Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Сар кардани сӯҳбат барои додани шаҳодати ғайрирасмӣ
Чаро ин муҳим аст. Ҳангоми иштирок дар хизмати хона ба хона мо бисёр вақт пай мебарем, ки одамони зиёд дар хона нестанд. Лекин мо метавонем бо онҳо ҳангоми аз нақлиёти оммавӣ истифода бурдан, интизор шудани духтур, ҳангоми танаффус дар мактаб ё кор ва дар дигар ҳолатҳо вохӯрем. Яҳува мехоҳад, ки ҳамаи одамон хабари Салтанатро шунаванд (1 Тим. 2:3, 4). Одатан барои шаҳодат додан ва дар сар кардани сӯҳбат мо бояд якум шуда худамон қадам монем.
Дар давоми моҳ инро санҷида бинед:
Ҳар ҳафта кӯшиш кунед, ки ақаллан як сӯҳбатро бо мақсади додани шаҳодати ғайрирасмӣ сар кунед.