Ин варақаро нигоҳ доред
Оё шумо ин брошураҳоро истифода мебаред?
Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
Барои онҳое тайёр карда шудааст, ки бо Китоби Муқаддас хуб шинос нестанд, махсусан барои онҳое, ки ба динҳои ғайримасеҳӣ тааллуқ доранд
Чӣ тавр онро пешниҳод кардан мумкин аст: «Мо мехостем фикри шуморо дар бораи он чизе ки дар ин ояти Китоби Муқаддас оварда шудааст, фаҳмем. [Забур 36:11-ро, ки қисми 11-уми брошура ба он ишора мекунад, хонед.] Ба фикри шумо вақте ки ин пешгӯӣ иҷро мешавад, замин чӣ гуна хоҳад шуд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Ин танҳо як оятест дар бораи умед ва тасаллие, ки одамони ҳар гуна дину маданиятҳо аз Китоби Муқаддас ёфта метавонанд». Сархати аввалини саҳифаи 3-ро хонда, брошураро пешниҳод кунед.
Метавонед ин тарзро истифода баред: Агар шумо ба воситаи китоби «Таълимот» бо шахсе ки аз дини ғайримасеҳӣ мебошад, омӯзиш гузаронед, дар аввал ё охири он якчанд дақиқаро барои дида баромадани қисми якуми ин брошура ҷудо кунед ва ба ӯ дар бораи Китоби Муқаддас маълумоти кӯтоҳе диҳед.
Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
Барои онҳое тайёр карда шудааст, ки саводи кам доранд ё нағз хонда наметавонанд
Чӣ тавр онро пешниҳод кардан мумкин аст: «Ба фикри шумо, оё мо метавонем дӯсти Худо шавем? [Баъд аз ба ҷавоб гӯш додан Яъқуб 2:23-ро хонед.] Ин брошура ба мо кӯмак мекунад, ки ба мисли Иброҳим дӯсти Худо шавем».
Метавонед ин тарзро истифода баред: Дар вақти ташрифи якум ё ҳангоми боздид дарси якумро қисман ё пурра муҳокима карда, нишон диҳед, ки чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронида мешавад.
Ҳидояти Худо роҳнамои Биҳишт аст
Барои мусулмононе тайёр карда шудааст, ки метавонанд озодона Китоби Муқаддасро омӯзанд.
Чӣ тавр онро пешниҳод кардан мумкин аст: «Ман медонам, ки мусулмонон ба Худои ягонаи ҳақиқӣ ва ба ҳамаи пайғамбарон имон доранд. Оё ин дуруст аст? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Хоҳиш дорам бо шумо дар бораи пешгӯии қадимие сӯҳбат кунам, ки дар он оиди ба биҳишт табдил ёфтани замин гуфта шудааст. Мехостам ба шумо он чизеро ки пайғамбар навиштааст, хонам. [Ишаъё 11:6–9-ро хонед.] Бисёриҳо танҳо аз фикри он ки чӣ тавр Худо чунин дигаргуниҳоро дар замин ба амал меорад, ба ҳайрат меоянд. Дар ин брошура оварда шудааст, ки пайғамбарон дар ин мавзӯъ чӣ гуфтаанд».
Метавонед ин тарзро истифода баред: Агар соҳибхона брошураро гирад, чунин гӯед: «Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки дар ибтидо одам дар биҳишт зиндагӣ мекард. Ҳангоми сӯҳбати навбатиамон мехостам ба ин савол ҷавоб диҳам: “Чӣ тавр одам аз ҳидояти Худо рӯ гардонда, биҳиштро аз даст дод?” Вақти боздид аввали боберо, ки аз саҳифаи 6 сар мешавад, муҳокима кунед.
Имони ҳақиқи
Барои мусулмононе тайёр карда шудааст, ки метавонанд озодона Китоби Муқаддасро омӯзанд.
Чӣ тавр онро пешниҳод кардан мумкин аст: Расми саҳифаҳои 16 ва 17-ро нишон дода, гӯед: «Ин расм аз он чизе ки мо имрӯз дар ҷаҳон мебинем, хеле фарқ мекунад. Ба фикри шумо, оё чунин шуда метавонад, ки ягон рӯз ҷаҳон ин хел шавад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Аҳамият диҳед, ки Каломи Худо чӣ ваъда медиҳад. [Яке аз оятҳои овардашударо аз Китоби Муқаддас хонед.] Ин брошура ба мо ёрдам мекунад, ки ба иҷро шудани чунин ваъдаҳо имони ҳақиқиро дар худ инкишоф диҳем.
Метавонед ин тарзро истифода баред: Дар охири ташрифи якум аз соҳибхона хоҳиш кунед, ки яке аз саволҳои дар охири брошура овардашударо интихоб кунад. Баъд гапзанон кунед, ки ҳангоми дафъаи дигар омаданатон ҷавобро аз брошура бо ӯ муҳокима мекунед.