БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Дар ҷойҳое, ки бо забонҳои гуногун гап мезананд, мавъиза кунед
«Яҳудиёни худотарс»-е, ки соли 33-юми милодӣ «аз мамлакатҳои гуногун» ба иди Ҳафтаҳо омада буданд, аз афташ, яке аз забонҳои оммафаҳмро, чунончи забони ибронӣ ё юнониро, медонистанд. Лекин Яҳува тавре кард, ки онҳо хушхабарро «ба забони модарии» худ шунаванд (Ам 2:5, 8). Эҳтимол, Ӯ инро аз он сабаб кард, ки бисёр вақт одамон хушхабарро ба забони модариашон шунида, бештар шавқ зоҳир мекунанд. Имрӯзҳо низ ҷойҳое ҳастанд, ки одамонаш ба забонҳои гуногун гап мезананд. Ҷамъомадҳое, ки дар чунин ҷойҳо мебошанд, ба забонҳои гуногун гузаронида мешаванд ва шояд дар як маҳал мавъиза мекунанд. Чӣ тавр воизони ин гуна ҷамъомадҳо ҳамкорӣ карда метавонанд, то ки ба ҳама шаҳодат диҳанд, вале дар як ҷо ва дар як вақт мавъиза накунанд ва сокинонро асабӣ насозанд?
Машварат (Мс 15:22). Нозирони хизматии ҷамъомадҳо бояд маслиҳат карда, кори мавъизаро тавре ба роҳ монанд, ки ба ҳама қулай бошад. Дар баъзе ҷойҳо маҳале, ки ба ҷамъомадҳо тааллуқ дорад, хурд мебошад. Барои ҳамин аз ҷамъомади шумо хоҳиш карда метавонанд, ки ба одамоне, ки ба забони дигар гап мезананд, мавъиза накунед. Ё баръакс, агар маҳал калон бошад ва ҷамъомади дигар онро сари вақт гузашта натавонад, шояд пешниҳод кунанд, ки ба ҳама мавъиза намоед ва баъд ба онҳо дар бораи одамони шавқманд хабар диҳед (od-U саҳ. 93, сарх. 37). Ҳамчунин ҷамъомадҳои дигар хоҳиш карда метавонанд, ки ба онҳо дар ҷустуҷӯйи одамоне, ки ба забони ҷамъомади онҳо гап мезананд, ёрӣ диҳед ва суроғаи чунин шахсонро ба онҳо фиристед (km 7.12 саҳ. 5, чорчӯба). Ба инобат гиред, ки баъзан сокинони як хона гуногунзабонанд. Ғайр аз ин, дар баъзе мамлакатҳо ҳангоми ташкили кори мавъиза қонунҳоеро, ки оиди ҳифзи маълумоти шахсӣ мебошанд, ба назар гирифтан лозим аст.
Ҳамкорӣ (Эф 4:16). Аз рӯйи дастуроте, ки нозири хизматӣ медиҳад, амал кунед. Оё шумо бо шахсе омӯзиш мегузаронед, ки забони дигар барояш беҳтар аст? Агар шумо ӯро ба наздиктарин ҷамъомад ё гурӯҳе, ки ба забони вай мегузарад, супоред, эҳтимол, ӯ тезтар пешравӣ кунад.
Тайёрӣ (Мс 15:28; 16:1). Агар шумо ҳангоми хизмати хона ба хона шахсеро вохӯред, ки ба забони дигар гап мезанад, кӯшиш кунед, ки ба ӯ хушхабарро расонед. Барои ин фикр кунед, ки дар маҳаллатон одамон ба кадом забон гап мезананд. Ба он забонҳо Китоби Муқаддас ва видеонаворҳоро пешакӣ боргирӣ кунед. Ҳамчунин аз барномаи JW Language (ҷей даблю ленгвиҷ) истифода бурда, ба баъзе забонҳо саломуалек карданро ёд гиред.