Барномаи анҷумани махсуси якрӯза барои соли 2010
1. а) Анҷуманҳои махсуси якрӯзаи солҳои гузашта бар кадом оятҳо асос ёфта буданд? б) Кадом фикрҳои манфиатбахши анҷуманҳои махсуси гузашта ба шумо дар хизмат кӯмак карданд?
1 «Дарк намоед, ки чӣ муҳимтар аст», «Мисли як рама қоим бошед», «Аз ҳақиқат шаҳодат доданро давом диҳед» ва «Мо гил ҳастем, ва Яҳува — кӯзагарӣ мо» (Флп. 1:9, 10, 27; Юҳ. 18:37; Иш. 64:8). Ин танҳо баъзе аз мавзӯъҳое мебошанд, ки пештар дар анҷумани махсуси якрӯза гузашта буданд. Оё шумо мехостед, ки дар анҷумани махсуси якрӯзаи соли хидматии 2010 иштирок кунед? Мавзӯи ин анҷуман «Вақт танг аст» мебошад, ки бар ояти 1 Қӯринтиён 7:29 асос ёфтааст.
2. Чӣ гуна мо ба анҷумани махсус тайёр шуда метавонем?
2 Ҳамин ки дар ҷамъомадатон санаи анҷумани махсуси якрӯза эълон шуд, барои ба он ташриф овардан тайёрӣ бинед. Баъзе волидон ба фарзандонашон кӯмак мерасонанд, то ки онҳо анҷуманро бесаброна интизор шаванд. Онҳо дар календаре, ки кору нақшаҳои оилавӣ навишта шудаанд, рӯзи анҷуманро қайд мекунанд ва чанд рӯз мондани онро ҳисоб мекунанд. Ҳангоми ибодати оилавӣ метавонед фикрҳоеро ки дар анҷуманҳои якрӯзаи гузашта қайд карда будед, муҳокима намоед. Инчунин шумо метавонед бо муҳокимаи китоби «Мактаби таълими маъвиза» (рус.), саҳ. 13–16 дилҳои худро ба ин чорабинӣ тайёр кунед. Ин маслиҳатҳо ба шумо ва оилаатон барои чӣ тавр бодиққат шунидан, кӯмак мерасонанд (Луқ. 8:18).
3. Чӣ гуна мо аз маълумоти дар анҷуман гирифтаамон пурра манфиат гирифта метавонем?
3 Чизи фаҳмидаатонро ба кор баред. Бисёр вақт баъд аз анҷуман мо чунин суханонро мешунавем: «Чӣ хел анҷумани зӯр!» Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст, чунки ин яке аз инъомҳои зиёди Яҳува мебошад (Мас. 10:22). Барои он ки маълумот самар орад, мо бояд бар чизҳои шунидаамон мулоҳиза ронем ва кӯшиш кунем, ки онро дар хотирамон нигоҳ дорем (Луқ. 8:15). Ҳангоми аз анҷуман баргаштан, бо аъзоёни оила ё бо дӯстоне, ки дар як мошин меравед, барномаи анҷуманро муҳокима кунед. Дар бораи мақсадҳои якдигар ва фикрҳое, ки ба шумо дар хизмат ёрӣ медиҳанд, сӯҳбат кунед. Чунин сӯҳбат ба шумо кӯмак мерасонад, ки маълумоти аз анҷуман гирифтаатонро, дар хотир дурудароз нигоҳ доред (Яъқ. 1:25).
4. Чаро ин анҷуман бароямон хурсандиовар хоҳад буд?
4 Вақте ки мо тӯҳфаҳои заруриро мегирем, хеле хурсанд мешавем. Яҳува барои мо дар анҷумани махсуси навбатӣ бисёр чизҳоро тайёр кардааст. Магар мо онро бесаброна интизор намешавем? Мо боварии комил дошта метавонем, ки он барои ҳаёти ҳаррӯзаамон фоидабахш хоҳад буд. Мо метавонем интизор шавем, ки Падари осмониамон, Яҳува моро рӯҳбаланд мекунад. Ӯ ҳамчунин моро тавре таълим медиҳад, ки он барои беҳтар иҷро кардани супоришамон, кӯмак мерасонад (2 Тим. 4:2; Яъқ. 1:17).