Пешниҳодоти намунавӣ
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи июл
«Ба фикри шумо, оё рӯзе мешавад, ки дар тамоми рӯи замин фақат як ҳокимият роҳбарӣ хоҳад кард? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар ояти зерини Китоби Муқаддас ҷавоби ин савол дода шудааст. [Дониёл 2:44-ро хонед.] Дар ин оят Салтанати Худо — ҳокимияти осмонӣ аст. Ин Салтанат ба ҷои тамоми ҳокимиятҳо мешавад ва иродаи Худоро ҳам дар осмон ва ҳам дар замин иҷро мекунад. Аммо Cалтанат бояд подшоҳ дошта бошад. Худо киро подшоҳ интихоб кардааст? Диққат диҳед, 2 000 сол пеш одамон ба Исо–пайғамбар чӣ гуфта буданд. [Луқо 19:38-ро хонед.] Ҳамин тавр, Худо Исоро подшоҳи Салтанати худ таъин кардааст». Дар бораи вохӯрии навбатӣ ва муҳокима кардани саволи зерин маслиҳат кунед: «Чаро Исо ҳокими беҳтарин аст?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Бисёр одамон баъзан чунин савол медиҳанд: «Оё ҳаёт ягон маъно дорад?» Оё шумо ягон бор дар бораи ин савол андеша кардаед?
Воиз 2:24 — Вақте ки мо боғайратона ва боинсофона кор мекунем, мо то андозае қаноатмандӣ гирифта метавонем.
Воиз 12:1 — Агар Офаридгор дар ҳаёти мо дар ҷои аввал бошад, ҳаёти мо маънои ҳақиқӣ пайдо мекунад.
◼ Баъзе одамон мегӯянд, ки ранҷу азоб аз тарафи Худо аст. Ба фикри шумо чӣ?
Ишаъё 63:9 — Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки дили Худо нисбати онҳое ки ранҷу азоб мекашанд месӯзад.
1 Юҳанно 5:19 — Яке аз сабабҳои ҳамаи ранҷу азобҳо ин таъсири Шайтон аст.