Дар вохӯриҳо барои мавъиза ояти ҳаррӯза дигар муҳокима карда намешавад
Пештар агар ояти ҳаррӯза ба хизмат дахл медошт, баъзан он дар вохӯрӣ барои мавъиза кӯтоҳ муҳокима карда мешуд. Ҳоло бошад, ба ин тағйирот дароварда шуд. Брошураи «Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо»-ро дигар дар вохӯрӣ барои мавъиза муҳокима кардан лозим нест. Барандаи вохӯрӣ чун пештара аз Китоби Муқаддас, «Хизмат ба Салтанати Худо», китоби «Мактаби таълими мавъиза», «Музокира дар асоси Китоби Муқаддас» (рус.) ва аз адабиёти дигар, ки ба хизмат алоқаманд аст, истифода бурда метавонад. Баранда бояд ягон фикри амалиро тайёр кунад, то ба воизоне, ки ба хизмат рафтанианд, кӯмак расонад. Чун пештара давомнокии ин вохӯрӣ набояд аз 10–15 дақиқа зиёд бошад ва агар он баъди вохӯрии ҷамъомад гузарад, бояд аз ин ҳам кӯтоҳтар бошад.