Пешниҳодот барои мавъиза
◼ “Бисёриҳо фикр мекунанд, ки динҳои ҷаҳон роҳҳои гуногуне мебошанд, ки сӯи як Худо мебаранд. Шумо чӣ фикр мекунед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Диққат диҳед, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд. [Еҳушаъ 24:15-ро хонед.] Барои санҷидани он ки оё динамон моро сӯи Худои ҳақиқӣ мебарад ё не, сабабҳои ҷиддие вуҷуд доранд.” (Маълумоти иловагиро дар ин бора аз мақолаи маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), 1 июни с. 2009, ки аз саҳифаи 12 сар мешавад, метавон ёфт.)
◼ “Ҳамаи мо шахсони наздикамонро аз даст додаем. Ба фикри шумо, оё мо аз он ки баъзеи онҳо аз қаҳр ба мо осеб расонда метавонанд, бояд тарсем? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Воиз 9:5, 6-ро хонед.] Дар ин бора шумо аз Китоби Муқаддас бисёр фикрҳои тасаллибахшро ёфта метавонед.” (Ба мақолаи маҷаллаи «Бедор шавед!»-и (рус.), моҳи июни с. 2009, ки аз саҳифаи 22 сар мешавад, нигаред.)
◼ “Бисёр одамоне, ки Китоби Муқаддас доранд, онро хеле душворфаҳм меҳисобанд. Оё шумо низ чунин фикр мекунед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Мувофиқи ин оят Муаллифи Китоби Муқаддас мехоҳад, ки мо Каломи Ӯро хуб донем ва аз он манфиат гирем. [Забур 118:130-ро хонед.] Ба баъзе маслиҳатҳое, ки ба мо барои фаҳмидани Китоби Муқаддас кӯмак мерасонанд, диққат диҳед.” (Ба маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» (рус.), аз 1 июни с. 2009 нигаред.)
◼ “Бисёр одамон имрӯз гирифтори афсурдаҳолӣ мебошанд. Ба фикри шумо, оё шахсан Худо ба онҳое ки аз ҷиҳати эҳсосӣ азоб мекашанд, таваҷҷӯҳ мекунад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Забур 33:19-ро хонед.] Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки чӣ тавр афсурдаҳолон ба табобати тиббӣ мӯҳтоҷ бошанд ҳам, метавонанд аз Худо кӯмак гиранд. Дар он боз маслиҳатҳое оварда шудаанд, ки чӣ гуна мо метавонем онҳоро тасаллӣ диҳем.” (Ба маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.), аз моҳи июли с. 2009 нигаред.)