Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи июн
Олимони зиёд тасдиқ мекунанд, ки танҳо дар сайёраи мо яъне дар Замин барои зиндагӣ шароити хеле мувофиқ вуҷуд дорад. Ба фикри шумо бо кадом ният Худо чунин сайёраро офарид? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Аҳамият диҳед, ки дар ин ҷо чӣ навишта шудааст. [Ишаъё 45:18-ро хонед.] Худо заминро на бо мақсади нобуд кардан, балки барои дар он зистан офарид. Мо метавонем дар он абадан ва хушбахтона зиндагӣ кунем. [Забур 36:29-ро хонед.] Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Оё ранҷу азоб низ мақсади Худо буд?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Ҳар сол аз сабаби сигоркашӣ қариб 6 000 000 одамон вафот мекунанд. Ба фикри шумо барои кам кардани ин эпидемия ягон илоҷе ҳаст?
2 Тимотиюс 3:16, 17 — Бисёр одамон дар бораи хислатҳо ва ниятҳои Худо ҳақиқатро фаҳмида, ҳаёти худро иваз карда тавонистанд.
1 Қӯринтиён 10:24 — Ин ояти Китоби Муқаддас баъзе касонро барангехт, ки дар бораи ба дигарон таъсир кардани сигоркашӣ фикр кунанд.
◼ Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба одамон имконият медиҳанд, ки шумораи ҳар чӣ бештари ба ном дӯстонро ёбанд. Ба фикри шумо аз ҳама хислати муҳими дӯсти ҳақиқӣ кадом аст?
Яъқуб 1:19 — Ин аст яке аз маслиҳатҳои амалие, ки оиди дӯстӣ дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст.
Яъқуб 3:2 — Фаҳмидани дӯстон ба мо кӯмак мекунад, ки ба хатогиҳо ва камбудиҳои ночизи онҳо, ки моро асабонӣ карда метавонанд, эътибор надиҳем.