БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Дониш дар бораи Худо бар зидди нажодпарастӣ
Яҳува рӯйбин нест (Ам 10:34, 35). Дар назари Ӯ «ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо» баробаранд (Вҳ 7:9). Масеҳиёни ҳақиқӣ набояд миллатпараст, маҳалчӣ ё шиносбоз бошанд (Яқ 2:1–4). Яҳува ба воситаи ташкилоташ моро таълим медиҳад. Ин ба мо ёрдам кард, ки хислатҳоямонро дигар кунем ва дар биҳишти рӯҳонӣ зиндагӣ кунем (Иш 11:6–9). Вақте мо кӯшиш мекунем, ки ҳар як нишонаи рӯйбиниро аз дилам решакан кунем, нишон медиҳем, ки ба Худо писанд омадан мехоҳем (Эф 5:1, 2).
ВИДЕОНАВОРИ «ҶОНИ ВА ГИДЕОН: АВВАЛ ДУШМАН БУДАНД, ҲОЛО БАРОДАРОНАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА ИН САВОЛҲО ҶАВОБ ДИҲЕД:
Ҳарчанд одамон ноинсофию миллатчигиро бартараф карда наметавонанд, чаро боварӣ доштан мумкин аст, ки таълими Яҳува аз ин ҷиҳат болотар аст?
Аз бародарии умумиҷаҳонӣ чӣ ба шумо маъқул аст?
Вақте мо ягонагиро байни хоҳару бародарон нигоҳ медорем, чӣ тавр Яҳуваро ҷалол медиҳем?