Намуна барои пешниҳодот
◼ Қариб ҳамаи мо шахси наздики худро аз даст додаем. Ин яке аз душвортарин мушкилие мебошад ки бо он рӯ ба рӯ мешавем, ҳамин хел не? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Иҷозат диҳед ба шумо фикри рӯҳбаландкунандаро аз Китоби Муқаддас нишон диҳам, ки он барои ҳамаи онҳое ки шахси наздикашонро аз даст додаанд навишта шудааст.
[Ваҳй 21:3, 4-ро хонед.] Ба фикратон, Худо барои бартараф кардани дарди мо ҳангоми марги наздикон, чӣ кор мекунад?
[Юҳанно 5:28, 29-ро хонед.] Аз рисолаи «Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?», саҳ. 3-ро кушода, дар бораи дафъаи дигар муҳокима кардани саволи «Чаро боварӣ дошта метавонем, ки Худо мурдагонро ҳатман эҳё хоҳад кард?» гапзанон кардан мумкин аст.
◼ Шумо бо ин суханон розиед? [Масалҳо 29:11-ро хонед ва ба ҷавоби шахс гӯш диҳед.] Дар рӯзҳои мо он шахсонеро ки тез асабонӣ мешаванд, бисёр вохӯрдан мумкин аст. Ҳатто кӯдакон ҳам асабӣ ҳастанд. Шумо ҳам ба ин аҳамият додед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.]
Тадқиқот нишон дод, ки касоне ки худдорӣ карда метавонанд фишори эмотсионалиро сабуктар аз сар мегузаронанд ва бо дигарон муросо карданашон осонтар аст. Ба шумо як маслиҳати хуберо, ки барои волидон аст нишон доданӣ будам, ки он барои ба фарзандон ёд додани идоракунии ҳиссиёташон кӯмак мерасонад.
[Румиён 12:9-ро хонед.] Вақте кӯдакон мебинанд, ки волидон дар вазъиятҳои душвор худдорӣ карда метавонанд, онҳо эҳтимол ба мисоли волидон пайравӣ мекунанд. (Маълумоти иловагиро аз маҷаллаи «Бедор шавед» (рус.), моҳи август с. 2015, саҳ. 8, аз мақолаи «Как научить ребенка проявлять самообладание», ёфтан мумкин аст.)
[Дар охир оиди боздид гапзанон кардан мумкин аст, то дигар маслиҳатҳои хубро аз брошураи «Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад» муҳокима кунед.]