Чаро зуд бояд равона шуд?
Вақте мо дар вохӯрӣ барои мавъиза бо бародару хоҳарон ҷамъ меоем, табиист, ки мо мехоҳем бо онҳо сӯҳбат кунем. Аммо вақте ки вохӯрӣ тамом мешавад, мо бояд кӯшиш кунем, ки ҳар чи зудтар ба минтақа равона шавем. Кори мавъизаи мо таъхирнопазир аст (2 Тим. 4:2). Чӣ қадар вақти зиёдро барои сӯҳбат сарф кунем, ҳамон қадар камтар вақт барои мавъиза кардан мемонад. Мо бо воизон дар хизмат ҳамкорӣ карда, барои аз муоширати рӯҳбаландкунанда хурсандӣ гирифтан, имконияти бештар пайдо хоҳем кард. Агар мо баъди вохӯрии мавъиза зуд ба хизмат равем, бо ин ҷидду ҷаҳдамонро чун хизматгорони Яҳува ва Писараш нишон медиҳем (Рум. 12:11).