Намуна барои пешниҳодот
◼ Мо имрӯз дар бораи пайдо кардани умеди ҳақиқӣ гап зада истодаем. Бисёриҳо мегӯянд, ки «Одам бо умед зинда аст», лекин азбаски вазъияти ҷаҳон торафт бад шуда истодааст, умедамон нисбати оянда гум шуданаш мумкин аст. Ба фикри шумо барои ба оянда ҳамавақт умед доштан, чӣ ёрдам карда метавонад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Мо мехоҳем шуморо бо як роҳе, ки ба мо ёрдам мекунад, шинос кунем.
[Румиён 15:4-ро хонед.] Оё шумо аҳамият додед, ки ин китобро хонда мо умед пайдо карда метавонем? Худо ба воситаи Каломаш ваъда медиҳад, ки дар ояндаи хело наздик одамизод хушбахтона зиндагӣ мекунад.
[Барои давом додани сӯҳбат ё ҳангоми боздид оятҳои рӯҳбаландкунандаро ки ба ояндаи одамизод алоқаманд мебошанд, хондан мумкин аст — Иш. 35:5, 6; Заб. 71:16.]
◼ Мо имрӯз дар бораи чӣ хел беҳтар кардани ҳаёти оилавӣ сӯҳбат мекунем. Ҳар як оила мехоҳад, ки дар он якдигарфаҳмӣ ва сулҳ бошад, лекин ба ҳар ҳол нофаҳмиҳо рӯй медиҳанд. Ба фикри шумо барои бартараф кардани нофаҳмиҳо чӣ кӯмак карда метавонад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Мехостам яке аз маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба шумо нишон диҳам.
[Масалҳо 26:20-ро хонед.] Аҳамият додед, ки агар гапамонро фикр карда гӯем, дар оила нофаҳмиҳо кам мешаванд.
[Барои давом додани сӯҳбат ё ҳангоми боздид оятҳоеро истифода бурдан мумкин аст, ки чӣ гуна будани муносибати байни зану шавҳар ва волидону фарзандонро нишон диҳад — Эфс. 5:28; 5:22; 6:1–3; 6:4.]