ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | ХУРУҶ 12
Иди Раҳоӣ барои масеҳиён чӣ аҳамият дорад?
Исроилиён барои он ки худро аз натиҷаи харобиовари балои даҳум ҳимоя кунанд, бояд мувофиқи дастуроти Яҳува амал мекарданд (Хр 12:28). 14-уми нисон, баъди ғуруби офтоб, оилаҳои исроилӣ бояд дар хонаҳои худ ҷамъ мешуданд. Онҳо бояд барра ё бузи яксолаеро, ки беайб буд, мекуштанд ва хунашро дар паҳлӯдариҳо мемолиданд. Сипас бояд онро пурра бирён карда тез-тез мехӯрданд. То саҳар бояд ҳеҷ кас аз хона намебаромад (Хр 12:9–11, 22).
Мисол оред, ки чӣ тавр имрӯз итоаткорӣ моро ҳимоя мекунад?