МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 22
СУРУДИ 65 Шитобон рав ба пеш!
Чаро номи Яҳува барои Исо пурарзиш буд?
«Ман номи туро ба онҳо шиносондам ва боз мешиносонам» (ЮҲ. 17:26).
МАҚСАД
Мефаҳмем, ки чӣ хел Исо номи Яҳуваро ба одамон шиносонд, муқаддас гардонд ва аз доғи туҳмат пок кард.
1, 2. а) Исо шаби пеш аз маргаш чӣ кор кард? б) Мо дар ин мақола кадом саволҳоро дида мебароем?
ШАБИ панҷшанбе, 14-уми найсони соли 33-юми милодӣ аст. Исо медонад, ки ба қарибӣ ба ӯ хиёнат мекунанд, ҳукмашро мебароранд, ӯро доварӣ мекунанд ва азоб дода, мекушанд. Навакак Исо бо расулони содиқаш дар болохона хӯроки шом хӯрд ва онҳоро васият карда, қувват бахшид. Баъдтар, пеш аз болохонаро тарк кардан Исо дуои муҳиме гуфт. Он дуоро Юҳаннои расул ба қалам овард ва мо онро аз боби 17-уми Хушхабари ӯ ёфта метавонем.
2 Мо аз дуои Исо дар бораи ташвишҳои оншабаяш чиро мефаҳмем? Чӣ тавр аз дуои Исо мебинем, ки чӣ барои ӯ муҳим буд? Биёед ҷавоби ин ду саволро дида бароем.
«МАН НОМИ ТУРО БА ОНҲО ШИНОСОНДАМ»
3. Исо дар бораи номи Яҳува чӣ гуфт ва ӯ чиро дар назар дошт? (Юҳанно 17:6, 26).
3 Дар дуояш Исо чунин гуфт: «Ман номи туро ба онҳо шиносондам». Дар асл, Исо ин фикрро ду бор қайд кард. (Юҳанно 17:6, 26-ро хонед.) Ӯ чиро дар назар дошт? Оё пеш аз ин шогирдонаш намедонистанд, ки номи Худо Яҳува аст? Азбаски шогирдони Исо яҳудӣ буданд, онҳо аллакай номи Яҳуваро медонистанд. Номи Худо дар Навиштаҳои Ибронӣ ҳазорҳо маротиба вомехӯрад. Аз ин рӯ Исо на худи номи Яҳува, балки чигунагии Падарашро ошкор мекард. Исо бузургиву зебоии Яҳуваро, аз ҷумла ният, корҳо ва хислатҳояшро ба таври нотакрор ошкор кард. Охир, касе Яҳуваро мисли Писараш намешиносад.
4, 5. а) Чӣ тавр номи шахс бароямон маънои дигар пайдо мекунад? Бо мисол фаҳмонед. б) Чӣ тавр шогирдони Исо номи Яҳуваро беҳтар шинохтанд?
4 Биёед мисолеро дида бароем. Фарз кардем, пире бо номи Ҷамшед дар ҷамоати шумо духтур аст. Шумо ӯро солҳои зиёд мешиносед. Як рӯз саломатии шумо чунон бад мегардад, ки ба шумо ёрдами духтур даркор мешавад. Шумо ба ҷойи кори он бародар медавед. Бародар тамоми ҳунарашро истифода бурда, ҳаёти шуморо наҷот медиҳад. Бешубҳа, аз ин пас номи он бародар барои шумо маънои бештаре пайдо мекунад. Шумо ӯро на танҳо чун пири ҷамоататон мешиносед, балки чун духтуре, ки шуморо аз дами марг халос кард.
5 Ба ин монанд, шогирдони Исо аллакай номи Яҳуваро медонистанд. Аз хизмати Исо ин ном барояшон маънои бештаре пайдо кард. Барои чӣ? Исо дар ҳама кору гуфтор ба Яҳува пайравӣ мекард. Аз ин рӯ, вақте шогирдони Исо ба таълимоти ӯ гӯш медоданд ва муносибати ӯро бо дигарон медиданд, Яҳуваро беҳтар мешинохтанд (Юҳ. 14:9; 17:3).
«БА ХОТИРИ НОМИ ХУД, КИ БА МАН ДОДАӢ»
6. Ба кадом маъно Яҳува номи худро ба Исо дод? (Юҳанно 17:11, 12).
6 Дар дуояш Исо дар бораи шогирдонаш чунин гуфт: «Онҳоро ба хотири номи худ, ки ба ман додаӣ, дар паноҳат нигаҳ дор». (Юҳанно 17:11, 12-ро хонед.) Оё номи Исо акнун бояд Яҳува мешуд? Не, зеро дар дуояш Исо нагуфт, ки минбаъд номи ман Яҳува аст. Набошад, вақте Исо гуфт, ки номи Худо ба ӯ дода шуд, чиро дар назар дошт? Пеш аз ҳама Исо намояндаи Яҳува буду аз номи ӯ сухан мегуфт. Ӯ аз номи Яҳува ба замин омад ва ба номи Худо корҳои бузургро анҷом медод (Юҳ. 5:43; 10:25). Инчунин номи Исо маънои «Яҳува наҷот аст»-ро дорад. Бале, номи Яҳува бо номи Исо пайванди ноканданӣ дорад.
7. Фаҳмонед, ки чӣ тавр Исо аз номи Яҳува гап зада метавонист.
7 Барои мисол, ҳоким ба давлати дигар сафирашро мефиристад, ки аз номи ӯ гап занад. Вазни сухани ҳокиму сухани сафир як аст. Исо ҳам мисли сафири Яҳува Падарашро намояндагӣ мекард ва аз номи ӯ гап мезад (Мат. 21:9; Луқ. 13:35).
8. Чӣ тавр пеш аз ба замин омадан Исо аз номи Яҳува амал мекард? (2 Мӯсо 23:20, 21).
8 Исо, ки Калом буд, аз номи Яҳува гап зада, таълиму дастуроти ӯро ба дигар фариштагон ва инчунин ба одамон мерасонд (Юҳ. 1:1–3). Аз афташ, Исо ҳамон фариштае буд, ки дар биёбон Яҳува барои ғамхории халқаш фиристода буд. Яҳува ба исроилиён гуфт, ки ба он фаришта итоат кунанд ва сабабашро фаҳмонд: «Чунки номи ман бар ӯст»a. (2 Мӯсо 23:20, 21-ро хонед.) Ба кадом маъно номи Яҳува «бар» Исо буд? Ба он маъно ки Исо намояндаву номбардори асосии Падараш буд. Ҳамчунин Исо барои пок сохтани номи Падараш хизмати калонтарин карда буд.
«ЭЙ ПАДАР, НОМИ ХУДРО ҶАЛОЛ ДЕҲ»
9. Аз чӣ маълум аст, ки номи Яҳува барои Исо азиз буд? Фаҳмонед.
9 Чи хеле ки дидем, ҳатто пеш аз ба замин омадани Исо номи Яҳува барояш аз ҳама боло буд. Ҳангоми дар замин буданаш ҳам Исо бо ҳар кораш нишон медод, ки номи Яҳува барояш азиз аст. Дар охири хизматаш Исо ба Яҳува муроҷиат карда, чунин гуфт: «Эй Падар, номи худро ҷалол деҳ». Яҳува даррав аз осмон бо овози баланд ҷавоб дода, чунин гуфт: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол медиҳам» (Юҳ. 12:28).
10, 11. а) Исо чӣ тавр номи Яҳуваро ҷалол дод? (Ҳамчунин ба расм нигаред.) б) Чаро номи Яҳува бояд муқаддас гашта, аз туҳмат пок гардад?
10 Исо ҳам ба номи Яҳува ҷалол меовард. Чӣ тавр? Масалан, вақте хислатҳои беҳамтову корҳои Яҳуваро ба дигарон ошкор месохт. Ба ғайр аз ҷалол додани номи Худо, боз як кори дигар дар талаб буд. Бояд номи Яҳува муқаддас мегардиду аз доғи туҳмат пок мешудb. Ҳангоми ба шогирдонаш дуогӯйиро ёд додан Исо қайд кард, ки ин чӣ қадар муҳим аст. Ӯ гуфт: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту муқаддас бод!» (Мат. 6:9).
11 Барои чӣ бояд номи Яҳува муқаддас мегардид ва аз туҳмат пок мешуд? Асрҳо пеш дар боғи Адан Шайтон ба номи Яҳува беҳурматӣ намуда, ӯро туҳмат кард. Шайтон даъво кард, ки Яҳува дурӯғгӯй аст ва чизи хуберо аз Одаму Ҳавво пинҳон медорад (1 Мӯсо 3:1–5). Инчунин Шайтон гуфт, ки корҳои Яҳува нодурустанд. Бо чунин туҳмати бешармона Шайтон Яҳуваро бадном кард. Баъдтар дар замонҳои Айюб Шайтон даъво кард, ки одамон танҳо бо мақсади соҳиби ягон чӣ шудан ба Яҳува хизмат мекунанд. Шайтон боз гуфт, ки меҳри одамон ба Яҳува қалбакӣ аст ва, агар ба одам ягон озмоиш зӯрӣ кунад, ӯ хизматашро ба Яҳува бас мекунад (Айюб 1:9–11; 2:4). Пас, кӣ дурӯғгӯй аст, Яҳува ё Шайтон? Барои маълум гаштани ин вақт даркор буд.
Исо ба пайравонаш ёд дод, ки муқаддас гардондани номи Яҳува чӣ қадар муҳим аст (Ба сархати 10 нигаред.)
«МАН ҶОНАМРО ФИДО МЕКУНАМ»
12. Аз муҳаббат ба номи Яҳува Исо ба кадом кор тайёр буд?
12 Исо Яҳуваро дӯст медошт. Аз ин рӯ ӯ ба ҳама кор тайёр буд, то номи Яҳуваро пок созад ва муқаддас гардонад. Ӯ чунин гуфт: «Ман ҷонамро фидо мекунам» (Юҳ. 10:17, 18). Бале, ӯ ҳатто тайёр буд, ки барои номи Яҳува ҷонашро қурбон кунадc. Одаму Ҳавво аз Яҳува рӯй гардонда тарафдори Шайтон шуданд. Баръакси онҳо Исо ба замин омада, муҳаббаташро ба Яҳува исбот кард ва то дақиқаи охирини умраш ба Яҳува вафодор монд (Ибр. 4:15; 5:7–10). Ӯ ба азобҳои сутуни шиканҷа тоқат карда, меҳрашро ба Яҳува ва номи ӯ исбот кард (Ибр. 12:2).
13. Чаро Исо бо роҳи беҳтарин дурӯғгӯй будани Шайтонро исбот кард? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
13 Бо тарзи ҳаёташ Исо дурӯғгӯйии Шайтонро рӯйи об баровард (Юҳ. 8:44). Ягон кас Яҳуваро чени Исо намешиносад. Барои ҳамин, агар туҳмати Шайтон як зарра дуруст мебуд, ин аз назари Исо пинҳон намемонд. Лекин Исо, ки аз Яҳува дилпур буд, бо ҷидду ҷаҳд аз номи поки Яҳува пуштибонӣ мекард. Ҳатто вақте Яҳува муддате дасти ҳимояашро аз Исо гирифт, ӯ қарор кард, ки ҷон медиҳаду аз Яҳува рӯй намегардонад (Мат. 27:46)d.
Исо бо тарзи ҳаёташ пурра исбот кард, ки Шайтон дурӯғгӯй аст, на Яҳува! (Ба сархати 13 нигаред.)
«КОРЕРО, КИ БА МАН СУПОРИДӢ, БА АНҶОМ РАСОНИДАМ»
14. Чӣ тавр Яҳува вафодории Исоро мукофот дод?
14 Шаби пеш аз маргаш Исо чунин дуо гуфт: «Кореро, ки ба ман супоридӣ, ба анҷом расонидам». Исо боварӣ дошт, ки барои вафодорияш Яҳува ба ӯ мукофот медиҳад (Юҳ. 17:4, 5). Ба Худояш такя карда, Исо фиреб нахӯрд. Яҳува намонд, ки Исо дар гӯр монад, балки ӯро зинда карда, дар осмон мавқеи баландтар бахшид (Кор. 2:23, 24; Флп. 2:8, 9). Бо гузашти вақт Исо ҳамчун шоҳи Подшоҳии Худо ҳукмрониро сар кард. Подшоҳии Худо чӣ корҳоро ба анҷом мерасонад? Ба ин савол аз қисми дуюми дуои намунавии Исо ҷавоб меёбем: «Подшоҳии ту биёяд. Хости ту дар замин чун дар осмон иҷро гардад» (Мат. 6:10).
15. Исо боз кадом корҳоро ба анҷом мерасонад?
15 Дар ояндаи наздик Исо бар зидди душманони Худо ҷангида, бадкоронро дар ҷанги Ҳармаҷиддӯн нест мекунад (Ошкор. 16:14, 16; 19:11–16). Каме баъд ӯ Шайтонро ба «чоҳи бетаг» мепартояд ва Шайтон гӯё ки мурда бошад, дар он ҷой чизе карда наметавонад (Ошкор. 20:1–3). Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолааш Исо сулҳу осоиштагиро барқарор карда, одамонро сӯйи комилӣ мебарад. Ӯ мурдагонро зинда мекунад ва тамоми заминро ба биҳишт табдил медиҳад. Он гоҳ нияти Яҳува амалӣ мегардад (Ошкор. 21:1–4).
16. Дар охири Ҳукмронии ҳазорсола ҳаёт чӣ хел мешавад?
16 То охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Исо чӣ рӯй медиҳад? Гуноҳу нокомилии одамон аз байн мераванд. Дигар ба одамон бахшоиш дар асоси товон даркор намешавад. Инчунин ба онҳо на миёнаравии Исо, на қоҳинии 144 000 нафар барои дӯстӣ бо Яҳува даркор намешавад. «Душмани охирин [марги аз Одам меросгирифта] нест карда мешавад». Мурдаҳо зинда мешаванд ва қабрҳо холӣ мегарданд. Ҳама дар рӯйи замин комилиро ба даст меоранд (1 Қӯр. 15:25, 26).
17, 18. а) Дар охири Ҳукмронии ҳазорсола чӣ рӯй медиҳад? б) Исо баъди ба охир расидани ҳукмронияш чӣ кор мекунад? (1 Қӯринтиён 15:24, 28). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
17 Дар охири Ҳукмронии ҳазорсолаи Исо боз чӣ мешавад? Чизи бениҳоят муҳим рӯй хоҳад дод. Ба масъалаи баҳснок нуқта гузошта мешавад ва покиву одилии Яҳува ба пуррагӣ исбот мегардад. Чӣ тавр? Дар боғи Адан Шайтон даъво карда буд, ки Яҳува дурӯғгӯй аст ва аз рӯйи муҳаббат ҳукмронӣ намекунад. Аз он вақт сар карда онҳое, ки Яҳуваро ҳурмат мекарданду ба ӯ итоат мекарданд, борҳои зиёд номи ӯро муқаддас гардонданд. Номи Яҳува аз доғи туҳмат пок карда шуд. Исбот гардид, ки Яҳува Падари осмонии пур аз меҳру муҳаббат аст.
18 Дар охири Ҳукмронии ҳазорсола маълум мешавад, ки ҳама гуфтаҳои Шайтон дар ҳаққи Яҳува туҳматанд. Вақте ҳукмронии Исо ба охир мерасад, ӯ чӣ кор мекунад? Ӯ ҳам мисли Шайтон рафтор карда, ба зидди Яҳува мебарояд? Не! (1 Қӯринтиён 15:24, 28-ро хонед.) Исо подшоҳиро ба Падараш баргардонда, ба ӯ тобеъ мешавад. Аз муҳаббат ба Яҳува Исо тайёр аст, ки аз баҳри ҳама чиз гузарад.
Исо дар охири Ҳукмронии ҳазорсола подшоҳиро ба дасти Яҳува месупорад (Ба сархати 18 нигаред.)
19. Номи Яҳува барои Исо чӣ қадар муҳим аст?
19 Ҷойи ҳайраташ нест, ки Яҳува номашро ба Исо дода буд. Исо бекаму кост сифатҳои Яҳуваро акс мекард. Номи Яҳува барои Исо аз ҳама чизи муҳим аст. Барои номи Яҳува ӯ тайёр буд, ки ҷонашро қурбон кунад ва дар охири Ҳукмронии ҳазорсола тайёр аст, ки подшоҳиро ба Яҳува баргардонад. Чӣ тавр мо ба Исо пайравӣ карда метавонем? Ҷавоби ин саволро дар мақолаи оянда дида мебароем.
СУРУДИ 159 Яҳуваро ҷалол диҳед
a Баъзан фариштагон аз номи Яҳува суханони ӯро ба одамон мерасонданд. Барои ҳамин дар Китоби Муқаддас ҳолатҳое ҳастанд, ки ба фариштагон Яҳува гуфта, муроҷиат мекунанд (1 Мӯсо 18:1–33). Гарчанде дар Навиштаҳо гуфта мешавад, ки Мӯсо Шариатро аз Яҳува гирифт, дигар порчаҳо ошкор месозанд, ки Яҳува ба воситаи фариштагон ин Шариатро дод (3 Мӯсо 27:34; Кор. 7:38, 53; Ғал. 3:19; Ибр. 2:2–4).
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Чизеро «муқаддас» донистан маънои ба он эҳтироми зиёд доштан ва онро азиз донистанро дорад. Номи касеро «пок» кардан маънои онро дорад, ки ту обрӯйи ӯро аз доғи туҳмат тоза мекунӣ ё исбот мекунӣ, ки ӯ беайб аст.
c Марги Исо ҳамчунин ба одамизод роҳи ҳаёти ҷовидонаро боз кард.
d Ба «Саволи хонандагон» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи апрели соли 2021, саҳ. 30, 31 нигаред.