Пешниҳодоти намунавӣ
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи декабр
«Шумо албатта розӣ мешавед, ки ҳар як шахс мехоҳад, ки дӯст дошта бошад. Кадом хислатро шумо дар дӯстатон хеле қадр мекунед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дӯстонамон ба дили мо таъсири сахт расонида метавонанд. Пас, барои худ дӯст интихоб карда мо нишон медиҳем, ки чӣ гуна шахс мешавем. [Масалҳо 13:20–ро бихонед.] Пайғамбар Довуд дар интихоби оқилонаи дӯстон намунаи хуб гузоштааст. [Забур 25:4, 5–ро бихонед.]» Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Дӯсти хуб ба шумо чӣ гуна манфиат оварда метавонад?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Ба фикри шумо, барои чӣ рӯзҳои охир офатҳои табиӣ бисёр рӯй медиҳанд?
Матто 24:7, 8 — Дар Китоби Муқаддас дар бораи замоне пешгӯӣ шудааст, ки дар он офатҳои табиӣ бисёр рӯй медиҳанд.
Марқӯс 4:37–41 — Исо–пайғамбар қудрат дорад, ки ба офатҳои табиӣ хотима бахшад.
◼ Баъзе одамон мегӯянд, ки дунё соли 2012 ба охир мерасад. Шумо дар ин бора чӣ фикр мекунед?
Воиз 1:4 — Китоби Муқаддас мегӯяд, ки замин то абад меистад.
Масалҳо 2:21, 22 — Он вақте, ки Худо одамони бадро аз замин нест мекунад, наздик аст.