Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи август
«Ҳамаи мо мехоҳем, ки фарзандонамон хушбахт бошанд. Ба фикри шумо, вақте ки фарзандонамон калон мешаванд, вазъият дар дунё чӣ хел мешуда бошад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Худо ваъда медиҳад, ки заминро ба ҷои зисти олиҷаноб табдил медиҳад. [Забур 36:10, 11-ро бихонед.] Лекин дар он ҷо зиндагӣ кардани фарзандонамон аз бисёр ҷиҳат аз интихоби мо вобаста аст. [Такрори Ш. 30:19-ро бихонед.] Ин оят нишон медиҳад, ки интихоби мо на танҳо ба худи мо, балки ба “насл”, яъне фарзандонамон низ таъсир мерасонад». Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Мо бояд чӣ кор кунем, то ки ҳам барои худамон ва ҳам фарзандонамон “ҳаётро” интихоб кунем?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Имрӯз дар ҳаёт мушкилиҳо чунон зиёданд, ки ба фикри баъзе одамон онҳо бе мӯъҷиза ҳал намешаванд. Ба фикри шумо, чунин мӯъҷиза ягон вақт рӯй медиҳад?
Ишаъё 35:5, 6 — Худо ваъда медиҳад, ки ба қарибӣ кӯрон бино мешаванд ва маъюбону беморон шифо меёбанд.
Ишаъё 54:14 — Худо ваъда медиҳад, ки мо аз ҳеҷ чиз нахоҳем тарсид, аз он ҷумла, аз офатҳои табиӣ, ки дигар рӯй намедиҳанд.
◼ Дар рӯзҳои мо бисёр одамон метарсанд, ки танҳо́ ба кӯча бароянд, махсусан баъд аз шом. Ба фикри шумо, вақте мерасад, ки дар рӯи замин дигар зӯроварӣ набошад?
Забур 7:15–17 — Мо боварӣ дорем, ки Худо бадиро дар вақт ва тарзе, ки дуруст меҳисобад, нест мекунад.
Забур 71:7 — Ба қарибӣ Салтанати Худо ин пешгӯии олиҷанобро иҷро хоҳад кард.