар ёфтани ҷои нишаст ёрӣ дод ва дар рафти сӯҳбат онҳо ба ӯ гуфтанд, ки даъватномаи гирифтаашон диққати онҳоро ҷалб кард. Барои ба анҷуман омадан онҳо зиёда аз 320 км–ро тай карданд! Воқеаи дигаре бо як хоҳар рӯй дод, ки хона ба хона даъватнома тақсим мекард. Марде даъватномаро гирифта, дар бораи анҷуман бисёртар фаҳмидан хост. Хоҳар вақт ҷудо карда, бо ӯ маълумоти дар даъватнома бударо муҳокима кард. Чанд рӯз пас ӯ он мардро ҳамроҳи ҷӯрааш дар анҷуман дид, ки яке аз нашрияҳои нави дар анҷуман тақсимшударо дар даст доштанд!
10. Чаро ба анҷуманҳои вилоятӣ ташриф овардан муҳим аст?
10 Идҳои ҳарсолаи исроилиён аз он шаҳодат медоданд, ки Яҳува аз рӯи муҳаббати худ ба онҳо ғамхорӣ мекунад. Он идҳо кӯмак мекарданд, ки исроилиён «дар самимият ва ростӣ» Ӯро ибодат намоянд (Еҳ. 24:14). Дар замони мо низ ба анҷуманҳои ҳарсолаи вилоятӣ ташриф овардан қисми муҳими ибодати мо мебошад ва ин ба мо ёрӣ медиҳад, ки «дар ростӣ» рафтор карданро давом диҳем (3 Юҳ. 3). Бигзор Яҳува кӯшишҳои ба анҷуман рафтан ва аз он ба пуррагӣ манфиат гирифтани ҳамаи дӯстдорони ростиро баракат диҳад!
[Tасвир дар саҳифаи 5]
Рафтори хуби мо дар шаҳре, ки анҷуман баргузор мегардад, ҳақиқатро оро медиҳад
[Tасвир дар саҳифаи 6]
Фурсатро аз даст надода, бо хоҳарону бародарони дар наздатон нишаста шинос шавед ва сӯҳбат кунед
[Чорчӯба дар саҳифаи 3-6]
ЁДРАСКУНИҲО ОИДИ АНҶУМАНИ ВИЛОЯТИИ СОЛИ 2012
◼ Вақти барномаи анҷуман. Ҳар се рӯзи анҷуман барнома соати 9:20 сар мешавад. Соати 8:00 дари даромад кушода хоҳад шуд. Вақте ки мусиқӣ эълон карда мешавад, ҳамаамон бояд дар ҷойҳоямон нишинем, то ки барнома ба таври шоиста оғоз ёбад. Рӯзҳои ҷумъаву шанбе барнома соати 16:55 ва рӯзи якшанбе соати 15:40 хотима меёбад.
◼ Ишғоли ҷойҳо. Танҳо барои касоне ҷой гирифтан мумкин аст, ки ҳамроҳи шумо дар як мошин омадаанд ё якҷоя бо шумо дар як хона зиндагӣ мекунанд ё барои шахсоне ки бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронед (1 Қӯр. 13:5).
◼ Хӯроки нисфирӯзӣ. Лутфан хӯрокатонро бо худ биёред, то ки ҳангоми танаффус ҷои анҷуманро тарк накунед. Яхдон–сумкаеро, ки зери курсӣ ҷо мешавад, истифода бурдан мумкин аст. Ба анҷуман яхдон–сумкаҳои калон ва зарфҳои шишагиро овардан мумкин нест.
◼ Хайрия. Мо метавонем дар анҷуман барои кори умумиҷаҳонӣ хайрия карда, миннатдориамонро ба ин чорабинии рӯҳонӣ зоҳир созем.
◼ Ҳодисаҳои нохуш ва таъҷилӣ. Агар дар анҷуман ҳодисае рӯй диҳад, лутфан, ба ягон мутасаддӣ хабар диҳед. Ӯ фавран ба бахши ёрии аввалин муроҷиат мекунад. Ихтиёриёни ин бахш ҷиддияти ҳолатро муайян намуда, ёрии тиббӣ мерасонанд. Агар лозим шавад, онҳо ёрии таъҷилии тиббиро ҷеғ мезананд. Он гоҳ кормандони давлатии ёрии таъҷилӣ ба зангҳои на он қадар ҷиддӣ овора намешаванд.
◼ Доруворӣ. Агар духтур ба шумо ягон дору таъйин карда бошад, илтимос, бо худ овардани онро фаромӯш накунед, зеро ин гуна дорувориҳо дар анҷуман нестанд. Агар шахси дар анҷуманбуда касалии қанд ё дигар беморӣ дошта бошад ва аз сӯзандору истифода барад, набояд онро дар ҳар ҷо партояд, то ки аз рӯи беэҳтиётӣ дигарон зарар набинанд. Инчунин сӯзандоруҳоро ба сатилҳои партове, ки дар бинои анҷуман ё меҳмонхонаҳо гузошта шудаанд, напартоед.
◼ Пойафзол. Ҳар сол аз боиси пойафзол бисёриҳо осеб мебинанд. Пӯшидани пойафзоли хоксоронаву бароҳат хуб аст, зеро бо он бар зинапоя, назди панҷара ва дигар ҷойҳо роҳ рафтан бехатар аст.
◼ Аробачаи бачагона ва курсиҳои қатшаванда. Аробачаи бачагона ва курсии қатшавандаро ба ҷои гузашта шудани анҷуман овардан мумкин нест. Лекин барои овардани курсии бачагонаи бехавф, ки онро дар назди курсии волидон ҷойгир кунондан мумкин аст, рухсат дода мешавад.
◼ Атриёт. Бисёри анҷуманҳо дар биноҳои болопӯшшуда мегузаранд, ки системаи сунъии ҳавотозакунӣ доранд. Бинобар ин, истифодаи атриёти тезбӯйро маҳдуд намуда, мо ба дигарон муҳаббат зоҳир мекунем, зеро ин гуна мавод сабаби авҷ гирифтани бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва дардҳои дигар шуда метавонанд (1 Қӯр. 10:24).
◼ Варақаи «Бо ин шахс боздид кунед». Агар дар рӯзҳои гузаштани анҷуман дар натиҷаи шаҳодати ғайрирасмӣ шахсе шавқ пайдо кунад, лозим аст, ки оиди ин ба воситаи варақаи «Бо ин шахс боздид кунед» (S-43) хабар диҳед. Ба воизон лозим аст, ки як–ду нусхаи ин варақаро ба анҷуман бо худ биёранд. Варақаҳои пуркардашударо дар анҷуман ба шӯъбаи адабиёт додан лозим аст. (Ба «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи майи с. 2011, саҳ. 3 нигаред.)
◼ Тарабхона ё ошхона. Ҳангоми дар ошхона буданатон бо рафтори хуби худ исми Яҳуваро ҷалол диҳед. Агар дар он шаҳр чойпулӣ додан одат бошад, шумо низ метавонед каме чойпӯлӣ монед.
◼ Ҷои зисти муваққатӣ.
1) Агар шумо мувофиқи дархост дар хонаи бародарону хоҳарон истоданӣ бошед, илтимос, ба онҳо пешакӣ вақти омаданатонро хабар диҳед. Азбаски шумо меҳмон ҳастед, кӯшиш кунед, ки дар вақти муайянкардаатон биеёд, то соҳибхонаҳоро безобита накунед.
2) Ҳангоми дар хонаи дигарон истодан, илтимос, нишон додани хислатҳои хуби масеҳиро ҳама вақт дар ёд доред (Қӯл. 3:12–14).
3) Ҷои зист дар хонаи бародарону хоҳарон ТАНҲО барои рӯзҳои анҷуман пешниҳод карда мешаванд, яъне аз рӯзи панҷшанбе то бегоҳии якшанбе ё саҳари душанбе.
4) Илтимос, фаромӯш накунед, ки тамоми хароҷотамонро мо бояд худамон рӯпӯш кунем, чунки мо аз меҳмоннавозии бародарону хоҳарон истифода бурда, намехоҳем барои онҳо бори вазнин шавем (2 Тас. 3:7, 8).
◼ Хизмати ихтиёриён. Ҳамаи онҳое ки кӯмак расондан мехоҳанд, метавонанд ба шӯъбаи ихтиёриёни анҷуман муроҷиат кунанд. Кӯдакони то синни 16-сола низ метавонанд бо яке аз волидонашон ё ягон шахси калонтар, ки волидон иҷозат дода буданд, дар ин хизмат саҳми худро гузоранд.