ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w25 сентябр саҳ. 2-7
  • Аз пирон кумак ҷӯед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз пирон кумак ҷӯед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • КАЙ АЗ ПИРОН ЁРДАМ ПУРСЕМ?
  • ЧАРО БОЯД БА ПИРОН МУРОҶИАТ КУНЕМ?
  • ЧӢ ТАВР ПИРОН БА МО ЁРӢ МЕДИҲАНД?
  • ҶАВОБГАРИИ МО
  • Пирон, бо гунаҳкорон бо муҳаббату дилсӯзӣ рафтор кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Яҳува ҷамоатро роҳбарӣ мекунад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Бародарон, ҳаракат кунед, ки пири ҷамоат шавед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Пироне, ки бар манфиати халқи Яҳува амал мекунанд
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
w25 сентябр саҳ. 2-7

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 36

СУРУДИ 36 Дили худро ҳифз намо

Аз пирон кумак ҷӯед

«Бигзор пирони ҷамоатро даъват кунад» (ЯЪҚ. 5:14).

МАҚСАД

Мо мефаҳмем, ки чаро вақти мушкилиҳо аз пирон ёрӣ пурсем.

1. Аз чӣ маълум аст, ки гӯсфандонаш барои Яҳува азизанд?

БАРОИ Яҳува ҳар як гӯсфандаш азиз аст. Ӯ онҳоро бо хуни Исо харидааст ва пиронро таъйин кардааст, ки дар ҳаққи рамааш ғамхорӣ кунанд (Кор. 20:28). Яҳува мехоҳад, ки гӯсфандонашро бо меҳрубонӣ нигоҳубин кунанд. Бо роҳнамоии Масеҳ пирон ба гӯсфандон тароват мебахшанд ва онҳоро аз хатарҳои рӯҳонӣ ҳимоя мекунанд (Иш. 32:1, 2).

2. Яҳува махсусан ба киҳо дасти ёрӣ дароз кардан мехоҳад? (Ҳизқиёл 34:15, 16).

2 Яҳува дар ҳаққи ҳамаи гӯсфандонаш ғамхорӣ мекунад, лекин, вақте онҳо хато мекунанд, ба ёрдамашон мешитобад. Агар ягон шахс аз пушти хатояш азоб кашад, Яҳува ба воситаи пирон ба ӯ дасти ёрӣ дароз мекунад. (Ҳизқиёл 34:15, 16-ро хонед.) Лекин Яҳува мехоҳад, ки вақти зарурӣ худамон ҷӯёи ёрдами ӯ шавем. Дар чунин лаҳзаҳо мо дар дуо аз Яҳува на фақат дастгирӣ мепурсем, балки аз «чӯпонон ва устодон»-и ҷамоат низ мадад меҷӯем (Эфс. 4:11, 12).

3. Бо нақши пирон шинос шуда мо чӣ фоида мегирем?

3 Аз ин мақола мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ба воситаи пирон ба касоне, ки рӯҳан суст шудаанд, кумак мекунад. Мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: «Кай аз пирон ёрдам пурсем? Чаро бояд ба пирон муроҷиат кунем? Чӣ тавр пирон ба мо ёрӣ медиҳанд?» Агар ҳозир ягон душворӣ надошта бошем ҳам, ба ин саволҳо ҷавоб ёфта, барои ёрдами Яҳува шукргузортар мешавем. Шояд, як рӯз не, як рӯз, ин фикрҳо ҳаётамонро наҷот диҳанд.

КАЙ АЗ ПИРОН ЁРДАМ ПУРСЕМ?

4. Аз чӣ маълум аст, ки суханони Яъқуб 5:14–16, 19, 20 ба бемории рӯҳонӣ ишора мекунанд? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

4 Яъқуби шогирд мефаҳмонад, ки чӣ тавр Яҳува ба воситаи пирон ба мо ёрдам мекунад: «Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони ҷамоатро даъват кунад». (Яъқуб 5:14–16, 19, 20-ро хонед.) Аз мантиқи суханони Яъқуб маълум аст, ки ӯ дар бораи бемории рӯҳонӣ гап мезанад. Як далелаш ин аст: ба бемор маслиҳат дода мешавад, ки ба духтур нею ба пирон муроҷиат кунад. Ҳамчунин Яъқуб мегӯяд, ки, вақте гуноҳи бемор бахшида мешавад, рӯҳан шифо меёбад. Бемории ҷисмонию рӯҳонӣ монандиҳо дорад. Масалан, вақте шахс ҷисман бемор мешавад, ба назди духтур рафта, нишонаҳои беморияшро мегӯяд ва аз рӯйи маслиҳати ӯ амал мекунад. Ба ҳамин монанд, вақте шахс рӯҳан бемор мешавад, ӯ бояд ба назди пире равад, вазъияташро фаҳмонад ва аз рӯйи маслиҳате, ки пир аз Калом медиҳад, амал кунад.

Силсиларасм: 1. Марде ба духтур мегӯяд, ки китфаш дард мекунад. 2. Бародаре ба пири ҷамоат душворияшро нақл мекунад. Онҳо дар боғ, дар харак нишастаанд.

Вақте ягон ҷоямон дард кунад, назди духтур меравем. Агар рӯҳан суст шавем, мо бояд ба пирон муроҷиат кунем (Ба сархати 4 нигаред.)


5. Аз куҷо фаҳмем, ки мо ба бемории рӯҳонӣ гирифтор ҳастем ё не?

5 Боби панҷуми китоби Яъқуб моро даъват мекунад, ки, агар аз ягон бемории рӯҳонӣ азоб кашем, ба пирон муроҷиат кунем. Лекин ин қадамро бояд пеш аз гум кардани ризои Яҳува гузорем. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки, агар эҳтиёт нашавем, ба доми худфиребӣ меафтем. Аз ин рӯ бояд бо худ ростқавл бошем (Яъқ. 1:22). Баъзе масеҳиёни Сардис ба ин хато роҳ дода буданд. Исо бошад, ба онҳо гуфт, ки Яҳува аз рафторашон норозист (Ошкор. 3:1, 2). Аз куҷо фаҳмем, ки мо ба ин дом наафтодаем? Як роҳаш ҳолати пештараи рӯҳониямонро бо ҳолати имрӯзаамон муқоиса кардан мебошад (Ошкор. 2:4, 5). Аз худ пурсед: «Оё ман аз хонишу мулоҳизаи Каломи Худо мисли пештара хурсандӣ мегирам? Оё ман ба вохӯриҳо нағз тайёрӣ дида, дар онҳо иштирок мекунам? Оё шавқу ҳаваси ман дар хизмат хунук нашудааст? Оё дар бораи вақтхушӣ ва пул бисёртар фикр намекунам?» Шояд, аз ҷавобҳои мо маълум гардад, ки муносибатамон бо Яҳува суст шуда истодааст ва, агар чорае наандешем, он бадтар шуданаш мумкин. Агар худамон душвориямонро ҳал карда натавонем ё аллакай ягон принсипи Яҳуваро вайрон карда бошем, бояд аз пирон ёрдам пурсем.

6. Касоне, ки гуноҳи ҷиддӣ кардаанд, бояд чӣ кор кунанд?

6 Албатта, агар шахс ба гуноҳи ҷиддӣ даст зада бошад, ба гуноҳе, ки ӯро аз ҷамоат дур карда метавонанд, ӯ бояд ба пире муроҷиат кунад (1 Қӯр. 5:11–13). Чунин шахс бе ёрдами пирон дӯстияшро бо Яҳува обод карда наметавонад. Барои бахшиши Яҳуваро соҳиб шудан ӯ бояд корҳоеро кунад, ки «аз тавба гувоҳӣ медиҳанд» (Кор. 26:20). Яке аз ин корҳо вақти гуноҳ кардан аз пирон мадад ҷустан аст.

7. Боз киҳо ба пирон муроҷиат карда метавонанд?

7 Пирон на танҳо ба касоне, ки ба гуноҳи ҷиддӣ даст задаанд, ёрдам мекунанд, балки ҳамчунин ба касоне, ки рӯҳан суст шудаанд (Кор. 20:35). Масалан, баъзеҳо метарсанд, ки дигар қуввати бо хоҳишҳои нодуруст мубориза бурданро надоранд. Махсусан, агар онҳо пеш нашъакаш буданд, порнография тамошо мекарданд ё ҳаёти бадахлоқона мебурданд, ин мубориза барояшон душвортар мегардад. Онҳо, шояд, фикр кунанд, ки ин душвориро бояд тоқаю танҳо паси сар кунанд. Агар шумо ҳам чунин мушкилӣ дошта бошед, аз пире кумак ҷӯед, ки гапи дилатонро ба ӯ гуфта метавонед. Ӯ шуморо гӯш мекунад, аз Калом маслиҳатҳо медиҳад ва дилпуратон месозад, ки, агар муборизаро давом диҳед, дили Яҳуваро шод мегардонед (Пандгӯ 4:12). Боз пири ҷамоат ба шумо ёдрас мекунад, ки ғамгиниятон далели он аст, ки шумо одами худбовар нестед ва дӯстиятонро бо Яҳува қадр мекунед (1 Қӯр. 10:12).

8. Оё шарт аст, ки барои ҳар як мушкилӣ ба пирон муроҷиат кунем?

8 Сари ҳар қадам пеши пирон рафтан шарт нест. Масалан, шояд, шумо ба бародар ё хоҳар ягон гапи сахт гуфтед ё ҳатто ғазабатонро ба сари ӯ рехтед. Ба ҷойи пеши пирон рафтан шумо метавонед аз рӯйи маслиҳати Исо амал карда, бо бародаратон оштӣ шавед (Мат. 5:23, 24). Шумо ҳамчунин метавонед дар мавзуи нармдилӣ, пурсабрӣ ё худдорӣ таҳқиқ гузаронед. Ҳамин тавр шумо ин сифатҳои зеборо беҳтар аз худ мекунед. Албатта, агар бинед, ки дар ҳалли мушкилиятон ба шумо ёрдам даркор аст, ба пирон муроҷиат кунед. Павлуси расул дар Нома ба филиппиён аз бародаре, ки номаш оварда нашудааст, хоҳиш кард, ки ду хоҳар — Авҳудия ва Сунтихиро бо ҳам оштӣ диҳад. Пири ҷамоати шумо низ ҳамин тавр амал карда метавонад (Флп. 4:2, 3).

ЧАРО БОЯД БА ПИРОН МУРОҶИАТ КУНЕМ?

9. Чаро шарм накарда бояд ба пирон муроҷиат кунем? (Панднома 28:13).

9 Вақте мо гуноҳи ҷиддӣ мекунем ё дар муборизаи сустиҳо қувватамон намемонад, бояд ба пирон муроҷиат кунем. Барои ин ба мо имону далерӣ даркор аст. Дар ин ҳолат набояд шарм пеши роҳамонро гирад, мо бояд ин қадами муҳимро монем. Барои чӣ? Чунки худи Яҳува пиронро таъйин кардааст, то бо пандҳояшон табиби имони мо бошанд. Аз пирон мадад ҷустан нишонаи бовари мо ба Яҳува ва дастуроти ӯ мебошад. Бо ин корамон мо тан мегирем, ки дар сахтиҳову муҳтоҷиҳо дастнигари Яҳуваем (Заб. 94:18). Агар баъди гуноҳ кардан ба пирон хабар диҳему аз роҳи бадамон гардем, соҳиби бахшиши Яҳува мешавем. (Панднома 28:13-ро хонед.)

10. Агар гуноҳамонро пинҳон карданӣ шавем, чӣ мешавад?

10 Баръакс, агар мо аз пирон гуноҳу хатоямонро пинҳон кунем, вазъиятро бадтар мекунем. Масалан, вақте шоҳ Довуд гуноҳҳояшро пинҳон карданӣ шуд, азоби рӯҳонӣ, эҳсосӣ ва ҳатто ҷисмонӣ мекашид (Заб. 32:3–5). Агар аз пайи беморӣ ё ягон ҷароҳатамон нашавем, он бадтар мешавад. Дар бораи душвории рӯҳонӣ низ чунин гуфтан мумкин. Яҳува намехоҳад, ки аҳволи мо бадтар шавад, барои ҳамин ӯ моро даъват мекунад, ки ба пирон муроҷиат кунем. Ҳамин тавр мо бо ӯ «масъаларо ҳал» мекунему давои рӯҳонӣ меёбем (Иш. 1:5, 6, 18).

11. Агар гуноҳи ҷиддиро пинҳон кунем, ба дигарон чӣ таъсир мекунад?

11 Агар мо гуноҳи ҷиддиямонро пинҳон кунем, ба дигарон зарар оварда метавонем. Аз барои гуноҳи мо шуда пайванди ягонагӣ байни ҳамдинон зарар мебинаду Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба фаровонӣ ба ҷамоат намедиҳад (Эфс. 4:30). Ба ҳамин монанд, агар мо фаҳмем, ки ягон кас дар ҷамоат гуноҳи ҷиддӣ кардааст, мо бояд ӯро ташвиқ кунем, ки дар бораи ин масъала бо пирон гап занадa. Агар гуноҳи ҷиддии дигаронро пинҳон кунем, мо ҳам айбдор мешавем (3 Мӯсо 5:1). Аз муҳаббат ба Яҳува мо бояд ба назди пирон омада, ҳақиқатро гап занем. Ҳамин тавр барои покии ҷамоат саҳм мегузорем ва шахси гунаҳкорро сӯйи Яҳува роҳнамоӣ мекунем.

ЧӢ ТАВР ПИРОН БА МО ЁРӢ МЕДИҲАНД?

12. Пирон ба шахсоне, ки рӯҳан беморанд, чӣ тавр ёрӣ медиҳанд?

12 Ба пирон дастур дода шудааст, ки шахсони рӯҳан беморро дастгирӣ кунанд (1 Тас. 5:14). Агар шумо гуноҳ карда бошед, эҳтимол, пирон ба шумо саволҳо медиҳанд, то фикру ниятатонро кашида бароранд (Пнм. 20:5). Аз сабаби маданият, шахсият ё мушкилиятон ба шумо, шояд, кушоду равшан гап задан душвор бошад. Лекин, агар ба ин нигоҳ накарда ошкоро бо пирон гап занед, шумо ба онҳо ёрдам мекунед. Фикр накунед, ки онҳо чунин мегӯянд: «Ӯ чиҳо гуфта истодааст?» (Айюб 6:3). Пирон ҳеҷ гоҳ саросемавор хулоса намебароранд. Онҳо шуморо бодиққат гӯш мекунанд, то аз ҳама ҷонибҳои масъала огоҳ шаванд ва баъд ба шумо маслиҳат медиҳанд (Пнм. 18:13). Пирон дарк мекунанд, ки, шояд, мушкилии шумо дар як суҳбат ҳал нашавад. Барои ҳамин онҳо пурсаброна ба шумо ёрдам медиҳанд.

13. Чӣ тавр пирон ба воситаи дуоҳо ва роҳнамоии Калом ба мо ёрдам мекунанд? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

13 Вақте пирон бо шумо суҳбат мекунанд, мақсадашон ба захматон намак пошидан нест. Онҳо мехоҳанд дар ҳаққатон дуо гуфта, ба дардатон дармон шаванд. «Қувваи бузург»-и дуоҳои онҳоро дида, эҳтимол, шумо ба ҳайрат меоед. Ғайр аз ин, пирон шуморо «ба номи Яҳува равған» мемоланд (Яъқ. 5:14–16). «Равған» ин ҷо ба ҳақиқатҳои Каломи Худо ишора мекунад. Пирон Каломи Худоро моҳирона истифода бурда, шуморо оромиву тасаллӣ мебахшанд. Бо ёрии онҳо шумо дӯстии харобгаштаатонро бо Яҳува обод карда метавонед (Иш. 57:18). Роҳнамоие, ки онҳо аз Каломи Худо медиҳанд, шуморо қувват мебахшад, ки росткориро давом диҳед. Яҳува ба воситаи онҳо ба шумо мегӯяд: «Роҳ ин аст. Бо он биравед» (Иш. 30:21).

Силсиларасм: 1. Духтур аз расми боло китфи беморро аз назар мегузаронад. Дар девор расми рентгении китф овехта шудааст. 2. Пири ҷамоат аз расми боло бо пири дигар ба хонаи бародар омадаанд, то ба ӯ аз Китоби Муқаддас фикрҳои қувватбахшро гӯянд. Бародар ба гапи пирон гӯш медиҳад. Ҳама табассум мекунанд.

Пирон касонеро, ки ба тасалло ниёз доранд, бо ёрии Калом қувват мебахшанд (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.)


14. Мувофиқи Ғалотиён 6:1 чӣ тавр пирон ба касе, ки «қадами нодуруст» мондааст ёрӣ медиҳанд? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

14 Ғалотиён 6:1-ро хонед. Масеҳие, ки «қадами нодуруст» мондааст, мувофиқи меъёрҳои одилонаи Яҳува роҳ намеравад. Қадами нодуруст ба он ишора мекунад, ки шахс амали бехирадонае кардааст ё ба гуноҳи ҷиддӣ даст задааст. Пирон аз муҳаббат кӯшиш мекунанд, ки чунин шахсро «бо мулоимӣ ислоҳ» намоянд. Калимаи юноние, ки «ислоҳ» тарҷума шудааст, ҳамчунин дар мавриди ҷобаҷо кардани устухони баромада истифода мешавад. Агар устухони баромадаро дуруст накунанд, шахс як умр маъюб мемонад. Духтури бомаҳорат ҳангоми ҷобаҷо кардани устухон эҳтиёт мешавад, ки бемор ҳар чӣ камтар дард ёбад. Пирон низ ҳангоми табобат кардани бемории рӯҳонӣ ҳаракат мекунанд, ки дарди шахс ҳар чӣ камтар бошад. Ба пирон гуфта шудааст, ки худашон ҳам эҳтиёт шаванд. Вақти моро ба роҳи рост андохтан пирон дарк мекунанд, ки онҳо низ нокомиланд ва аз қадами нодуруст эмин нестанд. Онҳо худро аз шахси гунаҳкор боло намегиранд, одилтарошӣ намекунанд ё ӯро таъна намезананд, балки кӯшиш мекунанд, ки ба ӯ ҳамдард бошанд (1 Пет. 3:8).

15. Агар мо ягон душворӣ дошта бошем, чӣ кор карда метавонем?

15 Мо ба пирони ҷамоатамон бовар карда метавонем. Онҳо таълим гирифтаанд, ки масъалаи моро махфӣ нигоҳ доранд, аз пеши худашон нею аз Каломи Худо маслиҳат диҳанд ва дилбардору ғамбарори мо шаванд (Пнм. 11:13; Ғал. 6:2). Пирон шахсияту таҷрибаи гуногун доранд. Мо бемалол ба ҳар кадомашон, ки хоҳем, муроҷиат карда метавонем. Албатта, мо барои шунидани суханони ба гӯшамон форам аз пеши як пир ба пеши дигараш рафтан намегирем. Агар ин хел кунем, мо ба шахсоне монанд мешавем, ки «чизҳои ба гӯшашон форамро» шунидан мехоҳанд, на «таълимоти дуруст»-и Каломи Худоро (2 Тим. 4:3). Вақте мо ба ягон пир дар бораи душвориямон мегӯем, шояд, ӯ аз мо пурсад, ки дар ин бора ба дигар пир низ муроҷиат кардаем. Агар муроҷиат карда бошем, ӯ аз мо мепурсад, ки он пир ба мо чӣ маслиҳат дод. Ҳамчунин пире, ки аз ӯ кумак ҷустаем, аз хоксорӣ маслиҳати пири дигареро мепурсад (Пнм. 13:10).

ҶАВОБГАРИИ МО

16. Мо чӣ ҷавобгарӣ дорем?

16 Пирон рамаи Худоро нигоҳубин мекунанд, лекин ба мо амр намедиҳанд, ки чӣ кор кунем. Барои ба Яҳува вафодор мондан мо худамон ҷавобгар ҳастем ва ҳар кас барои гапу кораш дар пеши Яҳува худаш ҷавоб медиҳад (Рум. 14:12). Бо дастгирии Яҳува мо душвориҳоро паси сар карда, содиқиямонро нигоҳ медорем. Барои ҳамин пирон «ин хел кун» ё «он хел кун» намегӯянд, балки бо ёрии пандҳои Калом роҳи моро рӯшан мекунанд. Ҳар боре мо ба пандҳои онҳо гӯш меандозем, ақлу ҳушамонро машқ медиҳем ва қарорҳои бохирадона мебарорем (Ибр. 5:14).

17. Мо бояд ба чӣ азм дошта бошем?

17 Мо шукр мегӯем, ки гӯсфандони Яҳува ҳастем. Ӯ «чӯпони нек», Исоро, барои мо фиристод, то ки товон дода, дари ҳаёти ҷовидонаро бароямон боз кунад (Юҳ. 10:11). Ба воситаи пирони ҷамоат бошад, Яҳува ваъдаи зеринашро иҷро кард: «Ман ба шумо чӯпонони табъи диламро медиҳам ва онҳо шуморо бо донишу фаҳмиш сер мекунанд» (Ирм. 3:15). Вақте мо рӯҳан суст ё касал мешавем, бояд шарм накарда ба пирон муроҷиат кунем. Биёед азм кунем, ки аз ёрии ин мададгорони худодод баҳра барем.

ҶАВОБИ ШУМО ЧИСТ?

  • Кай аз пирон ёрдам пурсем?

  • Чаро бояд ба пирон муроҷиат кунем?

  • Чӣ тавр пирон ба мо ёрӣ медиҳанд?

СУРУДИ 34 Дар беайбӣ роҳ рав

a Агар хатокор баъди чанде ба пирон муроҷиат накунад, аз вафодорӣ ба Яҳува маълумоти медонистаатонро ба пирон хабар диҳед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан