Пешниҳодоти намунавӣ
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи июн
«Ҳамаи мо наздикон ё дӯстоне дорем, ки фавтидаанд. Оё шумо умед доред, ки онҳоро боз мебинед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар Китоби Муқаддас нақл карда мешавад, ки як дӯсти Исо, Лаъзор фавтида буд. Ба ин сӯҳбати тасаллибахши Исо ва хоҳари Лаъзор, Марто, диққат диҳед. [Юҳанно 11:23, 24-ро хонед.] Бинед, ки Исо чӣ кор кард. [Юҳанно 11:43, 44-ро хонед.] Ӯ дар ҳақиқат Лаъзорро аз нав зинда кард! Ба монанди Марто, ҳамаи хизматгорони содиқи Худо ҳамеша боварӣ доштанд, ки Худо мурдагонро аз нав дар рӯи замин зинда мекунад». Бо шахс маслиҳат кунед, ки бо ӯ вохӯрда ҷавоби саволи зеринро муҳокима хоҳед кард: Фавтидагон дар кадом ҳолатанд?
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ «Зиндагии бисёриҳо нӯг ба нӯг аст, баъзеҳо бошад, ҳатто чизи барои ҳаёт заруриро надоранд. Ба фикри шумо оё замоне мешавад, ки дар он касе камбағал нахоҳад буд?»
Забур 9:19 — Худо ҳолати камбағалонро мебинад.
Дониёл 7:14 — Китоби Муқаддас дар бораи подшоҳе нақл мекунад, ки қудрати то абад нест кардани камбағалиро дорад.
◼ «Имрӯзҳо терроризм проблемаи умумиҷаҳонӣ гаштааст. Ба фикри шумо барои ҳал кардани ин проблема чӣ ёрӣ расонда метавонад?»
Ибриён 4:12 — Таълимоти Китоби Муқаддас метавонад ба ҳаёти инсон таъсири сахт расонда, ӯро дигар кунад.
Юҳанно 13:34, 35 — Исо–пайғамбар гуфта буд, ки шогирдони ҳақиқии ӯ якдигарро дӯст хоҳанд дошт.