Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи феврал
«Бисёр одамон фикр мекунанд, ки дар паси ҳама бадие, ки дар ҷаҳон аст, Иблис меистад. Вале онҳо ба ҳайрат омада, мегӯянд: “Иблис аз куҷо пайдо шуд?” Шумо оиди ин чӣ фикр доред? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Аҳамият диҳед, ки дар ин ҷо чӣ навишта шудааст. [Юҳанно 8:44-ро хонед.] Пайғамбар Исо онро дар назар дошт, ки замоне Иблис росткор ва беайб буд. Дар аввал ӯ фариштаи хуб буд. Вале баъдтар ин фаришта хост, ки ӯро ибодат кунанд. [Матто 4:8, 9-ро хонед.]» Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Чӣ гуна Иблис то ҳол таъсири бади худро ба одамон мерасонад?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Пайғамбар Мусоро масеҳиён, яҳудиён ва ҳамчунин мусулмонон хеле эҳтиром мекунанд. Ба фикри шумо, ӯ чӣ гуна шахс буд?
Ибриён 11:27 — Пайғамбар Мусо имони хеле қавӣ дошт.
Румиён 10:17 — Мо имони худро ба воситаи омӯхтани Навиштаҳо мустаҳкам карда метавонем.
◼ Имрӯзҳо дар ҷустуҷӯи ҳаёти беҳтар ба давлати дигар муҳоҷират кардани одамон чизи муқаррарие гаштааст. Ба фикри шумо, оё ҳамаи онҳо ба орзуи худ мерасанд?
Ҳастӣ 46:5, 6 — Муҳоҷират як чизи наве нест.
Забур 71:12–14 — Худо ният дорад, ки ба воситаи ҳукумати осмониаш мӯҳтоҷиву камбағалиро бартараф созад.