Ғизои рӯҳоние, ки «сари вақт» дода мешавад
1. Анҷумани махсуси якрӯзаи охирин ба шумо ва дигарон чӣ гуна кӯмак расонд?
1 Бисёр вақт баъд аз ташриф овардан ба анҷумани махсуси якрӯза мо чунин мегӯем: «Ин айнан ҳамон чизест, ки ба ман даркор буд!» Як нозири ноҳиявӣ гуфт, ки баъзе воизони ноҳияи ӯ баъд аз ташриф овардан ба чунин анҷуман, хоҳиш пайдо карданд, ки дар хизмат бештар иштирок кунанд. Нозирони дигар бошад, чунин гуфтанд: «Ин барнома ба мо кӯмак расонд, то ин ки ҳангоми мулоҳиза рондан дар бораи қарорҳои ҳаётиамон, дар хотир дошта бошем, ки мо дар кадом вақт зиндагӣ дорем». Баъзе воизон гуфтанд, ки ин анҷуман барояшон як садои бедоркунандае буд, ки онҳоро водор намуд, то худро тафтиш кунанд, ки онҳо бо кори муҳимтарин, яъне мавъиза машғуланд, ё не. Анҷумани махсуси якрӯза ба шумо чӣ гуна кӯмак расонд?
2. Дар барномаи соли хизматии омадаистода, чӣ муҳокима карда хоҳад шуд?
2 Барномаи соли хизматии омадаистода низ айнан ҳамон чизе хоҳад буд, ки ба мо даркор аст. Мавзӯи он «Яҳува Худоро паноҳгоҳи худ гардонед», ки аз Забур 117:8, 9 гирифта шудааст. Инҳоянд баъзе аз мавзӯъҳое, ки муҳокима мешаванд: «Чӣ гуна Яҳува дар замонҳои сахт қалъаи мо буда метавонад?», «Ба одамон кӯмак расонед, ки зери дастони Яҳува паноҳ ёбанд», «Мисли Яҳува ба дигарон паноҳгоҳ бошед», «Ҷавонон, Яҳуваро такягоҳи худ гардонед» ва «Биҳишти рӯҳонӣ — паноҳгоҳест, ки Яҳува ба мо додааст».
3. Чӣ гуна мо метавонем аз ташрифорӣ ба анҷуман пурра манфиат гирем?
3 Аз барнома манфиат гиред. Вақте ки санаи анҷуман эълон мешавад, нақшаҳои аниқ тартиб диҳед, ки ба он ташриф оред. Агар омӯзандагони шумо сазовори боварӣ бошанду ба ҳақиқат рағбати аслӣ нишон диҳанд, онҳоро низ даъват кунед. Барои «бо сабр самар» овардан, бояд маълумоти шунидаамонро дар худ нигоҳ дорем (Луқ. 8:15). Барои ҳамин, бодиққат барномаро гӯш кунед ва фикрҳои асосиву насиҳатҳоеро, ки дар ҳаёт ва хизмат истифода бурданиед, кӯтоҳ бароятон қайд кунед. Баъд аз анҷуман ҳамроҳи оилаатон вақт ҷудо карда, барномаро муҳокима намоед ва фикр кунед, ки бо кадом тарз шумо маслиҳатҳои анҷуманро ба кор бурда метавонед.
4. Чаро бояд анҷумани махсуси якрӯзаи омадаистодаро бетоқатона интизор шавем?
4 Анҷумани махсуси якрӯза, ки имсол мегузарад, мисли хӯроки болаззату серғизо, бо муҳаббати бузург ва бо назардошти пешакии ниёзи одамон тайёр карда шудааст. Бигзор Яҳува кӯшиши ба анҷуман ташриф овардан ва аз ин ғизои саривақтӣ рӯҳан ғизо гирифтанатонро баракат диҳад! (Мат. 24:45)