ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 10.11 саҳ. 2
  • Беҷуръатӣ накун

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Беҷуръатӣ накун
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Маводи монанд
  • Оё фарзандонатон тайёранд?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Оё шумо ба мактаб тайёред?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
Хизмат ба Салтанати Худо 2011
km 10.11 саҳ. 2

Беҷуръатӣ накун

1. Дар кадом вақт далерӣ лозим аст ва барои чӣ?

1 Оё ту ягон бор дар мактаб аз тарси он ки туро масхара мекунанд, худро аз шаҳодатдиҳӣ боздоштаӣ? Албатта барои сар кардани мавъиза далерӣ даркор аст, хусусан агар ту шармгин бошӣ. Чӣ ба ту кӯмак мекунад?

2. Дар мавриди шаҳодатдиҳӣ дар мактаб бомулоҳиза будан чӣ маъно дорад?

2 Бомулоҳиза бош. Ҳарчанд мактаб метавонад барои мавъиза кардани ту имконияти хуб бошад, дар хотир дор, ки ту барои ба ҳар як кас шаҳодат додан вазифадор нестӣ, чӣ тавре ки дар мавъизаи хона ба хона мекунем. Бомулоҳиза бош ва фикр кун, ки кай бояд сӯҳбатро сар кунӣ (Воиз 3:1, 7). Шояд мавзӯи муҳокимаи синф ё вазифаи хонагӣ ба ту имконияти хуб медиҳад, ки дар бораи имонат ба дигарон гап занӣ. Ё шояд ҳамсинфонат пурсанд, ки барои чӣ ту дар баъзе чорабиниҳои мактабӣ иштирок намекунӣ. Баъзе масеҳиён дар аввали соли хониш ба муаллимони навашон мефаҳмонанд, ки онҳо Шоҳиди Яҳува ҳастанд ва ба онҳо адабиётҳоеро медиҳанд, ки дар онҳо дар бораи имони мо гуфта шудааст. Дигарон бошанд, вақте ки бехатар бошад, адабиётро дар рӯи парта мегузоранд, то ки ҳамсинфонашонро ба савол додан барангезанд.

3. Чӣ тавр ту ба шаҳодатдиҳӣ дар мактаб тайёрӣ дида метавонӣ?

3 Тайёр бош. Агар тайёрӣ бинӣ, ту барои сар кардани мавъиза далертар мешавӣ (1 Пет. 3:15). Дар бораи саволҳое, ки шояд ба ту диҳанд ва дар бораи он ки ту ба онҳо чӣ тавр ҷавоб медодӣ, фикр кун (Мас. 15:28). Барои фаҳмидани он ки чӣ гуна ба саволҳое, ки ба ту доданашон мумкин аст, ҷавоб диҳӣ, аз китоби «Музокира» (рус.), «Саволҳои ҷавонон» (рус.) ва аз маълумотҳое, ки дар бораи офаридаҳо нашр шудаанд истифода бар. Агар имконпазир бошад, ҳамроҳи худ Китоби Муқаддасатро ба мактаб бар, то ки агар лозим ояд, ба он муроҷиат кунӣ. Аз волидонат хоҳиш кун, ки ба барномаи ибодати оилавиатон машғулиятҳои амалиро ҳамроҳ кунанд.

4. Чаро ту бояд дар мактаб шаҳодат доданро давом диҳӣ?

4 Мусбӣ бош. Набояд чунин фикр кард, ки ҳамсинфонат туро ҳангоми мавъиза карданат ҳамавақт масхара хоҳанд кард. Баъзеи онҳо шояд аз далерии ту ба ҳайрат оянд ё ҳатто ба суханонат гӯш диҳанд. Лекин, агар касе туро гӯш накунад ҳам, рӯҳафтода нашав. Яҳуваро кӯшишҳои ту хурсанд мекунанд (Ибр. 13:15, 16). Минбаъд низ аз Ӯ кӯмак пурс, то «бо камоли ҷасорат» дар мактаб шаҳодат диҳӣ (Аъм. 4:29; 2 Тим. 1:7, 8). Тасаввур кун, ки чӣ эҳсос мекунӣ, вақте касе ба суханонат гӯш кунад. Кӣ медонад мумкин он шахc бо гузашти вақт ходими Яҳува шавад!

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан