Дар маҳаллҳои корӣ далерона шаҳодат диҳед
1. Агар мавъиза кардан дар маҳаллҳои корӣ воҳиманок тобад, чаро мо набояд рӯҳафтода шавем?
1 Вақте ки оиди дар маҳаллҳои корӣ мавъиза кардан фикр мекунед, оё шуморо тарсу ваҳм фаро мегирад? Агар чунин бошад, рӯҳафтода нашавед, зеро ҳатто ба Павлуси далеру нотарс лозим буд, ки Худо ӯро барои шаҳодатдиҳӣ қавӣ гардонад (1 Тас. 2:2). Албатта, ҷасурӣ зоҳир намуда, мо бояд маслиҳати Исоро дар хотир нигоҳ дорем, ки дар Матто 10:16 омадааст: «Мисли морон зирак... бошед». Дар поён баъзе вазъиятҳое омадаанд, ки ба маҳаллҳои корӣ хосанд ва онҳо бисёриҳоро ба ташвиш меоранд. Ҳамчунин барои ҳал кардани онҳо маслиҳатҳои амалӣ оварда шудаанд.
2. Чаро мо набояд чунин фикр кунем, ки ба коргарон халал мерасонем?
2 Оё мо ба онҳо халал намерасонем? Дар бисёр маҳаллҳои корӣ вазифаи коргарон аз хизматрасонӣ иборат аст, барои ҳамин онҳо интизоранд, ки одамон ба онҳо муроҷиат хоҳанд кард. Онҳо бисёр вақт бо шумо муомилаи хуб хоҳанд кард, чунки шояд шуморо яке аз мизоҷони (клиент) худ ҳисобанд. Сару либоси шоиста ва хушмуомилагии шумо барои ба даст овардани эҳтироми онҳо мусоидат хоҳад кард.
3. Чӣ кор карда метавонем то ба мизоҷон халал нарасонем?
3 Оё дар назди мизоҷони зиёд мавъиза кунам? Дар назди мизоҷони зиёд мавъиза кардан аз рӯи хирад нест. Вақтеро интихоб кунед, ки дар дӯкону мағозаҳо одамон камтаранд. Бо фурӯшанда ҳамон вақт сӯҳбатро сар кунед, ки дар наздаш касе набошад. Бо ӯ кӯтоҳ сӯҳбат кунед.
4. Ҳангоми дар маҳаллҳои корӣ мавъиза кардан чӣ гуфта метавонем?
4 Чӣ бояд гуфт? Агар коргарон якчанд нафар бошанд, бо ҳамоне ки масъулияти зиёдтар дорад, сӯҳбат кунед. Шумо чунин гуфта метавонед: «Имрӯз одамони коргарро дар хона ёфтан осон нест. Барои ҳамин, мо ба ҷои коратон омадем, то бо шумо сӯҳбат кунем. Ман вақти зиёди шуморо намегирам, зеро медонам, ки ин соати кории шумо аст». Вобаста аз ҷои мавъизаатон, агар бехатар бошад, шумо метавонед аз сардори корхона иҷозат пурсида, бо коргаронаш кӯтоҳ сӯҳбат кунед. Агар коргар банд бошад, боз ҳам кӯтоҳтар сӯҳбат кунед.
5. Барои он ки бо далерӣ дар маҳаллҳои корӣ мавъиза кунем, кадом сабабҳо вуҷуд доранд?
5 Исо ва Павлус дар ҷои кори одамон далерона мавъиза мекарданд, шумо низ мисли онҳо амал карда метавонед (Мат. 4:18–21; 9:9; Аъм. 17:17). Аз Яҳува кӯмак пурсед, ки ба шумо оромӣ ва ҷасорат бахшад (Аъм. 4:29). Баъзе одамонро дар хона неву дар ҷои корашон ёфтан мумкин аст. Пас, биёед кӯшиш намоем, то аз ин хизмати самаранок истифода барем!