Намуна барои пешниҳодот
Ба Шоми ёдбуд даъват карда, чӣ гуфтан мумкин аст?
Ба фикратон оё шахсеро ки ҳаёти мову хешу таборамонро наҷот дода, худаш ҳалок гашт, фаромӯш кардан дуруст мебуд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Бисёр одамон фаромӯш кардан он сӯ истад, балки кӯшиш мекарданд, ки ҳатто хотираро аз ин одам ва рафтори ӯ нигоҳ доранд. Дар Китоби Муқаддас дар бораи он касе навишта шудааст, ки барои наҷот додани одамизод, аз он ҷумла ману шумо вафот кард. Ин Исо мебошад. Вай аз тарафи Худо фиристода шуд, то одамизодро наҷот диҳад (Мат. 20:28). Шоми пеш аз маргаш ӯ аз шогирдонаш хоҳиш кард, ки ин воқеаи муҳимро фаромӯш накунанд. [Луқо 22:19-ро хонед.] Аз он вақт инҷониб, одамоне ки барои ин наҷот аз Худо миннатдоранд, ҳар сол солгарди ин воқеаи муҳимро ҷашн мегиранд. Имсол, ин рӯз ба 3-юми апрел, баъди ғуруби офтоб рост меояд. [Агар бамавқеъ бошад, дар бораи вақт ва ҷойи гузаштани Шоми ёдбуд хабар додан мумкин аст.]
Дар бораи вохӯрии оянда (мумкин то Шоми ёдбуд) гапзанон кардан мумкин аст, то ки якҷоя маводро аз «Таълимот» саҳ. 206–208 дида бароед.
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Баъзеҳо мегӯянд, ки одамро Худо офаридааст. Дигарон бошанд, мегӯянд, ки ҳама махлуқоти зинда аз он ҷумла одамизод дар натиҷаи эволютсия пайдо шудааст. Инчунин шахсоне ҳастанд ки барояшон умуман фарқ надорад, ки мо аз куҷо пайдо шудаем. Аммо шумо чӣ фикр доред? Оё чӣ гуна офарида шудани мо бароямон ягон маъное дорад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Барои ба пайдоиши худ бефарқ набудан, сабабҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд.
Яъқуб 2:23 — Агар шумо дар назди даратон тӯҳфаи зебое меёфтед, ин бешубҳа шуморо хурсанд мекард. Албатта, номи шахси тӯҳфадиҳандаро надониста, он тӯҳфаро истифода бурдан мумкин аст. Аммо дар ин ҳолат мо бо шахсе ки моро дӯст медораду бароямон ин тӯҳфаро ҳадя кард, на шинос шуда метавонистем, на дӯст. Ба ин монанд, аз ҳадяи ҳаёт истифода бурда, ба Ҳадякунанда аҳамият надиҳем, имконияти бо Худо дӯст шуданро аз даст медиҳем. Дар Яъқуб 2:23 гуфта шудааст, ки Иброҳим дӯсти Худо шуда тавонист. Аз даст додани ин имконият маънои гум кардани як чизи калонро дорад, ҳамин тавр не?