Каломи Худо таъсирбахш аст
1. Анҷумани махсуси соли хизматии 2014 чӣ ном дорад?
1 Китоби Муқаддас назар ба чизҳои ихтироъкардаи одамони нокомил қудрат дорад, ки фикрҳо ва роҳҳои моро мувофиқи иродаи Яҳува тағйир диҳад. То чӣ андоза Каломи Худо таъсирбахш аст? Чӣ тавр мо ин қувваро дар ҳаёти худ ба таври пурра ба кор бурда метавонем? Барои ба дигарон ёрӣ расондан, мо онро чӣ тавр самараноктар истифода барем? Мо боварӣ дорем, ки ин фикрҳои дар давоми барномаи анҷумани махсуси соли хизматии 2014 садо дода таровати рӯҳонӣ хоҳанд бахшид. Номи анҷуман «Каломи Худо таъсирбахш аст», бар Ибриён 4:12 асос меёбад.
2. Мо бояд ба ҷавоби кадом саволҳо аҳамият диҳем?
2 Ҷавоби ин саволҳоро ёбед: Ҳангоми гӯш кардани барномаи анҷуман, ба ҷавоби саволҳои дар поён овардашуда диққат диҳед.
• Чаро мо бояд ба Каломи Яҳува боварӣ дошта бошем? (Заб. 28:4).
• Чӣ тавр таъсири қувваи Каломи Худоро дар ҳаёти худ дидан мумкин аст? (Заб. 33:9).
• Чӣ тавр дар вақти хизмат шумо мегузоред, то қувваи пурзӯри Каломи Худо ба дигарон таъсир кунад? (2 Тим. 3:16, 17).
• Барои қурбони ин ҷаҳони Шайтон нагаштан, мо бояд чӣ кор кунем? (1 Юҳ. 5:19).
• Чӣ тавр шумо, ҷавонон, муваффақиятҳои рӯҳониро ба даст оварда метавонед? (Ирм. 17:7).
• Чӣ тавр ҳатто ҳангоми заифу нотавон буданамон мо қувват дошта метавонем? (2 Қӯр. 12:10).
• Ҳатто агар одатҳо ва нуқтаи назари нодуруст дар мо реша давонда бошад ҳам, барои доимо дигаргун кардани худ, чӣ лозим аст? (Эфс. 4:23).
3. Ғайр аз гӯш кардани барнома, мо аз анҷумани махсуси якрӯза боз чӣ манфиат гирифта метавонем?
3 То чӣ андоза манфиат хоҳем гирифт аз шунидани ин фикрҳои муҳими барнома! Илова бар ин, анҷумани махсуси якрӯза ба мисли анҷумани ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба мо имконият медиҳад, ки бо бародарон ва хоҳарони ҷамъомадҳои дигар шинос шавем ва аз муошират хурсандиву тароват гирем (Заб. 132:1–3; 2 Қӯр. 6:11–13). Аз ин рӯ, барои бо дӯстони дерина вохӯрдан ва дӯстони нав пайдо намудан вақт ҷудо кунед. Агар дар анҷумани махсус нотиқи даъватшуда нозири ноҳиявӣ ё бародаре аз Байт-Ил бошад, бо ӯ ва занаш шинос шудан имконияти хеле хуб аст. Мо барои бесаброна интизор шудани анҷумани махсуси омадаистода сабабҳои бисёр дорем!