Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи декабр
Мо оиди чӣ тавр беҳтар кардани муносибат байни аъзоёни оила сӯҳбат мекунем. Баъзан ҳамсарон барои беҳтар кардани муносибаташон маслиҳатҳо меҷӯянд. Ба фикри шумо аз куҷо чунин маслиҳатҳоро ёфтан мумкин аст? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Бисёр оилаҳо пай бурданд, ки ба кор бурдани маслиҳати Китоби Муқаддас ба ҳаёти оилавиашон таъсири хуб мерасонад. [Эфсӯсиён 5:22, 28-ро хонед.] Бешубҳа, чунин муомила ба фарзандон намунаи хуб мебошад. Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Барои қаҳру ғазабро идора кардан чӣ ёрдам карда метавонад?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Мо дар бораи дӯстӣ бо Худо сӯҳбат мекунем. Ба фикри шумо одамони оддӣ бо Офаридгор дӯстӣ пайдо карда метавонанд?
Ишаъё 41:8 — Худо, Иброҳим пайғамбарро дӯсти Худ номид
2 Тимотиюс 3:16, 17 — Худо мехоҳад, ки дӯстии мо бо Ӯ инкишоф ёбад
◼ Мо оиди як намуди касалӣ, ки имрӯзҳо муқаррарӣ гаштааст, кӯтоҳ сӯҳбат мекунем. Равоншиносон қайд мекунанд, ки ҳар як чорум фарди ҷомеа дар давоми ҳаёташ бо яке аз касалиҳои рӯҳӣ, аз он ҷумла бо афсурдаҳолӣ, гирифтор хоҳад шуд. Оё шумо низ пай бурдаед, ки бисёриҳо гирифтори ин ё он бемории рӯҳӣ мегарданд?
2 Тимотиюс 3:1–5 — Вазъияти ҷаҳони имрӯза, сабаби афзоиши ин касалӣ мегардад.
Ваҳй 21:3, 4 — Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки дар оянда ҳаёт дар замин бе дарду касалиҳо хоҳад шуд.