Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи феврал
«Одамоне ки мо бо онҳо ҳамсӯҳбат мешавем, нисбати Китоби Муқаддас фикру андешаҳои гуногун доранд. Баъзеҳо боварӣ доранд, ки ин Каломи Худост, дигарон фикр мекунанд, ки он тағйир дода шудааст. Шумо дар бораи Китоби Муқаддас чӣ фикр доред? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Аниқ аст, ки ҳеҷ кас Каломи Худоро иваз карда наметавонад. [Ишаъё 40:8-ро хонед.] Мо медонем, ки Китоби Муқаддас аз ҷониби Худост, зеро он ояндаро аниқ пешгӯӣ мекунад. Ҳеҷ кас чунин корро худаш карда наметавонад. Биёед, мисолеро аз китоби Ишаъё дида мебароем. [Ишаъё 13:19, 20-ро хонед.] Дар замони қадим Бобил шаҳри хеле тараққикарда буд, ба монанди шаҳрҳои Ню–Йорк ва Москва. Ҳатто агар чунин шаҳр харобазор гардад ҳам, шумо ба барқарор гаштани он, шубҳа намекунед. Гарчанд дигар шаҳрҳои қадимӣ то рӯзҳои мо вуҷуд доранд, вале Бобил чӣ тавре ки Ишаъё пешгӯӣ карда буд, то ҳол харобазор аст». Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Чӣ гуна Китоби Муқаддас дар ҳалли мушкилиҳо ёрӣ мерасонад?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼Бисёр одамон мехоҳанд, ки ба ҷангҳо хотима бахшанд. Ба фикри шумо дунёи бе ҷанг имконпазир аст?
Матто 24:7 — Дар Китоби Муқаддас оиди ин вақтҳои нотинҷ пешгӯӣ шуда буд.
Забур 45:10 — Ин ваъдаи тасаллибахш дар Навиштаҳо гуфта шудааст.
◼Ба назар чунин менамояд, ки барои иҷро кардани ҳамаи корҳоямон ҳеҷ гоҳ вақт намерасад. Ба фикратон сабаб дар чист? Оё сабаб дар бисёр будани корамон аст ё ки дар беҳуда сарф кардани вақти худ?
Воиз 10:10 — Барои вақти худро самаранок истифода бурдан, пешакӣ ба нақша гирифтани он аз рӯи хирад аст.
Воиз 11:4, 6 — Мо набояд ба тағйирёбии ҳаёт иҷозат диҳем, ки моро дудила кунад.