БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Дар назди дар боодобона рафтор кунед
Шоҳидони Яҳува барои ҷаҳон чун намоиш дар «тамошогоҳ»-анд (1Қр 4:9). Барои ҳамин мо ҳайрон намешавем, ки баъзе соҳибхонаҳо ба мо аз тирезаҳояшон нигоҳ мекунанд ё моро аз паси дар гӯш мекунанд. Дар баъзе хонаҳо шояд камераи назоратӣ ва ё таҷҳизоти дигар гузошта шудааст, ки соҳибхона моро мебинад, гапамонро гӯш карда, сабт менамояд. Дар поён баъзе тарзҳои дар назди дар боодобона рафтор кардан оварда шудааст (2Қр 6:3).
БО РАФТОРАТОН (Фп 1:27):
Ба даруни хона нигоҳ накунед ва бо ин кор ба соҳибхона ҳурмат нишон диҳед. Дар назди дар нахӯред, нанӯшед ва бо телефон гап назанед ё нома нанависед
БО ГУФТОРАТОН (Эф. 4:29):
Дар назди дар суханонеро, ки шумо намехостед соҳибхона шунавад, нагӯед. Баъзе воизон дар назди дар бо якдигар сӯҳбат намекунанд, то ба соҳибхона чӣ гуфтанро фикр кунанд