Намуна барои пешниҳодот
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Ба фикри шумо, падари хуб будан чӣ маъно дорад?
Такрори Шариат 6:6, 7 — Падари хуб бо фарзандонаш мунтазам вақт мегузаронад.
Қӯласиён 3:21 — Падари хуб барои таъриф кардани фарзандонаш имконият меҷӯяд ва кӯшиш мекунад, ки ҳисси ба қобилиятҳои худ боварӣ доштани онҳоро инкишоф диҳад.
◼ Шумо чӣ фикр доред, кадоме аз қонунҳои Худо муҳимтарин аст?
Марқӯс 12:30 — Худоро дӯст доштан қонуни аз ҳама муҳим мебошад.
1 Юҳанно 5:3 — Муҳаббат ба Худо дар ҳар бобат ба Ӯ итоат карданро дар бар мегирад.