Намуна барои пешниҳодот
◼ Ҳеҷ кас пир шудан намехоҳад, лекин ҳамаи мо пир мешавем. Ба фикри шумо одамон нигоҳ накарда ба пиронсолиашон чӣ кор карда метавонанд, то ки ҳаёти худро ба таври шоиста гузаронанд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Бисёриҳо бо ҳар хел тарзҳо худро ҷавон карданӣ мешаванд ё ба таври махсус дар бораи саломатиашон ғамхорӣ менамоянд. Бешубҳа, дар бораи саломатии худ ғамхорӣ кардан махсусан дар пиронсолӣ хеле муҳим аст, аммо дигар чиз аз ин ҳам муҳимтар аст. Ман аз Китоби Муқаддас маслиҳати хуб ёфтам. [Оятҳои зеринро хонед ва муҳокима кунед.]
Масалҳо 15:15 — Ҳатто агар аз сабаби синну сол ягон маҳдудият дошта бошем ҳам, нуқтаи назари мусбӣ барои дидани чизҳои нек кӯмак мекунад. Ин гуна амал кардан назар ба чизи аз дастрафта афсӯс хӯрдан беҳтар аст, зеро «ба гузашта салавот, ояндаро эҳтиёт» гуфтаанд.
Луқо 6:38 — Агар мо на танҳо дар бораи саломатии худ, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ карда бо онҳо муносибати хуб дошта бошем, аз ин хурсандӣ ҳис карда метавонем.
Ин маслиҳатҳо нишон медиҳанд, ки Офаридгори мо намехоҳад, ки мо аз сабаби пиронсолӣ азоб кашем. Лекин оё Худо метавонад, барои одамизод ғайр аз маслиҳати хуб додан, боз кори дигаре кунад?
◼ Бисёр оилаҳо аз доштани издивоҷи мустаҳкам хурсанданд. Аммо имрӯз ҳайратовар аст, дидани он ки бисёр ҳамсарон ҳатто як сол бо ҳам зиндагӣ накарда ҷудо мешаванд, гарчанд дар аввал онҳо боварӣ доштанд, ки бе якдигар зиндагӣ карда наметавонанд. Шумо чӣ фикр доред, чӣ тавр ба оилаи нав барои барҳам нахӯрдани издивоҷашон кӯмак расонидан мумкин аст? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Мехоҳам бароятон як маслиҳатро аз Китоби Муқаддас нишон диҳам.
Масалҳо 12:18 — Агар лаҷоми забонамонро накашем, ҳамдигарнофаҳмиҳо метавонанд ба ҷанҷолу хафагиҳои ҷиддӣ оварда расонанд. Суханони беҷо метавонад ба дили ҳамсарон сахт расад ва онҳоро аз ҳам ҷудо кунад.
Гапзанон кунед, ки дафъаи дигар омада бо камоли майл дигар маслиҳатҳоеро, ки издивоҷро мустаҳкам мекунанд, нишон медиҳед. [Дар боздид аз брошураи «Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад» истифода бурдан мумкин аст.]