Намуна барои пешниҳодот
◼ Бисёр одамон аз ба охир расидани дунё хавотиранд. Ва ҳар кас он рӯзро ба таври худаш тасаввур мекунад. Шумо ин рӯзро чӣ хел тасаввур мекунед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Иҷозат диҳед ба шумо он суханонеро, ки тасаввуроти маро дар бораи ин рӯз дигар карданд, нишон диҳам.
Масалҳо 2:21, 22 — Дар ин рӯз на ҳама одамон, балки танҳо бадкорон нест хоҳанд шуд.
Суханони навбатӣ нишон медиҳанд, ки бо одамоне ки зинда мемонанд, чӣ мешавад.
Ваҳй 21:4, 5 — Магар ин гуфтаҳо аз он тасаввуроте ки бисёриҳо нисбати ин рӯз доранд, тамоман фарқ намекунанд?
Дар охир барои муҳокима кардани саволи «Оё дар ҳақиқат охири ин дунё наздик аст?» гапзанон кунед. (Дарси 13-уми брошураи «Имони ҳақиқӣ»-ро истифода бурдан мумкин аст.)
◼ Бисёриҳо розӣ мешаванд, ки дар рӯзҳои мо тарбияи кӯдакон осон нест. Ман аҳамият додам, ки бисёр волидон маслиҳати Китоби Муқаддасро истифода бурда, дар тарбияи кӯдаконашон муваффақ гаштанд.
[Агар шумо худатон волид бошед, пас чунин гуфта метавонед: «Ба ман ҳамчун волид дар тарбияи кӯдакам маслиҳатҳои Китоби Муқаддас кӯмак расонданд».]
Нисбати ин гуфтаҳо шумо чӣ фикр доред? [Матто 5:37-ро хонед.] Розӣ шавед, ки агар волидон талаботашонро доимо иваз кунанд, он гоҳ тарбияи кӯдакон душвор мегардад. Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас бовариноканд. Агар волидон боварӣ дошта бошанд, ки талаботи онҳо асосноканд ва аз рӯи хирад мебошанд, пас ҳатто агар кӯдакон бо «гиряву нола» қарори онҳоро дигар карданӣ шаванд ҳам, онҳо дар гуфтаашон устувор мемонанд.
Дар бораи он гапзанон кунед, ки дафъаи дигар аз куҷо ёфтани дигар маслиҳатҳои манфиатоварро нишон медиҳед. [Дар боздид маълумоти боби 7, қисми 3 ва 4-уми брошураи «Оилаи шумо хушбахт буда метавонад»-ро истифода бурдан мумкин аст.]