Вақтатонро дар хидмат ҳарчи беҳтар истифода намоед
1 Ҳанӯз корҳои зиёде дар хидматамон ҳастанд, ки бояд иҷро шаванд ва вақти барои ин кор боқимонда торафт камтар мегардад (Юҳ. 4:35; 1 Қӯр. 7:29). Бо созмондиҳиву банақшагирии хуб мо метавонем вақти ҳарчи бештаре дар хидмат гузаронем.
2 Тайёр бошед. Пеш аз рафтан ба хидмати мавъиза, мутмаин гардед, ки адабиёти лозимаро бо худ гирифтаед ва пешниҳодатонро хуб дар хотир доред. Баъд аз хотима ёфтани вохӯрии пеш аз мавъиза, рост ба хидмат равед. Ин ба шумо ва ҳамкоронатон ёрӣ медиҳад, ки вақти аз рӯи имконият ҳарчи бештареро барои хидмати мавъиза сарф намоед.
3 Агар шуморо барои бурдани вохӯрии пеш аз мавъиза таъин карда бошанд, онро дар вақташ сар кунед. Вохӯриро кӯтоҳ гузаронед — на бештар аз 10–15 дақиқа. Пеш аз он ки гурӯҳро ҷавоб диҳед, боварӣ ҳосил кунед, ки ҳар яке бо кӣ ва ба куҷо ба хидмат рафтанашро медонад.
4 Ҳангоми хидмат. Вақте ки вохӯрии пеш аз мавъиза анҷом меёбад, бе лозимият дар он ҷо таъхир накунед, балки барои хидмат ба роҳ афтед. Агар шумо минтақаро барвақттар тарк карданӣ бошед, шояд битавонед, ки барои худ нақлиёт ёбед, то боқимондаи гурӯҳ барои барвақттар тарк намудани хидмат маҷбур набошад. Ҳангоми ҳамкорӣ бо гурӯҳ, ба онҳое ки ба хотимаи сӯҳбататон мунтазиранд, бодиққат бошед, яъне шахси баҳскунанда ё онеро, ки барояш вақти дигар боздид карданиед, боадабона тарк намоед — Мат. 10:11.
5 Ҳангоми боздидҳо, шумо метавонед вақтро дар роҳ беҳуда сарф накарда, ба онҳое ки дар наздикӣ зиндагӣ мекунанд, пеш аз дидор занг занед. Дар байни онҳо шояд шахсоне бошанд, ки шумо занг зада, боварӣ ҳосил мекунед, ки дар хона ҳастанд (Мас. 21:5). Агар шумо дар он ҷо вақти зиёдтар монданӣ бошед, шояд касони дигари гурӯҳ битавонанд, ки дар наздикӣ мавъиза кунанд, ё боздиди дигар намоянд.
6 Мо дар замони дарави бузурги рӯҳонӣ зиндагӣ мекунем (Мат. 9:37, 38). Ин дарав ба қарибӣ анҷом меёбад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳангоми хидмат хоҳиши хуб истифода кардани вақтамонро дошта бошем.