«Ман ӯро боз дар хонааш наёфтам!»
Оё шумо нисбати ягон шавқманд чунин гуфта будед? Ҳатто нигоҳ накарда ба гаштаю баргашта рафтанатон, ба шумо муяссар намегардад, ки ба тухми ҳақиқате, ки кошта будед, об диҳед (1 Қӯр. 3:6). Баъзан воизони ботаҷриба ба шахсоне, ки дар хонаашон наёфтанд, мактуб менависанд ё дар дарашон хатча мемонанд. Баъзе воизон пешакӣ ҳис мекунанд, ки бо ин шахс дуюмбора вохӯрдан душвор аст, аз ин рӯ онҳо рақами телефони шахсро шояд бо чунин суханон мепурсанд: «Мумкин бо смс оиди омаданам ба шумо хабар диҳам?» Вақте ки мо ба назди шахси шавқманд ташриф меорем ё ба воситаи мактуб, почтаи электронӣ, смс, хатчаи ба дараш мондашуда ё ба воситаи занги телефонӣ ба ӯ шаҳодат диҳем, инро бояд чун боздид қайд кунем. Ҳатто агар шахс дар хонааш на ҳамавақт ёфт шавад ҳам, нигоҳ доштани шавқи ӯ ба мо имконпазир аст.