Пешниҳодоти намунавӣ
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар рӯзи шанбеи якуми моҳи май
«Оё шумо ягон бор фикр кардаед, ки барои чӣ Худо ба бадӣ ва ранҷу азоб роҳ медиҳад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Мехостам, ки ба шумо дар ин бора як фикри аҷоибро нишон диҳам. [Юҳанно 8:44-ро хонед.] Мувофиқи ин оят Шайтон чун шахсияти бад офарида нашуда буд. Вақте ки Шайтон якумин дурӯғро дар боғи Адан гуфта буд, аз ҳамон вақт бадӣ сар шуд. Бо ин ӯ зидди Худо баромад. Аксари одамон ба ӯ ҳамроҳ шуда, Худоро чун ҳоким рад кардаанд. [Ваҳй 12:9-ро хонед.] Бо шахс маслиҳат кунед, ки бо ӯ вохӯрда, саволи зеринро муҳокима хоҳед кард: Оё офаридаҳои Худо камбудӣ доштанд?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Ба фикри шумо, оё одамони пир ягон вақт аз нав ҷавон мешаванд?
Айюб 33:25 — Ин ваъдаро Худо ба Айюб–пайғамбар дода буд.
Айюб 42:12 — Худо ваъдаи ба Айюб–пайғамбар додаашро иҷро кард ва Ӯ ваъдаашро нисбати ҳамаи онҳое ки ба Ӯ наздик мешаванд, амалӣ мегардонад.
◼ Шумо чун шахси ҷавон чӣ фикр доред, оё дӯсти хуб доштан муҳим аст?
Масалҳо 17:17 — Худро аз дигарон дур кашидан ба мо манфиат намеорад.
Масалҳо 13:20 — Мо бояд дӯстонамонро хирадмандона интихоб кунем.