Зуд амал кунед
Баъди он ки вебсайти мо беҳтар карда шуд, онлайн-дархостҳо барои омӯзиши Китоби Муқаддас хеле зиёд шуданд. Инчунин дар ҷойҳои оммавӣ ташкил намудани тарзҳои нави мавъиза боиси пайдо шудани дархостҳои иловагӣ гашт. Дар филиалҳо бошад, ин дархостҳоро аз рӯи имкон ҳар чӣ зудтар дида баромада истодаанд. Масалан, агар касе дархости худро ба воситаи сайти jw.org фиристода бошад, филиал ба пироне, ки дар минтақаи он шахс зиндагӣ мекунанд, пас аз ду рӯз оиди ин шавқманд хабар медиҳад. Аммо аз рӯи хабарҳо маълум гашт, ки баъзе аз шавқмандонеро, ки омӯзиш дархост карда буданд, дар тӯли ҳафтаҳо касе хабар нагирифтааст. Чӣ кор кардан мумкин аст, то ба шахс, пеш аз суст шудани шавқаш, кӯмак расонида шавад? (Марқ. 4:14, 15).
Агар шахсе ки дар минтақаи шумо зиндагӣ намекунад, шавқ зоҳир намояд, дарҳол варақаи «Лутфан, ба назди ин шахс ташриф оред» (S-43)-ро пур карда, ҳатман дар вохӯрии навбатӣ ба котиби ҷамъомад супоред. Сипас, котиб бояд дар муддати як ё ду рӯз ин маълумотро ба ҷамъомади мувофиқ диҳад ё дар саҳифаи «Ҷамъомадҳо», ки дар сайти jw.org ҷойгир аст, ворид намуда ба филиал фиристад. Пирон бояд мунтазам вебсайтро хабар гирифта истанд. Агар онҳо маълумотро оиди шавқмандон гиранд, бояд зуд амал намоянд. Воизе ки барои ташриф овардан ба назди шахси шавқманд ӯҳдадор карда шуд, бояд инро яке аз корҳои аввалиндараҷа ҳисобад. Ва агар шахс дар хонааш набошад, метавонед дар бораи чӣ тавр бо шумо тамос гирифтан, ба вай маълумот гузоред.