Паҳнкунии рисолаи «Пайғоми Салтанат» №38 дар моҳи декабр!
1. Кадом саволҳо одамонро оиди мурдагон ба ташвиш меоранд ва чӣ тавр ба ин саволҳо дар моҳи декабр ҷавоб дода мешавад?
1 Нигоҳ накарда ба эътиқоди динии одамон, марг душмани ҳамаи онҳо мебошад (1 Қӯр. 15:26). Бисёриҳо оиди саволҳои зерин дар ташвишанд: мурдагон дар куҷоянд? Оё онҳоро боз медида бошем? Бинобар ин, дар саросари замин ҷамъомадҳо дар давоми як моҳ дар паҳнкунии рисолаи «Пайғоми Салтанат» №38 бо номи «Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?» иштирок хоҳанд кард. Ва ин маъракаи махсус аз 1-уми декабр оғоз меёбад.
2. Сохти рисолаи «Пайғоми Салтанат» №38 чӣ гуна аст?
2 Сохти ин рисола. Рисолаи «Пайғоми Салтанат» №38 тавре омода гардидааст, ки дар саҳифаи аввали он саволи шавқбедоркунандае бо чунин суханон оварда шудааст: «Шумо дар ҷавоб чӣ мегуфтед? Бале, Не, Шояд». Хонанда рисолаи «Пайғоми Салтанат»-ро кушода, хоҳад дид, ки Китоби Муқаддас ба саволе, ки чун номи рисола омадааст, чӣ гуна ҷавоб медиҳад ва ваъдаҳои Китоби Муқаддас барои ӯ чӣ маъно дошта метавонанд. Ҳамчунин ӯ сабабҳоеро мебинад, ки чаро ба Китоби Муқаддас бовар кардан мумкин аст. Саҳифаи охири ин рисола саволи шавқовареро барои мулоҳиза рондани шахс пешкаш менамояд ва ӯро ба гирифтани маълумоти бештар даъват мекунад.
3. Рисолаи «Пайғоми Салтанат» №38 чӣ тавр паҳн карда мешавад?
3 Тарзи паҳнкунии ин рисола. Пирони ҷамъомад барои чӣ тавр паҳн кардани ин рисола дар маҳаллашон дастуротро мувофиқи номае, ки аз 1-уми апрели соли 2013 гирифта буданд, хоҳанд дод. Ҳангоми дар кӯча ё бори аввал ба шахс мавъиза кардан рисолаи «Пайғоми Салтанат» №38-ро набояд истифода бурд. Барои сар кардани сӯҳбат дар минтақа аз пешниҳодоти саҳифаи 4 истифода бурдан мумкин аст. Агар шахс шавқ зоҳир кунад, барои боздид кардан ва додани рисолаи «Пайғоми Салтанат» бо ӯ гапзанон кунед. Рисолаи зеринро ҳамчунин ба шахсоне, ки дар гузашта ба хушхабар шавқ зоҳир карда буданд, пешкаш кардан мумкин аст. Азбаски ҳар як воиз танҳо миқдори муайяни ин рисоларо хоҳад гирифт, дар бораи чӣ тавр истифода бурдани он мулоҳиза рондан хуб мебуд. Ин рисола назар ба онҳое, ки аллакай бо мо ва фаъолияти мо шинос ҳастанд, шояд ба шахсони нав манфиати бештар орад. Мақсади мо рисолаҳои дар даст доштаамонро ба таври беҳтар истифода бурдан аст. Оё шумо барои дар ин маъракаи махсус пурра иштирок кардан тайёрӣ дида истодаед?