БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Маҳорати худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Ба воситаи телефон мавъиза кунед.
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Бо телефон мавъиза кардан яке аз роҳҳои асосии пурра шаҳодат додан аст (Ам 20:24)a. Бо ин роҳ мо хушхабарро ба касоне мерасонем, ки шахсан вохӯрда наметавонем.
ИНРО ЧӢ ТАВР БОЯД КАРД:
Тайёрӣ бинед. Мавзӯи мувофиқро интихоб кунед. Сипас нақшаи сӯҳбататонро тартиб диҳед. Агар шахс гӯшакро набардорад, шояд ба шумо лозим меояд, ки паёми овозӣ монед. Барои ин пешакӣ нависед, ки чӣ тавр сабаби занг заданатонро мефаҳмонед. Хуб мебуд, агар шумо дар сари миз нишаста ҳама чизҳои даркорӣ, ба мисли нақшаи сӯҳбат ва таҷҳизоти электрониро дар наздатон гузоред. Дар таҷҳизоти электронӣ бошад, барномаи JW Library® ё сайти jw.org®-ро кушода монед
Ба ҳаяҷон наафтед. Табиӣ гап занед, гӯё бо шахс рӯ ба рӯ истодаед. Табассум карда, бо имову ишора сӯҳбат кунед. Аз ҳад оҳиста гап назанед. Хуб мебуд, ки бо дигарон ҳамкорӣ кунед. Агар соҳибхона савол диҳад, саволи ӯро бо овози баландтар такрор кунед, то ҳамроҳатон барои ҷавоб додан ёрдам карда тавонад
Барои боздид асос гузоред. Агар шахс шавқ зоҳир кунад, шумо барои боздид саволеро бардошта пешниҳод кунед, ки дафъаи дигар занг зада ҷавобашро ҳамроҳи ӯ муҳокима мекунед. Ҳамчунин гӯед, ки ба воситаи почта ба суроғаи ӯ ягон адабиёт ё ба воситаи интернет видеонавор ё мақолаеро фиристода метавонед. Дар вақти мувофиқ дар бораи дигар чизҳои шавқовари сайтамон нақл кунед
a Агар дар маҳалли шумо бо телефон мавъиза кардан мумкин бошад ҳам, қонун дар бораи ҳимояи маълумоти шахсиро ба назар гиред.