МАҚОЛАИ ОМӮЗИШӢ 50
СУРУДИ 89 Насиҳати падаронаи Яҳува: «Эй писарам, бохирад бош»
Волидон, ба фарзандатон кумак кунед, ки имонашро қавӣ созад
«Бифаҳмед, ки хости неку, писандида ва комили Худо чист» (РУМ. 12:2).
МАҚСАД
Мо мебинем, ки чӣ тавр волидон бо фарзандонашон суҳбатҳои озоду имонбахш карда метавонанд.
1, 2. Вақте кӯдак дар бораи Китоби Муқаддас ва боварҳои мо савол медиҳад, волидон бояд чӣ кор кунанд?
ТАРБИЯИ фарзанд вақту қуввати зиёди волидонро мегирад. Агар шумо падару модар бошед, барои тарбияи рӯҳонӣ додан ба фарзандатон сазовори таърифед (5 Мӯсо 6:6, 7). Кӯдакатон ки калон шудан гирад, дар бораи меъёрҳову таълимоти Китоби Муқаддас ва боварҳои мо саволҳои ҷиддӣ доданро сар мекунад.
2 Шояд, шумо чунин саволҳои фарзандатонро шунида, хавотир шавед. Мумкин ба назаратон тобад, ки имони вай суст шуда истодааст. Вале хавотир нашавед. Кӯдакон ба воя расида, бовару эътиқодҳои худро ҳосил мекунанд. Барои ин онҳо бояд саволи бисёр диҳанд (1 Қӯр. 13:11). Аз ин рӯ, вақте фарзандатон дар бораи боварҳои мо савол медиҳад, инро қадр кунед. Аз чунин фурсатҳо истифода бурда фикрронии ӯро машқ диҳед.
3. Дар ин мақола чиро дида мебароем?
3 Аз ин мақола волидон фаҳмида метавонанд, ки чӣ тавр ба фарзандонашон ёрӣ расонанд, то 1) бовару эътиқодҳои худро ҳосил кунанд, 2) ба қадри меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддас расанд ва 3) аз бовару эътиқодашон пуштибонӣ кунанд. Мо ҳамчунин дида мебароем, ки савол додани кӯдакон чӣ фоида меорад ва волидон барои гап задан дар бораи ҳақиқат аз кадом машғулиятҳо истифода бурда метавонанд.
БА КӮДАКАТОН ЁРӢ ДИҲЕД, КИ ИМОНАШРО ИНКИШОФ ДИҲАД
4. Дар сари кӯдак чӣ хел саволҳо пайдо шуда метавонад ва чаро?
4 Волидони масеҳӣ дарк мекунанд, ки одам бо имон ба Яҳува таваллуд намешавад ва онро аз падару модараш мерос намегирад. Бо гузашти вақт ба сари ҳар як кӯдак чунин саволҳо омада метавонанд: «Аз куҷо донам, ки Худо вуҷуд дорад? Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас фоида меоварда бошанд?» Каломи Худо моро ташвиқ мекунад, ки ақлу фаросатамонро кор фармуда, ҳама чизро санҷем (Рум. 12:1; 1 Тас. 5:21). Чӣ хел ба фарзандатон ёрӣ расонда метавонед, ки имонашро қавӣ созад?
5. Чӣ тавр волидон имони фарзандашонро ба Китоби Муқаддас зиёд карда метавонанд? (Румиён 12:2).
5 Фарзандатонро ташвиқ кунед, ки ростиро бисанҷад. (Румиён 12:2-ро хонед.) Вақте фарзандатон саволҳо медиҳад, аз фурсат истифода бурда ба ӯ адабиёт барои кофтуковро нишон диҳед, ба монанди «Индекси адабиёти Бурҷи дидбонӣ» ва «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува». Ӯ метавонад аз «Роҳнамо» мавзуи «Китоби Муқаддас»-ро интихоб кунаду ба зермавзуи «Зери илҳоми Худо» назар кунад. Аз ин сарчашмаҳо ӯ бо далелҳои зиёд шинос шуда, мефаҳмад, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост, на китоби ҳикмати инсонӣ (1 Тас. 2:13). Масалан, ӯ метавонад дар бораи шаҳри қадимаи ошуриён, Нинве, хонад. Дар гузашта баъзе донишмандон мегуфтанд, ки шаҳри Нинве ҳеҷ гоҳ вуҷуд надоштааст. Солҳои 1850-ум бошад, дар натиҷаи кофтукови бостонӣ вайронаҳои ин шаҳр пайдо гардид (Саф. 2:13–15). Ҳаққонияти Китоби Муқаддас бори дигар исбот шуд. Ӯ ҳамчунин метавонад мақолаи «Оё шумо медонед»-ро аз «Бурҷи дидбонӣ»-и моҳи ноябри соли 2021 хонда, фаҳмад, ки чӣ хел пешгӯйии Китоби Муқаддас дар бораи нестшавии Нинве иҷро гардид. Маълумотеро, ки ӯ аз адабиётамон мегирад, бо маълумоти донишномаҳову дигар сарчашмаҳои боваринок муқоиса карда, имону боварияшро ба Китоби Муқаддас зиёд мегардонад.
6. Чӣ тавр волидон кӯдакашонро ба кофтукову андешаронӣ ташвиқ карда метавонанд? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
6 Фарзандатонро ба кофтукову андешаронӣ ташвиқ кунед. Падару модар имкониятҳои зиёд доранд, ки бо фарзандашон дар бораи Китоби Муқаддас ё имон ба Худо суҳбатҳои шавқовар кунанд. Чунин суҳбатҳо ҳангоми рафтан ба осорхона, ба ягон боғи ботаникӣ ё тамошои яке аз филиалҳои Шоҳидони Яҳува пайдо шуда метавонад. Масалан, вақте шумо ба осорхонае меравед ё ба таври онлайн онро тамошо мекунед, диққати кӯдакатонро ба рӯйдодҳо ё ашёҳои таърихие равона кунед, ки ҳаққонияти Китоби Муқаддасро исбот мекунанд. Оё фарзандатон медонад, ки дар лавҳаи сеҳазорсолае, ки Санги Мӯобӣ ном дорад, номи Худо Яҳува навишта шудааст? Худи ин санг дар осорхонаи Луври Париж воқеъ аст. Як нусхаи Санги Муобӣ дар осорхонаи Шоҳидони Яҳува дар Уорвик ба намоиш гузошта шудааст. Дар Санги Муобӣ гуфта мешавад, ки подшоҳи Мӯоб Мешо зидди Исроил исён мебардорад. Китоби Муқаддас низ ҳамин суханро тасдиқ мекунад (4 Подш. 3:4, 5). Дурустиву дақиқии Китоби Муқаддасро бо чашмони худ дида, имони фарзандатон қавитар мегардад. (Бо 2 Воқеанома 9:6 муқоиса кунед.)
Чӣ тавр шумо аз ашёҳои осорхона истифода бурда боварии кӯдакатонро ба Каломи Худо қавӣ сохта метавонед? (Ба сархати 6 нигаред.)
7, 8. а) Мо аз офаридаҳо ва шаклу қолабҳои онҳо чиро мефаҳмем? Мисол оред. (Ҳамчунин ба расм нигаред.) б) Ба воситаи кадом саволҳо имони кӯдакатонро ба Офаридгор қавӣ карда метавонед?
7 Диққати фарзандатонро ба табиат равона кунед. Вақте берун аз шаҳр сайругашт мекунед ё дар боғчаатон кор мекунед, диққати фарзандатонро ба шаклу қолабҳое, ки дар табиат вомехӯранд, равона кунед. Чаро? Чунки ин хату қолабҳо аз мавҷудияти Офаридгори пурхирад гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, олимон хатҳои морпечро дар табиат солҳои зиёд меомӯхтанд. Физикдони табиатшинос Никола Фамели мефаҳмонад, ки, агар ҳангоми мушоҳидаи табиат шумораи хатҳои морпечро ҳисоб кунӣ, як қатори муайяни ададҳо ҳосил мешавад. Ин қатори ададҳо тартиби Фибоначчиa ном дорад. Хатҳои морпеч дар бисёр ҷойҳо дида мешаванд. Масалан, дар шакли баъзе галактикаҳо, барги растаниҳо, гули офтобпараст ва садафи малвонак ном ҷонвари баҳрӣb.
8 Табиатшиносӣ ва дигар фанҳоро омӯхта, кӯдакатон мефаҳмад, ки шакли бисёр чизҳо дар табиат аз рӯйи баъзе қонунҳо таркиб ёфтааст. Масалан, ҳар як барфреза аз рӯйи қолаби геометрие шакл ёфтааст, ки фрактал ном доранд. Шаклҳои фракталӣ дар табиат бисёр дида мешаванд. Вале офарандаву эҷодкори ҳамаи ин нақшҳои зебо кист? Тарҳи мураккабу дақиқи ин шаклҳоро дар табиат кӣ кашидааст? Дар бораи ин саволҳо мулоҳиза ронда, имони фарзандатон ба Худо, Офаридгори ҳама чиз, қавӣ шуда метавонад (Ибр. 3:4). Бо гузашти вақт шумо ба ӯ чунин савол дода метавонед: «Агар Худо Офаридгори мо бошад, наход ӯ барои хушбахт шуданамон ягон дастурамали ахлоқӣ надиҳад?» Сипас шумо гуфта метавонед, ки чунин дастурамал Китоби Муқаддас мебошад.
NASA, ESA, and the Hubble Heritage (STScl/AURA)-ESA/Hubble Collaboration
Эҷодкори ҳамаи нақшҳои зебо дар табиат кист? (Ба сархатҳои 7 ва 8 нигаред.)
БА КӮДАКАТОН ЁРӢ ДИҲЕД, КИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ КАЛОМРО ҚАДР НАМОЯД
9. Аз кадом сабаб баъзан кӯдак бо меъёрҳои Каломи Худо розӣ намешавад?
9 Агар дили фарзандатон дур равад, ки аз рӯйи Калом зистан фоида меорад, шумо чӣ кор карда метавонед? Кӯшиш кунед сабаби чунин шубҳаҳояшро фаҳмед. Оё ӯ дар ҳақиқат бо меъёрҳои Калом розӣ нест ё ки вақти бо дигарон суҳбат кардан наметавонад дурустии онҳоро исбот кунад? Дар ҳар ду ҳолат шумо бо кӯдакатон китоби «То абад зинда бошед!»-ро омӯхта, ба вай ёрӣ мерасонед, ки ба қадри меъёрҳои ахлоқии Калом расадc.
10. Чӣ тавр ба кӯдакатон ёрӣ дода метавонед, ки бо Яҳува дӯст шавад?
10 Ба кӯдакатон ёрӣ расонед, ки дӯстияшро бо Яҳува қадр кунад. Ҳангоми омӯзиш бо фарзандатон бо ёрии саволҳо ва расмҳои китоби «То абад зинда бошед!» фикру ақидаи ӯро дар мавзуъҳои гуногун фаҳмед (Пнм. 20:5). Масалан, дар дарси 8-ум Яҳува ба дӯсти меҳрубоне монанд мешавад, ки бо маслиҳатҳои фоиданокаш моро аз хатар нигаҳ медорад. Баъд аз он ки 1 Юҳанно 5:3-ро муҳокима кунед, шумо пурсида метавонед: «Яҳува ин қадар Дӯсти хуби мо ки бошад, ба маслиҳатҳояш бояд чӣ назар дошта бошем?» Бо ёрии ин саволи одӣ шумо ба фарзандатон нишон медиҳед, ки Яҳува аз муҳаббаташ ба мо қонунҳояшро додааст (Иш. 48:17, 18).
11. Арзиши принсипҳои Китоби Муқаддасро чӣ тавр ба кӯдак нишон додан мумкин? (Панднома 2:10, 11).
11 Фоидаи бакорбарии принсипҳои Китоби Муқаддасро муҳокима кунед. Вақте бо аҳли оилаатон ояти рӯз ё Китоби Муқаддасро мехонед, аз онҳо пурсед, ки принсипҳои Калом барояшон чӣ фоида овард. Масалан, аз фарзандатон пурсида метавонед: «Ростгӯву ростқавл будан ба ту чӣ фоида овардааст?» (Ибр. 13:18). Шумо ҳамчунин метавонед диққатро ба он равона кунед, ки корбурди принсипҳои Каломи Худо чӣ хел касро аз азоби ҷисмониву равонӣ нигаҳ медорад (Пнм. 14:29, 30). Вақте якҷоя ин принсипҳоро дида мебароед, арзиши маслиҳатҳои Калом дар чашми фарзандатон меафзояд. (Панднома 2:10, 11-ро хонед.)
12. Чӣ хел Стиву ҳамсараш фоидаи бакорбарии принсипҳои Каломро ба фарзандашон нишон доданд?
12 Стив, падаре аз Фаронса, ҳамроҳи занаш ба фарзанди наврасашон Итан ёрдам мекунанд, ки дар қонунҳои Яҳува муҳаббати ӯро бубинад. Стив мегӯяд: «Ягон панди Китоби Муқаддасро дида баромада, мо ба ӯ чунин саволҳо медиҳем: “Барои чӣ Яҳува риояи ин принсипҳоро аз мо талаб мекунад? Чӣ хел муҳаббати ӯ дар ин маълум мешавад? Агар ин принсипро ба кор набарӣ, чӣ шуданаш мумкин аст?”» Бо ёрии чунин суҳбатҳо Итан бо ақлу дили худ меъёрҳои ахлоқии Яҳуваро қабул намуд. Стив мегӯяд: «Мо мехоҳем Итан бинад, ки хиради Китоби Муқаддас аз ҳикмати инсонӣ аз замин то осмон фарқ мекунад».
13. Чӣ тавр волидон ба фарзандашон ба кор бурдани принсипҳои Каломро ёд дода метавонанд? Мисол оред.
13 Фарзандатонро машқ диҳед, ки принсипҳои Каломро ба кор барад. Чунин имконият вақте пайдо шуда метавонад, ки ба фарзандатон дар мактаб хондани китоберо супориш диҳанд. Шояд, дар ин китоб рафтори одамони бадахлоқ ё бадхашм дурусту ибратомӯз тасвир шудааст. Ба фарзандатон пешниҳод карда метавонед, ки рафтори қаҳрамонони ин китобро аз нигоҳи принсипҳои Китоби Муқаддас баҳо диҳад (Пнм. 22:24, 25; 1 Қӯр. 15:33; Флп. 4:8). Ҳамин тавр ӯ метавонад вақти муҳокимаи супоришаш ба ҳамсинфону муаллимаш шаҳодат диҳад.
КӮДАКАТОНРО БАРОИ ПУШТИБОНӢ КАРДАН АЗ БОВАРУ ЭЪТИҚОДҲОЯШ ТАЙЁР КУНЕД
14. Барои масеҳиёни ҷавон фаҳмондани кадом мавзуъҳо мушкил аст ва чаро?
14 Баъзан масеҳиёни ҷавон ҷуръат намекунанд, ки бовару эътиқодашонро ҳимоя кунанд. Ин вақти гузаштани мавзуи эволютсия рӯй дода метавонад. Муаллимон баъзан эволютсияро чун ҳақиқати илмӣ пешкаш мекунанд. Падару модарон, чӣ хел ба фарзандатон ёрӣ расонда метавонед, ки дилпурона дар эътиқодаш устувор монад?
15. Ба масеҳиёни ҷавон чӣ кумак мекунад, ки бовару эътиқодашонро қавӣ созанд?
15 Ба фарзандатон дилпурӣ бахшед. Фарзандатон аз он ки ҳақиқатро дар бораи офариниш медонад, набояд шарм дорад (2 Тим. 1:8). Охир, бисёри олимон ҳам фикр мекунанд, ки ҳаёт худ аз худ пайдо нашудааст. Онҳо пушти ҳамаи ин дақиқкорию мураккабии зебои табиат ангушти Офаридгорро мебинанд. Аз ин рӯ онҳо назарияи эволютсияро, ки дар саросари ҷаҳон таълим дода мешавад, қабулдор нестанд. Вақте фарзандатон дар бораи он андеша меронад, ки барои чӣ баъзе бародару хоҳарон бовар карданд, ки ҳаёт офарида шудааст, бовару эътиқоди худашон ҳам қавӣ мегардадd.
16. Чӣ тавр волидон фарзандашонро тайёр карда метавонанд, ки боварашро ба Офаридгор ҳимоя кунад? (1 Петрус 3:15). (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
16 Фарзандатонро тайёр кунед, ки боварашро ба Офаридгор ҳимоя кунад. (1 Петрус 3:15-ро хонед.) Шумо метавонед бо кӯдакатон аз сомонаи jw.org аз силсилаи «Саволҳои ҷавонон. Офариниш ё эволютсия» мақолаҳоро дида бароед. Сипас ҳамроҳи фарзандатон далелҳоеро дида бароед, ки ба назари ӯ боварибахштаранд. Ӯ метавонад аз ин далелҳо истифода карда, вуҷуд доштани Офаридгорро исбот кунад. Вале ба ӯ ёдрас кунед, ки шарт нест бо ҳамсинфонаш баҳс кунад. Агар касе аз ҳамсинфонаш суҳбати самимӣ кардан хоҳад, ӯ хубаш саволу далелҳои одиву мантиқиро кор фармояд. Масалан, ҳамсинфаш, шояд, чунин гӯяд: «Ман фақат ба чизе бовар мекунам, ки мебинам. Худоро ман ягон бор надидаам». Масеҳии ҷавон бошад, ҷавоб дода метавонад: «Тасаввур кун, ки ту аз ҷангале гузашта истодаиву чоҳи обро мебинӣ. Ту ба чӣ хулоса меоӣ? Агар чоҳро ягон кас канда бошад, наход коинот офаридгоре надорад?»
Вақте ба ҳамсинфатон дар бораи боварҳои худ мефаҳмонед, одиву мантиқӣ гап занед (Ба сархатҳои 16 ва 17 нигаред.)e
17. Чӣ тавр волидон фарзандашонро ташвиқ карда метавонанд, ки ростии Каломро ба дигарон расонад? Мисол оред.
17 Фарзандатонро ташвиқ кунед, ки ростии Каломро ба дигарон низ расонад (Рум. 10:10). Шумо кӯшишҳои ӯро дар хабаррасонӣ бо кӯшишҳои касе монанд карда метавонед, ки навохтани ягон асбоби мусиқиро ёд мегирад. Дар аввал чунин кас навохтани оҳангҳои содаро таълим мегирад. Бо гузашти вақт навохтан барояш осонтар мешавад. Масеҳии ҷавон ҳам дар аввал метавонад ҳангоми хабаррасонӣ пешниҳоди содаеро истифода барад. Масалан, ӯ аз ҳамсинфаш пурсида метавонад: «Медонӣ, ки бисёр вақт одамон ба табиат нигоҳ карда, ягон чиз ихтироъ мекунанд. Биё ба ту як видеои зӯрро нишон медиҳам». Сипас ӯ метавонад видеонавореро аз бахши «Оё ин офарида шудааст?» нишон дода, гӯяд: «Вақте ягон олим ба табиат нигоҳ карда, ягон чиз месозад, ӯро таъриф мекунанд. Набошад, барои чӣ Офаридгори табиатро таъриф накунем?» Ҳамин хел пешниҳоди одӣ завқи ҷавонро барои бештар фаҳмидан бедор карда метавонад.
БА КӮДАКАТОН ЁРӢ ДИҲЕД, КИ ИМОНАШРО ҚАВӢ СОХТАН ГИРАД
18. Чӣ тавр волидон имони фарзандашонро минбаъд низ ба Худо қавӣ карда метавонанд?
18 Мо дар байни одамоне зиндагӣ дорем, ки ба Яҳува бовар надоранд (2 Пет. 3: 3). Аз ин рӯ, волидон, бо фарзандатон Китоби Муқаддасро омӯхта, ӯро ташвиқ кунед, ки кофтуков кунад. Мавзуъҳои гуногунро омӯхта, бовараш ба Каломи Худо зиёд мегардаду эҳтиромаш ба амрҳои Яҳува меафзояд. Диққати ӯро ба офаридаҳои гуногуни Яҳува равона карда, фикрронияшро машқ диҳед. Ба ӯ маслиҳат диҳед, ки пешгӯйиҳои ҳайратангези Калом ва иҷро шудани онҳоро омӯзад. Беш аз ҳама, дар ҳаққи ӯ дуо гӯед ва ҳамроҳаш низ ба Яҳува дуо гӯед. Бо ин роҳҳо шумо ба фарзандатон ёрӣ мерасонед, ки имонашро қавӣ созад. Агар чунин кунед, Яҳува заҳматҳои шуморо баракат медиҳад (2 Воқ. 15:7).
СУРУДИ 41 Ба Яҳува аз ҷавонӣ ибодат намо
a Дар қатори Фибоначчи ҳар як адади навбатӣ ба ҳосили ҷамъи ду адади пешин баробар аст: 1, 1, 2, 3, 5, 8... ва ғайра.
b Барои гирифтани маълумоти бештар аз сомонаи jw.org ба видеонавори «Офаридаҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд. Нақшу нигор» (рус.) нигаред.
c Агар бо кӯдакатон омӯзиши китоби «То абад зинда бошед!»-ро тамом карда бошед, метавонед дар бораи меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддас баъзе дарсҳоро аз фасли 3 ва 4 дида бароед.
d Ба «Бедор шавед!» мақолаи «Чаро ба Офаридгор бовар дорем?» аз моҳи сентябри с. 2006 (рус.) ва китобчаи «Пайдоиши ҳаёт. Панҷ саволи муҳими ҷавобталаб» нигаред. Намунаҳои дигарро аз сомонаи jw.org аз силсилаи видеонавори «Ақидаи одамон дар бораи пайдоиши ҳаёт» ёфта метавонед.
e ШАРҲИ РАСМ: Бародари ҷавоне ба ҳамсинфаш, ки ба дрон шавқ дорад, силсилаи видеонавори «Оё ин худ аз худ пайдо шудааст»-ро нишон медиҳад.