Чӣ гуна ба ҳамсаре, ки Шоҳиди Яҳува нест барои қабул кардани ҳақиқат кӯмак расонем?
1. Ғайр аз воизоне, ки ҳамсарашон Шоҳиди Яҳува нест, боз киҳо мехоҳанд, ки ҳамсари онҳо ҳақиқатро қабул кунанд?
1 Оё дар ҷамъомади шумо воизоне, ки ҳамсарашон Шоҳиди Яҳува нест, ҳастанд? Агар чунин воизон бошанд, бешубҳа онҳо мехоҳанд, ки ҳамсарашон дар ибодати ҳақиқӣ ба онҳо ҳамроҳ шаванд. Лекин на танҳо онҳо чунин хоҳиш доранд. Тамоми ҷамъомад мисли Худо мехоҳад, «ки ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:4). Пас, чӣ гуна мо ба чунин ҳамсарон барои қабул кардани ҳақиқат кӯмак расонда метавонем?
2. Чӣ гуна дурандешӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба ҳамсари ҳамимоннабуда диққат намоем?
2 Якум, мо бояд ба ҳама чиз аз рӯи нуқтаи назари ҳамсаре, ки Шоҳиди Яҳува нест, нигарем. Бисёр ҳамсарони ҳамимоннабуда оилаи худро дӯст медоранд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳамсар ва волиди хуб бошанд. Мумкин онҳо самимона дини дигарро пайравӣ кунанд. Ва шояд онҳо дар бораи Шоҳидони Яҳува хеле кам медонанд, ё аз одамоне маълумот гирифтаанд, ки дар бораи мо чизе намедонанд ё ин ки нисбати мо ягон гумони бад доранд. Баъзеҳо аз он ба қаҳр омада метавонанд, ки вақтеро ки ҳамсарашон пеш ба оила сарф менамуд, ҳоло ба ибодат сарф мекунад. Дурандешӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки бо онҳое ки Шоҳиди Яҳува нестанд бо меҳрубониву эҳтиром муносибат кунем ва ҳангоми дар назди онҳо будан худро озод ҳис кунем (Мас. 16:20–23).
3. Тарзи беҳтарини ба ҳақиқат моил намудани ҳамсарони ҳамимоннабуда, одатан кадом аст?
3 Таваҷҷӯҳи шахсии мо. Тарзи беҳтарине, ки бо он ҳамсари ҳамимоннабударо ба ҳақиқат моил карда метавонем — одатан дар аввал на ба воситаи муҳокимаи Китоби Муқаддас аст, балки бо рафтор (1 Пет. 3:1, 2). Дар ин маврид хеле муҳим аст, ки таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир кунем. Хоҳарони ҷамъомад метавонанд ба зани ҳамимоннабуда ва бародарон бошанд ба шавҳар таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд. Чӣ тавр?
4. Чӣ тавр мо таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир намуда метавонем?
4 Агар шумо ҳоло бо ҳамсари ҳамимоннабуда шинос набошед, шояд пешакӣ бо ҳамсари масеҳӣ ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи ӯ фаҳмед. Агар ҳамсари ҳамимоннабуда дар аввал бепарво бошад, аз ин рӯҳафтода нашавед. Муносибати дӯстона ва таваҷҷӯҳи шахсии мо метавонад назари ӯро оиди Шоҳидони Яҳува беҳтар гардонад (Рум. 12:20). Баъзе масеҳиёни баркамол бо мақсади хубтар шинос шудан ва бартараф кардани ҳар бадгумонӣ, ҳамсари ҳамимоннабударо бо оилааш ба хӯроки шом даъват намуданд. Онҳо бо ӯ оиди он чизе ки ба вай шавқовар аст гап мезаданд, на ин ки кӯшиш мекарданд, ки дар мавзӯи рӯҳонӣ сӯҳбат кунанд. Баъдтар, вақте ки ҳамсари ҳамимоннабуда ба шумо одат мекунад, метавонед дар мавзӯи рӯҳонӣ сӯҳбат кунед. Ё шояд ӯ даъвати шуморо барои ташриф овардан ба яке аз ҷамъомадҳо қабул кунад ва дида тавонад, ки занаш чиро омӯхта истодааст, хусусан вақте ки вай аллакай баъзе аъзоёни ҷамъомадро медонад. Ҳатто агар вай ба фаҳмидани ҳақиқат тайёр набошад ҳам, албатта метавонем ӯро барои дастгирӣ намудани зани масеҳиаш, таъриф кунед.
5. Чӣ гуна пирон ба ҳамсари ҳамимоннабуда барои қабул кардани ҳақиқат кӯмак расонда метавонанд?
5 Махсусан пирони ҷамъомад метавонанд ба ҳамсари ҳамимоннабуда ёрӣ расонанд ва имконияти шаҳодат доданро аз даст надиҳанд. Вақте ки ҳамсари ҳамимоннабуда сахт бемор мешавад, шояд вай мавзӯъҳои рӯҳониро хубтар гӯш кунад. Барои ҳамин, пирон метавонанд барои хабаргирии ӯ ба беморхона ё хонааш раванд. Ё ин ки агар дар оила нохушие рӯй дода бошад, масалан агар ягон аъзои оила ё наздиконашонро аз даст дода бошанд, пироне ки барои дилбардории оила омадаанд, метавонанд ҳамсари ҳамимоннабударо даъват кунанд, ки ба онҳо ҳамроҳ шавад.
6. Аз рӯи кадом сабаб мо бояд ба ҳамсари ҳамимоннабуда барои қабул кардани ҳақиқат кӯмак расонем?
6 Тасаввур кунед, ки агар ҳамсари ҳамимоннабудаи бародар ё хоҳарамон ҳақиқатро қабул кунад, то чӣ андоза ӯ хурсанд хоҳад шуд! Аз ин ҳамчунин Яҳува, фариштагон ва тамоми ҷамъомад хеле шод мегарданд (Луқ. 15:7, 10). Лекин агар ин шахс дар аввал моил нашавад ҳам, мо хурсандем, ки Яҳува кӯшиши моро ба назар мегирад, зеро Ӯ «намехоҳад, ки касе нобуд шавад, балки ҳама ба тавба рӯ оваранд» (2 Пет. 3:9).
[Ихтисор дар саҳифаи 8]
Тарзи беҳтарине, ки бо он ҳамсари ҳамимоннабударо ба ҳақиқат моил карда метавонем — одатан дар аввал на ба воситаи муҳокимаи Китоби Муқаддас аст, балки бо рафтор