МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 37
СУРУДИ 115 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем
Ҷавоби беҳтарин ба беадолатӣ
«Ӯ умедвори адолат буд, аммо аз он ноҳақӣ сар зад» (ИШ. 5:7).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки чӣ хел аз Исо ибрат гирифта ба беадолатӣ тавре ҷавоб диҳем, ки писанди Яҳува бошад.
1, 2. Беадолатиро дида одамон ба кадом корҳо даст мезананд? Дар дили мо чӣ хавотириҳо пайдо мешаванд?
МО ДАР ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки пур аз беадолатист. Одамон аз бисёр сабабҳо бо беадолатӣ рӯ ба рӯ мешаванд: вазъи иқтисодӣ, ҷинс, миллат ё нажод. Бисёриҳо аз душвориҳои муҳит азоб мекашанд, ки бо сабаби роҳбарони чашмгуруснаву порахӯр ба миён меояд. Ин ва дигар беадолатиҳо ба мо ва наздиконамон бетаъсир намемонад.
2 Мо ҳайрон намешавем, ки барои чӣ бисёриҳо аз беадолатиҳои ин ҷаҳон ба ғазаб меоянд. Ҳамаи мо мехоҳем дар дунёи осоишта зиндагӣ кунем, дар дунёе, ки аз беадолатӣ ному нишоне набошад. Имрӯз баъзеҳо дар корҳои ислоҳи сиёсат иштирок мекунанд, ба дархости дигаргунии сиёсию иҷтимоӣ имзо мемонанд, ба шӯришҳо ҳамроҳ мешаванд ва роҳбарон ё ҳизбҳои сиёсиеро дастгирӣ мекунанд, ки аз байн бурдани беадолатиро ваъда медиҳанд. Лекин мо масеҳиён таълим гирифтаем, ки аз ин ҷаҳон набошем (Юҳ. 17:16). Мо интизори замоне ҳастем, ки Подшоҳии Худо беадолатиро решакан мекунад. Ба ҳар ҳол, вақте мебинем, ки ба касе беадолатӣ мекунанд, беқарор мешавем ё ҳатто ба ғазаб меоем. Мо, шояд, мегӯем: «Ба ин кори ӯ ман бояд чӣ хел ҷавоб диҳам? Дар ин ҳолат чӣ кор кунам?» Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан биёед бинем, ки Яҳува ва Исо ба беадолатӣ чӣ тавр муносибат мекунанд.
ЯҲУВА ВА ИСО АЗ БЕАДОЛАТӢ НАФРАТ ДОРАНД
3. Чаро мо аз беадолатӣ ба ғазаб меоем? (Ишаъё 5:7).
3 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки чаро мо тобу тоқати беинсофиро надорем. Аз он мефаҳмем, ки Яҳува моро ба сурати худ офаридааст. Ӯ бошад, «адлу инсофро дӯст медорад» (Заб. 33:5; 1 Мӯсо 1:26). Яҳува ҳеҷ гоҳ беинсофӣ намекунад ва намехоҳад, ки дигарон низ ин тавр амал кунанд (5 Мӯсо 32:3, 4; Мико 6:8; Зак. 7:9). Масалан, дар замонҳои пайғамбар Ишаъё Яҳува «доду фиғон»-и исроилиёнеро, ки аз зулми ҳамдиёронашон ба дод омада буданд, шунид. (Ишаъё 5:7-ро хонед.) Ӯ касонеро, ки гаштаву баргашта Шариати ӯро вайрон мекарданду ба дигарон ҷабру ситам менамуданд, ҷазо дод (Иш. 5:5, 13).
4. Вақте ба марде беадолатӣ карданд, Исо чӣ ҳис кард? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
4 Мисли Яҳува Исо низ адолатро дӯст медораду аз беадолатӣ нафрат дорад. Боре ҳангоми хизмати заминияш ӯ мардеро дид, ки дасташ хушк шуда буд. Исо ба ӯ раҳмаш омаду ӯро шифо додан хост, лекин ин ба сардорони дин маъқул нашуд. Ин дилсахтони қонунпараст риояи кӯр-кӯронаи шанберо аз беҳбудии одамон боло медонистанд. Ин рафтори онҳо ба Исо чӣ хел таъсир кард? Ӯ «аз дилсахтияшон бисёр ғамгин шуд» (Марқ. 3:1–6).
Баръакси сардорони дин дили Исо ба одамон месӯхт ва кумакашон мекард (Ба сархати 4 нигаред.)
5. Агар аз беадолатӣ ба ғазаб оем, чиро бояд дар ёд дорем?
5 Агар Яҳува ва Исо аз беадолатӣ ба ғазаб омада бошанд, дар мо ҳам чунин ҳиссиёт пайдо шуданаш табиӣ аст (Эфс. 4:26). Лекин мо бояд дар ёд дорем, ки ғазабамон асоснок бошад ҳам, пеши роҳи беадолатиро намегирад. Агар ғазабро аз дил набарорем ё ҷилави онро сар диҳем, асабҳоямонро хароб мекунему худамонро касал (Заб. 37:1, 8; Яъқ. 1:20). Набошад, чӣ тавр ба беадолатӣ муносибат кунем? Рафтори Исо бароямон ибратомӯз аст.
ИСО БА БЕАДОЛАТӢ ЧӢ ТАВР МУНОСИБАТ МЕКАРД?
6. Вақте Исо дар рӯйи замин буд, чӣ бедодиҳоро дид? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
6 Вақте Исо дар рӯйи замин буд, ӯ шоҳиди беадолатиҳои зиёд гашт. Дар он замон сардорони дин ба гардани мардуми одӣ ҳазору як қоида бор карда, ҳаёташонро вазнин гардонда буданд (Мат. 23:2–4). Ҳукуматдорони румӣ ҳам бо ҷабру ситамашон рӯзи мардумро сиёҳ мекарданд. Бисёр яҳудиён ташнаи озодӣ буданд, мехостанд, аз дасти Рум халос шаванд. Баъзеҳо, масалан, гурӯҳе бо номи зелотҳо барои озодияшон меҷангиданд. Лекин Исо дар ҷомеа ягон дигаргунӣ дароварданӣ намешуду дигаронро ҳам ба ин кор даъват намекард. Вақте фаҳмид, ки мардум ӯро подшоҳ карданиянд, ӯ аз онҳо дур шуд (Юҳ. 6:15).
Исо ба сиёсат дахолат намекард. Вақте ӯро подшоҳ карданӣ шуданд, ӯ аз онҳо дур шуд (Ба сархати 6 нигаред.)
7, 8. Чаро Исо вақте дар замин буд, аз пайи нест кардани беадолатӣ нагашт? (Юҳанно 18:36).
7 Вақти дар замин буданаш Исо ҳаракат намекард, ки ба сиёсат дахолат карда, беадолатиро аз байн барад. Барои чӣ? Чунки ӯ медонист, ки одамизод ба худ на ҳукмронӣ карда метавонаду на ба ин кор ҳақ дорад (Заб. 146:3; Ирм. 10:23). Инсон наметавонад зулму беадолатиро аз бехаш канад. Охир, дунё дар дасти Шайтони золиму хунхор аст. Зӯри инсони хокӣ намерасад, ки ӯро нест карда, дунёро аз таъсири бади ӯ халос кунад (Юҳ. 8:44; Эфс. 2:2). Ғайр аз ин, одам чӣ қадар адолатхоҳу адолатдӯст набошад, аз пушти нокомилӣ наметавонад ҳамеша одилона рафтор кунад (Пандгӯ 7:20).
8 Исо медонист, ки танҳо Подшоҳии Худо беадолатиро решакан мекунад. Барои ҳамин ӯ вақту қувваташро дареғ надошта, «хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо эълон» мекард (Луқ. 8:1). Ӯ «гушнагону ташнагони адолат»-ро дилпур мекард, ки беинсофию беадолатӣ аз байн бурда мешавад (Мат. 5:6; Луқ. 18:7, 8). Лекин ин корро на навсозиҳои сиёсӣ, балки Ҳокимияти осмонии Худо, ки «аз ин ҷаҳон нест», ба амал меорад. (Юҳанно 18:36-ро хонед.)
ҲАНГОМИ БЕАДОЛАТӢ БА ИСО ПАЙРАВӢ КУНЕД
9. Чаро шумо дилпуред, ки танҳо Подшоҳии Худо тамоми беадолатиро аз байн мебарад?
9 Исо вақти дар замин буданаш беадолатиҳоро дида буд. Лекин мо беадолатии зиёдтарро мебинем. Мисли замонҳои Исо дар ин «рӯзҳои охир» сарчашмаи беадолатиҳо Шайтон ва одамони нокомиле мебошанд, ки зери таъсири ӯянд (2 Тим. 3:1–5, 13; Ошкор. 12:12). Мисли Исо мо медонем, ки танҳо Подшоҳии Худо беадолатиро пурра аз байн мебарад. Азбаски мо Подшоҳии Худоро дастгирӣ мекунем, дар норозигию эътирозҳо ва дигар ҳаракатҳои сиёсию иҷтимоӣ иштирок намекунем. Биёед мисоли Стейсиa ном хоҳарамонро дида бароем. Пеш аз фаҳмидани ростӣ ӯ доимо дар ҳаракатҳои сиёсию иҷтимоӣ иштирок мекард. Лекин чанде пас дилаш дур рафтан гирифт. Ӯ мегӯяд: «Вақте ман дар норозигию эътирозҳо иштирок мекардам, ба сарам саволе меомад: “Оё ман ҷониби дурустро тарафдорӣ мекунам?” Акнун ки Подшоҳии Худоро дастгирӣ мекунам, ман аниқ медонам, ки ҷониби дурустро тарафдорӣ мекунам. Ман дарк мекунам, ки Яҳува барои ҳар ҷабрдидаву зулмдида аз ман дида беҳтар мубориза мебарад» (Заб. 72:1, 4).
10. Ба кадом маъно эътирозу норозигиҳо бар зидди таълимоти Исо мебошанд, ки дар Матто 5:43–48 омадааст? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
10 Одамоне, ки дар ҳаракатҳои сиёсӣ иштирок мекунанд, дар рафторашон талошҳои озодихоҳиву аламзадагиро дидан мумкин аст. Чунин рӯҳия зидди таълимоту рафтори Исо аст (Эфс. 4:31). Бародаре бо номи Ҷеффри чунин мегӯяд: «Ман медонам, ки чунин эътирозҳои ба назар ором дар як лаҳза ба зӯроварию дуздӣ табдил меёбанд». Лекин Исо гуфта буд, ки ҳамаи одамонро дӯст дорем, ҳатто касонеро, ки бо мо розӣ нестанд ё ҳатто моро озор медиҳанд. (Матто 5:43–48-ро хонед.) Мо, масеҳиён, кӯшиш мекунем, ки аз рӯйи намунаи Исо амал кунем.
Барои дар масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ бетараф мондан далерӣ даркор аст (Ба сархати 10 нигаред.)
11. Чаро баъзан ба Исо пайравӣ кардан душвор мешавад?
11 Албатта, мо медонем, ки Подшоҳии Худо масъалаи бедодию беинсофиро батамом ҳал мекунад. Лекин, агар ба худамон беинсофӣ кунанд, ба Исо пайравӣ кардан осон намешавад. Хоҳарамон Ҷания, ки бо нажодпарастӣ дучор шуда буд, мегӯяд: «Ғазабам меҷӯшид, аламам мекард. Мехостам, ки бедодгарон ҷазо бинанд. Баъд ман дар бораи дастгирӣ кардани ҳаракатҳое, ки зидди нажодпарастиву миллатпарастӣ буд, мулоҳиза рондам. Фикр мекардам, ки ин як роҳи дурустест, ки норозигиямро баён мекунам». Бо гузашти вақт Ҷания дарк кард, ки ӯ бояд дигар шавад. «Ман фикррониямро ба ихтиёри дигарон мегузоштам ва ба ҷойи ба Яҳува бовар кардан ба одамизод бовар мекардам. Ман қарор кардам, ки аз ин гурӯҳҳо пурра ҷудо мешавам», — мегӯяд ӯ. Беадолатиро дида одам ба ғазаб меояд. Вале, агар эҳтиёт нашавем, саргарми адолатхоҳиву адолатталабӣ шуда, мавқеи бетарафиямонро аз даст медиҳем (Юҳ. 15:19).
12. Чаро мо бояд дар мавриди гирифтани маълумот эҳтиёткор бошем?
12 Чӣ тавр вақти дидани беадолатиҳо ҷилави ғазабамонро дошта истем? Мо бояд дар хабархонӣ санҷидакор бошем ва ҳар чизеро, ки пеш омад, нахонем, гӯш накунем ва тамошо накунем. Баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ доим аз беадолатиҳо хабар дода низоъҳои иҷтимоиро тарғиб мекунанд. Бисёр вақт хабарнигорон маълумоти ростро намегӯянд. Ҳатто агар ягон хабари беадолатӣ рост бошад, дар бораи он фикр карда гаштан чӣ фоида меорад? Агар мо барои чунин маълумотҳо вақти зиёдро сарф кунем, ташвишу дарди сари зиёдатӣ мехарем (Пнм. 24:10). Аз ҳама бадтараш мо чизи муҳимро аз назарамон дур мекунем — Ҳокимияти Худои адолатпарварамон, Яҳуваро.
13. Аз кадом ҷиҳат хониши Китоби Муқаддас ва мулоҳизаронӣ фоидаовар аст?
13 Хониши пайвастаи Калом ва мулоҳиза дар бораи он моро қувват мебахшад, ки беадолатиҳоро бардошта тавонем. Хоҳаре бо номи Алия вақте медид, ки бо одамони гирду атроф муомилаи бад мекунанд, дилаш хун мешуд. Ӯ медид, ки ҷафокорон ҷазо намебинанд. Ӯ мегӯяд: «Вақти хондани китоби Айюб 34:22–29 ман шишта аз худ мепурсидам: “Оё, дар ҳақиқат, ту бовар дорӣ, ки ҳамаи ин душвориҳоро Яҳува ҳал мекунад?” Ин оятҳо ба ман хотиррасон мекарданд, ки аз назари Яҳува ягон кас пинҳон шуда наметавонад. Танҳо Яҳува аз рӯйи адолати комил амал карда метавонад ва танҳо ӯ ҳар як душвориро пурра ҳал мекунад». Мо бесаброна интизори замоне ҳастем, ки Подшоҳии Худо адолатро барқарор мекунад. Вале ҳоло чӣ кор карда метавонем, то беадолатӣ кам шавад?
ЧӢ ТАВР БА БЕАДОЛАТИҲО ТОБ ОРЕМ?
14. Чӣ тавр ба беадолатии ин ҷаҳон дахолат накунем? (Қӯлассиён 3:10, 11).
14 Рафтори беинсофонаи дигарон дар дасти мо нест, лекин рафтори худамон дар ихтиёри мост. Чи хеле пештар дида баромадем, мо ба Исо пайравӣ карда ба дигарон муҳаббат мекунем. Аз чунин муҳаббат мо дигаронро, ҳатто ноодилонро, эҳтиром мекунем (Мат. 7:12; Рум. 12:17). Агар мо бо дигарон меҳрубону боинсоф бошем, Яҳува аз ин хурсанд мешавад. (Қӯлассиён 3:10, 11-ро хонед.)
15. Чӣ тавр бо хушхабаррасонӣ мо дар ин дунёи беинсоф тухми адолат мекорем?
15 Роҳи беҳтарини ба беадолатӣ ҷавоб гардондан ба дигарон расондани ростии Каломи Худо мебошад. Чаро ин хел гуфтан мумкин? Чунки «дониши Яҳува» одами бадқаҳру зӯроварро ба шахси меҳрубону сулҳҷӯ табдил медиҳад (Иш. 11:6, 7, 9). Ҷамол ном марде пеш аз фаҳмидани ҳақиқат барои дигар кардани сиёсат ба гурӯҳи исёнкорон ҳамроҳ шуда буд. Ӯ мегӯяд: «Ту одамонро маҷбуран дигар карда наметавонӣ. Маро касе ба зӯрӣ дигар накард, балки ҳақиқатҳои Каломи Худо маро дигар кард». Ҳақиқатҳои Каломро фаҳмида, Ҷамол мубориза бо беадолатиро бас кард. Ростии Калом ҳаёти одамонро обод месозад. Ҳар қадаре шумораи чунин касон афзудан гирад, одамони беадолат дар дунё камтар мешаванд.
16. Чаро шумо мехоҳед, ки дар бораи хушхабари Каломи Худо ба дигарон гап занед?
16 Мисли Исо мо ҳам ҳаракат мекунем, ки ба одамон дар бораи Подшоҳии Худо нақл кунем ва гӯем, ки танҳо он зулму беадолатиро решакан мекунад. Ин умед ба одамоне, ки бо озор дучор шудаанд, қувват мебахшад (Ирм. 29:11). Стейси, ки дар борааш пештар гуфтем, мефаҳмонад: «Хабари ростӣ ба ман қувват бахшид, ки ҳамаи беадолатиҳоро бардошта тавонам. Яҳува ба воситаи хабарҳои Каломаш моро тасаллӣ мебахшад». Мо мехоҳем, ки дигарон ҳам тасаллии Каломро чашанд. Барои ин мо бояд аввалан худамон фаҳмем, ки Китоби Муқаддас дар бораи азобҳову беадолатӣ чӣ мегӯяд. Дар ин ҳолат, агар дар мактаб ё ҷойи кор ягон кас ин мавзуъро бардорад, мо шаҳодати хубу боодобона дода метавонемb.
17. Барои тоб овардан ба беадолатиҳои имрӯза Яҳува ба мо чӣ хел кумак мекунад?
17 То даме ки Шайтон «ҳокими ин ҷаҳон» аст, аз беадолатӣ ҷойи гурез нест. Лекин то «ронда» шудани Шайтон мо бе ёрдам ва бе умед намемонем (Юҳ. 12:31). Яҳува дар Китоби Муқаддас сабаби беадолатиҳоро фаҳмонд. Ҳамчунин ӯ ошкор сохт, ки, вақте аз беадолатӣ азоб мекашем, ӯ низ дард мекашад (Заб. 34:17–19). Ӯ Писарашро ба замин фиристода ба мо намуна гузошт, ки дар вақти беадолатиҳо чӣ тавр амал кунем. Ғайр аз ин, ӯ фаҳмонд, ки чӣ тавр Ҳукмронии Писараш беадолатиро решакан мекунад (2 Пет. 3:13). Биёед минбаъд низ хушхабари Подшоҳиро бо ғайрат мавъиза кунем ва бесаброна замонеро интизор шавем, ки дар тамоми замин «адлу инсоф» мешавад (Иш. 9:7).
СУРУДИ 158 Рӯзи Яҳуваро мунтазирем
a Баъзе номҳо иваз шудаанд.
b Ҳамчунин ба Замимаи А, бандҳои 24–27-и китобчаи «Одамонро дӯст дореду шогирд тайёр кунед» нигаред.