ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w23 август саҳ. 18-саҳ. 19 сарх. 3
  • Саволҳои хонандагон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саволҳои хонандагон
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Маводи монанд
  • «Бигзор номи Ту муқаддас гардад»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • Номи Яҳува — аҳамияти он барои мо
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Чаро номи Яҳува барои Исо пурарзиш буд?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Исми бузурги Яҳуваро ҷалол диҳед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
w23 август саҳ. 18-саҳ. 19 сарх. 3
Фариштагон дар осмон, одамон бошанд, дар биҳишт хурсандона Яҳуваро ибодат карда, сӯйи аробаи осмонӣ менигаранду ҳамд мегӯянд.

Яҳува номашро то абад ҷалол медиҳад

Саволҳои Хонандагон

Дар мақолаи «Бигзор номи Ту муқаддас гардад» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи июни соли 2020 гап дар бораи кадом фаҳмиши нав меравад?

Аз ин мақола мо фаҳмидем, ки танҳо як масъалае ҳаст, ки ба тамоми офаридаҳои бошуури Худо дахл дорад — поку муқаддас гаштани номи бузурги Яҳува. Масъалаи ҳаққонияти ҳукмронии Яҳува, яъне беҳтарин будани тарзи ҳукмронии ӯ, танҳо як ҷониби ин масъалаи бузург аст. Вафодорию покрафтории хизматгорони Худо бошад, ҷониби дигари ин масъала.

Чаро мо имрӯз мегӯем, ки муҳимтарин масъала номи Яҳува ва поку муқаддас гаштани он мебошад? Биёед се сабабро дида мебароем.

Мор бо Ҳавво гап мезанад.

Аз замони исён дар боғи Адан сар карда Шайтон туҳмат кардани номи Яҳуваро бас намекунад

Якум, дар боғи Адан Шайтон номи Худо ё обрӯйи ӯро доғдор кард. Бо саволи маккоронааш ба Ҳаво ӯ Худоро ҳокими аз ҳад сахтгир муаррифӣ намуд, ки гӯё аз бандагонаш чизҳои нағзро дареғ медорад. Сипас Шайтон суханони Худоро инкор карда, ӯро дурӯғгӯй баровард. Ӯ дар ҳаққи Яҳува туҳмат намуда, номашро доғдор кард. Аз ин рӯ ӯ «Иблис», яъне «туҳматгар», ном гирифт (Юҳ. 8:44). Ҳавво ба дурӯғҳои Шайтон бовар карда, зидди ҳокимияти Худо баромад (1 Мӯсо 3:1–6). То имрӯз Шайтон дар ҳаққи номи поки Худо туҳмат зада, одамони бисёрро аз роҳи рост мебарорад. Аз ин рӯ дар назари халқи Худо доғдор кардани номи поки Яҳува модари тамоми беинсофиҳост, зеро ҳама нохушиҳои ҷаҳон маҳз аз ҳамин реша мегирад.

Дуюм, Яҳува ният дорад бар фоидаи тамоми офаридаҳояш амал намуда, номашро аз олудагиҳои туҳмат пок созад. Ин дар назари Яҳува муҳимтарин масъала аст. Ӯ мегӯяд: «Ман номи бузурги худро... ҳатман пок месозам» (Ҳиз. 36:23). Исо бошад, дар дуои намунавияш нишон дод, ки барои парастандагони ҳақиқии Яҳува кадом масъала дар дуо бояд аз ҳама боло истад. Ӯ гуфт: «Номи ту муқаддас бод!» (Мат. 6:9). Китоби Муқаддас гаштаю баргашта аҳамияти ҷалол додани номи Яҳуваро қайд мекунад. Биёед барои мисол якчанд порчаро дида бароем: «Яҳуваро, он тавре ки шоистаи номаш бошад, ҷалол диҳед» (1 Воқ. 16:29; Заб. 96:8). «Дар васфи номи пурҷалолаш бисароед» (Заб. 66:2). «Номи туро то абад ҷалол хоҳам дод» (Заб. 86:12). Боре, вақте Исо дар ибодатгоҳи Ерусалим буд, ба Худо муроҷиат карда гуфт: «Эй Падар, номи худро ҷалол деҳ». Яҳува аз осмон ба ӯ ҷавоб гардонда гуфт: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол медиҳам» (Юҳ. 12:28)a.

Сеюм, иҷро гаштани нияти Яҳува бо номаш, бо обрӯяш, алоқаманд аст. Баъд аз озмоише, ки дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Исо рӯй медиҳад, чӣ мешавад? Оё офаридаҳои бошуури Яҳува масъалаи пок гардондани номи Худоро аз нав мебардоранд? Барои ба ин савол ҷавоб додан биёед ду ҷониби ин масъалаи муҳимро дида барем: масъалаи вафодории одамон ва ҳаққонияти ҳукмронии Яҳува. Оё он вақт ба одамон лозим меояд, ки беайбии худро гаштаю баргашта исбот кунанд? Не. Чунки онҳо он вақт аллакай комиланду пурра озмуда шудаанд. Онҳо соҳиби ҳаёти ҷовидона мешаванд. Он вақт дигар касе саволи ҳаққонияти ҳукмронии Яҳуваро намебардораду сари ин масъала баҳсу ҷудоиҳо намешавад. Масъалаи дурустии ҳокимияти Худо барои ҳамеша ҳал мешавад. Дар бораи номи Яҳува чӣ гуфтан мумкин?

Номи Худо он вақт муқаддас шумурда мешавад ва аз ҳар гарди туҳмат пок мегардад. Аммо баъд аз ин ҳам номи Яҳува аз маркази диққати сокинони осмону замин дур намеравад. Онҳо аз дидани корҳои аҷоиби Яҳува ба ҳайрат меоянд. Исо бошад, бо камоли хоксорӣ тамоми ҳокимиятро ба дасти Худояш Яҳува бармегардонад, то ӯ «бар ҳама ҳоким бошад» (1 Қӯр. 15:28). Баъд аз ин одамони хушбахти рӯйи замин «чун фарзандони Худо озодии пурҷалолро соҳиб мегарданд» (Рум. 8:21). Он гоҳ Яҳува нияти деринаи худро амалӣ гардонда, офаридаҳои бошуури осмонию заминияшро муттаҳид месозад ва онҳо зери ҳукмронии ӯ як оила мешаванд (Эфс. 1:10).

Аз тамоми ин дастовардҳои Яҳува ба ваҷд омада, аъзои заминию осмонии хонаводаи ӯ номи бузургашро ҷалол медиҳанд. Забурнавис аз рӯҳи Худо илҳом ёфта, навишта буд: «Ҳамду сано бод ба Яҳува Худо... Бигзор номи пуршукӯҳаш то абад ситоиш шавад» (Заб. 72:18, 19). Бале, он замон мо сабабҳои бешумор меёбем, то номи Худоро то абад васфу ситоиш намоем.

Номи Яҳуваро ба забон гирифта, тамоми сифатҳояш пеши назарат меоянд, хусусан муҳаббати беҳамтояш (1 Юҳ. 4:8). Дар зиндагии абадӣ мо аз ёд намебарорем, ки Яҳува моро маҳз аз муҳаббат офаридааст, аз муҳаббат товони гуноҳҳоямонро пардохт кардааст ва аз муҳаббат исбот кардааст, ки тарзи ҳукмронии ӯ беҳтарин аст. Мо минбаъд низ шоҳиди он мешавем, ки чӣ тавр Яҳува бар сари офаридаҳояш меҳрпошӣ мекунад. Ҷовидона зиста мо ба Падари меҳрубонамон наздиктар мешавему номи пурҷалолашро абадан ситоиш мекунем (Заб. 73:28).

a Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин гуфта мешавад, ки Яҳува «ба хотири номаш» амал мекунад. Масалан, ӯ ба хотири номи бузургаш хизматгоронашро роҳнамоӣ мекунад, ба онҳо ёрдам мекунад, халосӣ мебахшад, аз гуноҳҳояшон мегузарад ва онҳоро зинда нигоҳ медорад (Заб. 23:3; 31:3; 79:9; 106:8; 143:11).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан