Кӯшиш намоед, ки ба мардон мавъиза кунед
1. Барои дастгирӣ кардани кори Салтанат чӣ муҳим аст?
1 Дар ин рӯзҳои охир кори Салтанат боз ҳам бештар паҳн шуда истодааст. Аз ин рӯ, имрӯз аз ҳарвақта бештар ба мардони рӯҳан баркамол, ки дар ҷамъомад роҳбариро ба даст гирифта метавонанд, талабот зиёд шуда истодааст (Марқ. 4:30–32; Аъм. 20:28; 1 Тим. 3:1–13). Дар якчанд мамлакатҳо хушхабари Салтанатро аз мардон дида, занон бештар қабул мекунанд. Дар баъзе маданиятҳо шавҳарон ӯҳдадории ба фарзандон тарбияи динӣ додан ва ҳалли масъалаҳои рӯҳониро бар дӯши занонашон мегузоранд. Чӣ гуна мо метавонем мардони зиёдтарро барангезем, ки дар бораи муносибаташон бо Худо фикр кунанд ва чӣ тавр ба онҳо кӯмак расонем, то ки дар ибодати ҳақиқӣ бо мо ҳамроҳ шаванд?
2. Кӯшиши Павлус ва Петрус барои ба мардон мавъиза кардан чӣ натиҷаҳои хуб овард?
2 Мавъиза ба мардон. Агар сардори оила ҳақиқатро қабул кунад, аксар вақт ин метавонад ба аъзоёни оила таъсир расонад, то ки онҳо низ дар ибодати ҳақиқӣ ба ӯ ҳамроҳ шаванд. Масалан, вақте ки Павлус ва Сило ба зиндон афтоданд, онҳо ба зиндонбон мавъиза карданд. Сипас он мард ва аҳли оилааш таъмид гирифтанд (Аъм. 16:25–34). Дар натиҷаи мавъизаи Павлус дар Қӯринтус, «Криспус, ки сардори куништ буд, бо тамоми аҳли байташ ба Худованд имон овард» (Аъм. 18:8). Яҳува Петрусро барои мавъиза кардан ба Корнилюси мирисад, ки марди «парҳезгор ва худотарс» буд, истифода бурд. Дар натиҷа Корнилюс бо ҳамроҳи хешовандону дӯстони наздикаш таъмид гирифт (Аъм. 10:1–48).
3. Шумо ба монанди Филиппус ба кадом мардоне, ки аз қабили «ҳукуматдорон» мебошанд, мавъиза карда метавонед?
3 Мавъиза кардан ба мардоне, ки аз қабили «ҳукуматдорон» мебошанд, самари хуб оварда метавонад (1 Тим. 2:1, 2). Масалан, фариштаи Яҳува ба Филиппус гуфт, ки ба марди ҳабашӣ, ки мансаби баландеро ишғол мекард ва «нигаҳбони тамоми хазинаи вай [маликаи Ҳабаш]» буд, мавъиза кунад. Вақте ки Филиппус шунид, ки он мард «китоби Ишаъёи набиро» мехонад, ӯ хушхабарро дар бораи Исо ба ӯ фаҳмонд. Ин марди ҳабашӣ шогирди Исо шуд ва мумкин, ки хушхабарро то ба хона расиданаш, мавъиза мекард. Ҳамчунин Ӯ шояд ба малика ва хизматгоронаш, ки эҳтимол барои шунидани хушхабар имконият надоштанд, мавъиза кард (Аъм. 8:26–39).
4. Чӣ гуна мо метавонем ба мардони зиёдтар хушхабарро расонем?
4 Имконияти ба мардон шаҳодат додан. Мардон бисёр вақт рӯзона дар ҷои коранд. Оё шумо метавонистед, реҷаи худро тавре тартиб диҳед, ки бегоҳ, дар рӯзҳои истироҳатӣ ё дар рӯзҳои ид бештар мавъиза кунед? Мунтазам дар маҳалли корӣ мавъиза карда, шумо имконияти бештар пайдо мекунед, то ба мардоне ки дар хона онҳоро ёфтан душвор аст, мавъиза кунед. Бародарон метавонанд кӯшиши махсус ба харҷ диҳанд, то ки дар ҷои кор ба мардон ба таври ғайрирасмӣ мавъиза кунанд. Ҳангоми мавъизаи хона ба хона, хусусан дар маҳалҳое, ки тез–тез мавъиза карда мешаванд, бародарон метавонанд кӯшиш кунанд, ки бо мардон сӯҳбат кунанд.
5. Агар ба мавъизаи хоҳар ягон мард шавқ пайдо кунад, ӯ бояд чӣ кор кунад?
5 Агар хоҳар мардеро, ки ба хушхабар шавқ зоҳир карда буд, боздид карданӣ бошад, бояд назди ӯ танҳо наояд. Ӯ метавонад бо шавҳари худ ё бо ягон воизи дигар боздид кунад. Вақте ки шахс рӯҳан меафзояд, хеле хуб мебуд, ки ӯро ба бародари ботаҷриба диҳад.
6. Чӣ тавр мо ба Павлуси расул пайравӣ карда, «шумораи бештари одамонро» ба даст орем?
6 Мавзӯъҳои ба мардон шавқоварро интихоб кунед. Павлуси расул шунавандагони худро ба назар мегирифт ва тавре мавъиза мекард, «то ки шумораи бештари одамонро» ба даст оварад (1 Қӯр. 9:19–23). Мо низ бояд фикр кунем, ки кадом мавзӯъҳо ба мардоне, ки дар мавъиза вомехӯрем шавқовар буда метавонанд ва инро ҳангоми тайёрӣ бояд ба назар гирем. Масалан, мардонро масъалаҳое, ки ба вазъияти иқтисодӣ, ҳокимияти хуб ва беҳбудиву бехатарии оила вобастаанд, ба ташвиш меоранд. Инчунин ба онҳо мавзӯъҳо оиди мақсади ҳаёт, ояндаи замин ва чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад шавқовар буда метавонанд. Агар мо дар мавъиза чунин дурандешӣ зоҳир кунем, одамон хушхабари Салтанатро боз ҳам хубтар қабул хоҳанд кард (Мас. 16:23).
7. Чӣ гуна ҳамаи аъзоёни ҷамъомад ба шавҳароне, ки Шоҳиди Яҳува нестанду ба ҷамъомад меоянд, таъсири хуб расонда метавонанд?
7 Кӯмак ба шавҳароне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд. Гарчанд хоҳарони мо бо рафтори намунавии худ ба шавҳаронашон шаҳодати олиҷаноб медиҳанд, дигар аъзоёни ҷамъомад низ метавонанд ба шавҳарони онҳо таъсири хуб расонанд (1 Пет. 3:1–4). Агар хоҳар бо шавҳараш, ки Шоҳиди Яҳува нест ба ҷамъомад ояд ва аъзоёни ҷамъомад ӯро бо дилгармӣ қабул кунанд, ин барои ӯ шаҳодати хуб хоҳад буд. Ба ҷамъомад омадани ӯ шояд нишонаи он бошад, ки ӯ ба ҳақиқат шавқ дорад ва мумкин, ки ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шавад.
8. Чӣ гуна бародарон метавонанд ба шавҳарони хоҳаронамон, ки ба ҳақиқат шавқи кам доранд, хушхабарро мавъиза кунанд?
8 Аз ҷиҳати дигар баъзе шавҳароне, ки дар аввал ба ҳақиқат шавқи кам доштанд, баъдтар бо бародаре, ки онҳо худро озод ҳис мекарданд ба муҳокимаи Китоби Муқаддас розӣ мешуданд. Дар як ҷамъомад, бародарон мақсад гузоштанд, ки як оиларо, ки дар он шавҳари хоҳар Шоҳиди Яҳува нест, хабар гиранд ва бо ӯ дар мавзӯе, ки ба ӯ шавқовар аст, сӯҳбат кунанд. Бо гузашти вақт онҳо дар бораи Худо сӯҳбат мекардагӣ шуданд ва ин мард ҳоло бародари таъмидёфта мебошад. Боз як мисоли дигар. Бародаре ба шавҳари хоҳарамон, ки бо ӯ муносибати хуб дошт, барои дар гирди хона девор сохтан, кӯмак расонд. Бародар бо чунин тарз диққати шахсӣ зоҳир карда, бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддас сар кард (Ғал. 6:10; Фил. 2:4). Агар шумо бародар бошед, оё метавонед мақсад монед, ки ба як ё якчанд шавҳарони хоҳаронамон дар бораи ҳақиқат шаҳодат диҳед?
9. Бародароне ки таълим мегиранд, ба ҷамъомад чӣ манфиат меоранд?
9 Таълим додани бародарон. Мардоне, ки ҳақиқатро қабул мекунанд ва дар хидмати Яҳува ба вазифаҳои гуногун кӯшиш мекунанд, метавонанд чун «бахшоишҳо» дар намуди одамон шаванд, ки қобилияту қуввати худро барои ҷамъомадҳои халқи Яҳува сарф мекунанд (Эфс. 4:8; Заб. 67:19). Чунин мардон ҷамъомадро бо ҷону дил ва кӯшиши зиёд мечаронанд (1 Пет. 5:2, 3). Дар ҳақиқат онҳо барои ҷамъомад баракати бузург мебошанд!
10. Чӣ гуна кӯшиши Ҳанониё барои ба Павлус кӯмак кардан, ба бисёриҳо манфиат овард?
10 Масалан, гарчанд Шоул як вақт таъқибкунандаи масеҳиён буд, баъдтар ӯ «ҳаввории халқҳо» гардид (Рум. 11:13). Аз барои ҳамин Ҳанониё дар аввал намехост, ки ба Шоул мавъиза кунад. Лекин ба ин нигоҳ накарда, Ҳанониё ба суханони Ҳазрати Исо гӯш дод ва ба назди марде, ки баъдтар Павлуси расул гашт, рафт. Бо гузашти солҳо, ба туфайли хизмати Павлус ҳазорон одамон хушхабари Салтанатро шуниданд ва миллионҳо одамон бошанд, имрӯз номаҳои илҳомбахшидаи ӯро, ки дар қатори Каломи Худо дохил шудаанд, мехонанд (Аъм. 9:3–19; 2 Тим. 3:16, 17).
11. Чаро мо бояд барои ба мардон мавъиза кардан, тамоми дигаргуниҳои заруриро ба амал орем?
11 Биёед, барои ҳамин дигаргуниҳои заруриро ба амал оварда, кӯшиш намоем, ки ба мардон мавъиза кунем. Ба ин мақсад кӯшиш карда, мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ҷидду ҷаҳди моро дар иҷрои иродаи Ӯ ва дастгирӣ намудани кори Салтанат, баракат медиҳад.