ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ЮҲАННО 3, 4
Исо ба зани сомарӣ мавъиза мекунад
Чӣ тавр Исо ба зани сомарӣ шаҳодат дода тавонист?
4:7 Ӯ яку якбора дар бораи Подшоҳӣ ё дар бораи Масеҳ буданаш мавъиза накард, балки аз зан об пурсида гапро сар кард
4:9 Ӯ занро барои сомарӣ буданаш паст назад
4:9, 12 Вақте зан дар бораи чизҳое гап зад, ки ба сӯҳбат халал расонда метавонистанд, Исо аз мавзӯи саркардааш дур нашуд (cf саҳ. 77, сарх. 3)
4:10 Исо сӯҳбатро аз чизе сар кард, ки ба зан шинос буд
4:16–19 Ҳарчанд Исо медонист, ки он зан ахлоқи пок надорад, бо вай бо эҳтиром гап зад
Чӣ тавр ин воқеа нишон медиҳад, ки ғайрирасмӣ мавъиза кардан хеле муҳим аст?