Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи август
«Қариб ҳар як шахс вақт аз вақт дуо мегӯяд. Ҳатто онҳое, ки ба Худо боварӣ надоранд, баъзан дар вақти мушкилӣ ба Ӯ муроҷиат мекунанд. Ба фикри шумо, Худо ҳамаи дуоҳоро мешунавад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки Худо дуои ҳамаи одамонро мешунавад. [Забур 144:18, 19-ро хонед.] Дар он ҳамчунин гуфта шудааст, ки Худо дуои шахсонеро, ки дониста қонуни Ӯро зери по мекунанд, гӯш намекунад. [Масалҳо 28:9-ро хонед.]» Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Чӣ кор бояд кард, то Худо дуои моро шунавад?»
Қайд: Ин пешниҳод бояд 3-юми август дар вохӯрӣ барои мавъиза намоиш дода шавад.
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Бисёриҳо аз он ки порнография дар ҳама ҷо паҳн шудааст ба ташвиш меоянд. Баъзеҳо бошанд, онро чун вақтхушии безарар меҳисобанд. Шумо дар ин хусус чӣ фикр доред?
Матто 7:17 — Дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки чизи нек ва бадро аз меваи он шинохтан мумкин аст.
Масалҳо 6:27 — Порнография муносибатҳои муҳаббатомезро заҳролуд мекунад ва оқибатҳои дардовар бо худ меорад.
◼ Қариб ҳар яки мо умри зиёд дидан мехоҳад. Ба фикри шумо, ба туфайли дастовардҳои илмӣ ягон рӯз ҷовидона зиндагӣ кардан ба мо муяссар мегардад?
Воиз 3:11 — Худо абадан вуҷуд дорад ва дар дили мо хоҳиши ҷовидона зистанро ҷо кардааст.
1 Қӯринтиён 15:26 — Чунин ваъдаи олиҷаноб дар Каломи Худо мебошад.