Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
Барои он ки мо ба воситаи Китоби Муқаддас бо одамон сӯҳбатҳои натиҷаовар дошта бошем, ба мо тайёрии хуб лозим аст. Бодиққат мулоҳиза кунед, ки чӣ гуна шумо саволҳо ва оятҳои дар поён овардашударо дар сӯҳбатҳоятон ба кор бурда метавонед. Он вариантеро интихоб кунед, ки ба фикри шумо ба маҳаллатон аз ҳама беҳтар мувофиқ мебошад. Дар охир пешниҳодатонро машқ кунед. Агар шумо пешниҳоду оятҳои дигарро истифода бурданӣ бошед, метавонед истифода баред. (Ба «Хидмат ба Салтанати Худо» (рус.), январи с. 2005, саҳ. 8, сарх. 5 ва сентябри с. 2001, саҳ. 1, сарх. 2 нигаред.)
◼ Имрӯз аксари волидон кӯшиш мекунанд, ки ба фарзандонашон ахлоқи баландро тарбия диҳанд. Ба фикри шумо оё ин муҳим аст?
Масалҳо 22:6 — Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳад, ки кӯдакро аз хурдиаш бояд тарбия кунем.
Луқо 2:51, 52 — Намунаи олиҷаноби Исо ба волидон кӯмак мерасонад, ки ба фарзандашон итоаткориро таълим диҳанд.
◼ Забур 36:9–11-ро хонед ё аз ёд гӯед ва пурсед: «Ба фикри шумо, вақте ки ин суханон иҷро мешаванд дар ҷаҳон чӣ гуна шароит хоҳад буд?»
1 Юҳанно 5:19 — Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки барои чӣ дар ҷаҳон имрӯз бадкориҳо хеле зиёданд.