ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp22 № 1 саҳ. 6-7
  • 1 | Ба ҳама бо як чашм нигаред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 1 | Ба ҳама бо як чашм нигаред
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Каломи Худо чӣ мегӯяд?
  • Ин чӣ маъно дорад?
  • Шумо чӣ кор карда метавонед?
  • 3 | Нафратро аз ақли худ берун кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Чӣ тавр занҷири нафратро кандан мумкин?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Чаро дунё пур аз нафрат аст?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Мо бар нафрат ғолиб омада метавонем!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
wp22 № 1 саҳ. 6-7
Марди сиёҳпӯсте сурати марди сафедпӯстро дар даст дорад, ки хандида истодааст ва марди сафедпӯсте дар даст сурати марди сиёҳпӯстеро дорад, ки хандон аст. Дар қафо расми одамони бадхашм оварда шудаад.

ЧӢ ТАВР ЗАНҶИРИ НАФРАТРО КАНДАН МУМКИН?

1 | Ба ҳама бо як чашм нигаред

Каломи Худо чӣ мегӯяд?

«Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (КОРНОМА 10:34, 35).

Ин чӣ маъно дорад?

Ба Яҳуваa Худо миллат, нажод, ранги пӯст ё маданияти мо аҳамияте надорад. Ӯ ба фикру хоҳишҳоямон диққат мекунад. Дар Калом омадааст, ки «одами хокӣ чизеро мебинад, ки ба чашм маълум аст, Яҳува бошад, дилро мебинад» (1 Подшоҳон 16:7).

Шумо чӣ кор карда метавонед?

Мо фикру ниятҳои дигаронро фаҳмида натавонем ҳам, кӯшиш карда мисли Худо ба дигарон бо як чашм нигариста метавонем. Аз ин рӯ ба одамон дар маҷмӯъ неву дар алоҳидагӣ баҳо диҳед. Агар пай баред, ки нисбати ягон миллат ё нажод бадгумонӣ доред, аз Худо мадад пурсед, то ин ҳиссиётро аз ақлу дилатон берун кунад (Забур 139:23, 24). Боварӣ дошта бошед, ки агар барои рӯйбин набудан самимона дар дуо қувват пурсед, Худо шуморо шунида ба мададатон мерасад (1 Петрус 3:12).

a Яҳува номи Худо мебошад (Забур 83:18).

«Пеш... ман онҳоро чашми дидан надоштам. Вале он лаҳза худро узви бародарияти умумиҷаҳонӣ ҳис кардам» ТАЙТУС.

Воқеа аз ҳаёт. ТАЙТУС

Занҷири нафраташро канд

Тайтус.

Ӯ узви гурӯҳи бадхашме буд, ки зидди қонунҳои давлат вобаста бо нажодпарастӣ мубориза мебурд. Ӯ ба ёд меорад: «Мо ба бару меҳмонхонаҳои баъзе кӯчаҳои шаҳр, ки дар он ҷо сиёҳпӯстонро дӯст намедоштанд, рафта ҷанг мекофтем». Тайтус иқрор мешавад, ки он вақт дар гирдоби нафрат афтода буд. Ӯ илова мекунад: «Агар бо ягон кас гапам мегурехт, фарқаш набуд, ӯ зан аст ё мард, ман якум шуда ӯро мешапидам».

Бо вуҷуди ин, вақте Тайтус бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард, инсони дигар шудан гирифт. Каломи Худо ба ӯ таъсири ҷиддӣ расонд. Ба Тайтус ваъда оиди ояндае маъқул шуд, ки: «марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад» (Ошкорсозӣ 21:3, 4).

Бояд гуфт, ки дар аввал ба Тайтус аз чанголи нафрат халос шудан мушкил буд. Ӯ мегӯяд: «Фикрронӣ ва рафторамро ислоҳ кардан бароям бениҳоят душвор буд». Аммо ба Тайтус суханоне кумак карданд, ки дар Корнома 10:34, 35 навишта шудаанд. Дар ин оятҳо гап дар бораи рӯйбинӣ накардани Худо меравад.

Баъд чӣ шуд? Тайтус нақл мекунад: «Шоҳидони Яҳува новобаста ба нажод ё ранги пӯсташон якдигарро дӯст медоштанд. Инро дида ман фаҳмидам, ки дини онҳо ҳақиқӣ аст. Дар ёдам ҳаст, ҳатто пеш аз таъмид гирифтанам, як шоҳиди сафедпӯст аз ҷамоат маро ба хонааш барои хӯрдани хӯроки шом даъват кард. Бовариам намеомад! Пеш, бо сафедпӯстон хӯрок хӯрдан як сӯ истад, ман онҳоро чашми дидан надоштам. Вале он лаҳза худро узви бародарияти умумиҷаҳонӣ ҳис кардам».

Саргузашти Тайтусро аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми августи соли 2009, саҳ. 28, 29 (рус.) хонда метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан