Ишаъё
17 Паём бар зидди Димишқ:+
«Инак, шаҳри Димишқ аз байн меравад,
Он ба харобазор табдил меёбад.+
2 Шаҳрҳои Арӯэр+ тарк карда мешаванд.
Дар он ҷо рамаҳо хоҳанд хобид
Ва касе онҳоро нахоҳад тарсонид.
Боқимондагони Арам* мисли ҷалоли исроилиён аз байн мераванд,—
Мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
4 Дар он рӯз шукӯҳу бузургии Яъқуб кам мешавад
Ва тани сиҳаташ хароб мегардад*.
5 Яъқуб мисли ғаллаи пасмондае мешавад,
Ки хӯшачинон пас аз дарав
Дар киштзори водии Рафоим+ мечинанд.
6 Он мисли донаҳои пасмондаи зайтун мешавад,
Ки пас аз афшондани дарахт боқӣ мемонанд:
Дар сари шохаи баланди он фақат ду-се меваи пухта,
Дар навдаҳои борвари он фақат чор-панҷ мева мемонад»,+— мегӯяд Яҳува, Худои Исроил.
7 Дар он рӯз инсон сӯйи Офарандаи худ менигарад ва ба Худои Поки Исроил чашм медӯзад. 8 Кас ба қурбонгоҳҳо,+ ки амали дастони ӯянд,+ нигоҳ намекунад ва ба амали ангуштонаш, на ба Ашераҳову* на ба қурбонгоҳҳои бухурсӯзӣ, наменигарад.
9 Дар он рӯз шаҳрҳои мустаҳками ӯ мисли вайронае дар ҷангалзор мешаванд,+
Мисли шохае, ки пеши исроилиён партофта шудааст.
Он ҷо ба харобазор табдил меёбад,
10 Зеро ту Худои наҷоти худро фаромӯш кардӣ,+
Кӯҳпора+ ва қалъаи худро ба хотир наовардӣ.
Аз ин сабаб ту боғҳои зебое бунёд кардӣ
Ва дар он қаламчаҳои бегонаро* шинондӣ.
11 Рӯзона гирдогирди боғатро девор мекашӣ,
Саҳаргоҳон донаҳои коштаатро месабзонӣ,
Аммо дар рӯзи беморӣ ва дарди бедаво ҳосили он барбод меравад.+
12 Ана, бесарусомонии мардумони зиёде,
Ки мисли баҳрҳо талотум мекунанд!
Ғиреви халқҳо ба гӯш мерасад —
Он мисли хурӯши обҳои азим аст!
13 Халқҳо мисли обҳои зиёд хоҳанд хурӯшид.
Ӯ онҳоро сарзаниш мекунад ва онҳо ба ҷойи дур мегурезанд,
Ҳамон тавре ки бод коҳрезаро аз болои кӯҳҳо мебарад,
Ҳамон тавре ки хори ғелон* бо тундбод бурда мешавад.
14 Бегоҳӣ онҳоро даҳшат фаро мегирад,
Ҳанӯз субҳ надамида беному нишон мешаванд.
Ин аст насибаи тороҷгарон
Ва ҳиссаи ғоратгарони мо.