Як роҳи истифода бурдани брошураи «Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он»
Бисёр одамони маҳалли мо бо Китоби Муқаддас шинос нестанд. Ҳангоми бо чунин шахсон тавассути китоби «Таълимот» омӯзиш гузарондан баъзе воизон ҳамчунин аз брошураи «Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он» истифода мебаранд, то ки омӯзандагонашон дар бораи Китоби Муқаддас тасаввурот пайдо кунанд. Масалан, як бародар ҳангоми муҳокима кардани боби 3–юми китоби «Таълимот» қисми якуми он брошураро истифода мебарад. Сипас дар охири ҳар як омӯзиш ӯ як қисми он брошураро муҳокима мекунад. Оё шумо бо шахсе омӯзиш мекунед, ки дар бораи Китоби Муқаддас кам медонад ё тамоман бо он шинос нест? Шумо метавонед дар фаҳмидани Навиштаҳои Муқаддас, ки «барои наҷот ёфтан» ҳикмат мебахшанд, ба ӯ кӯмак кунед (2 Тим. 3:15). Барои ин, фикр кунед, ки оё ғайр аз маълумоти китоби «Таълимот», инчунин дида баромадани брошураи «Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он» барои ӯ фоиданок мебуд ё не?