Ирмиё
26 Дар аввали ҳукмронии Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, аз Яҳува чунин паём омад: 2 «Яҳува чунин мегӯяд: “Дар саҳни хонаи Яҳува биист ва ба ҳама мардуме, ки аз шаҳрҳои Яҳудо барои парастиш ба хонаи Яҳува меоянд, сухан бигӯ. Ҳар он чиро, ки ба ту фармоям, ба онҳо якояк бигӯ, ҳеҷ чизро аз суханам кам накун. 3 Шояд, онҳо ба суханам гӯш диҳанду ҳар яке роҳи бадашро тарк кунад ва ман аз фикрам гардаму балоеро, ки аз сабаби бадкориҳояшон оварданиям, бар сари онҳо наорам.+ 4 Ба онҳо бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд: “Агар шумо ба ман гӯш надиҳеду дастуреро, ки пешатон гузоштаам, ба ҷо наоред 5 ва ба суханони бандаҳоям пайғамбарон гӯш надиҳед, ҳамон тавре ки то ин дам онҳоро гаштаву баргашта мефиристодаму* шумо ба онҳо гӯш намедодед,+ 6 ман ин хонаро мисли Шилӯ+ мегардонам ва тавре мекунам, ки мардуми тамоми замин ҳангоми лаънатгӯйӣ номи ин шаҳрро барои намуна ба забон гиранд”».+
7 Ирмиё ин суханонро ба гӯши коҳинон, пайғамбарон ва ҳамаи мардум дар назди хонаи Яҳува гуфт.+ 8 Вақте Ирмиё ҳамаи суханонеро, ки Яҳува ба вай фармуда буд, гуфта тамом кард, коҳинон, пайғамбарон ва ҳамаи мардум ӯро дошта, гуфтанд: «Туро куштан даркор. 9 Чаро ту аз номи Яҳува пешгӯйӣ карда, гуфтӣ: “Ин хона мисли Шилӯ ва ин шаҳр харобазору беодам мешавад”?» Он вақт тамоми халқ назди хонаи Яҳува дар гирди Ирмиё ҷамъ шуд.
10 Вақте мирони Яҳудо ин суханонро шуниданд, аз хонаи подшоҳ берун омада, сӯйи хонаи Яҳува рафтанд ва дар даҳани дарвозаи нави хонаи Яҳува+ нишастанд. 11 Коҳинону пайғамбарон ба мирон ва тамоми халқ гуфтанд: «Ин шахс сазовори марг аст,+ зеро шумо бо гӯшҳои худ шунидед, ки ӯ бар зидди ин шаҳр пешгӯйӣ мекунад».+
12 Он гоҳ Ирмиё ба ҳама мирон ва тамоми мардум гуфт: «Маро барои пешгӯйӣ кардан бар зидди ин хона ва ин шаҳр Яҳува фиристодааст. Ҳамаи суханоне, ки шумо шунидед, аз ҷониби ӯ буданд.+ 13 Барои ҳамин роҳу рафторатонро дигар кунед ва ба овози Худоятон Яҳува гӯш диҳед. Он гоҳ Яҳува аз фикраш гашта, бар саратон фалокатеро, ки гуфта буд, намеорад.+ 14 Аммо ман дар дасти шумоям — ҳар коре дар назаратон хубу дуруст бошад, бо ман бикунед. 15 Фақат ҳаминро донед, ки, агар маро кушед, шумо — ин шаҳр ва мардуми он, дар рехтани хуни бегуноҳ айбдор мешавед, зеро маро, ҳақиқатан ҳам, Яҳува фиристодааст, то ин суханонро ба шумо бигӯям».
16 Он гоҳ мирон ва тамоми мардум ба коҳинону пайғамбарон чунин гуфтанд: «Ин шахс сазовори марг нест, зеро бо мо аз номи Худоямон Яҳува сухан гуфтааст».
17 Ҳамчунин баъзе аз пирони халқ бархоста, ба тамоми ҷамоати мардум чунин гуфтанд: 18 «Дар рӯзҳои Ҳизқиё,+ подшоҳи Яҳудо, Микои+ писари Мӯрашт пешгӯйӣ мекард. Ӯ ба тамоми мардуми Яҳудо чунин мегуфт: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
“Сион мисли киштзор ҷуфт карда мешавад,
Ерусалим ба харобазор табдил меёбад+
Ва кӯҳи ибодатгоҳ мисли теппаҳои ҷангалзор мегардад”.+
19 Оё Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, ва тамоми мардуми Яҳудо ӯро куштанд? Не, зеро подшоҳ аз Яҳува метарсид ва сӯйи Яҳува зорӣ кард, ба тавре ки Яҳува аз фикраш гашта, он фалокатеро, ки дар борааш гуфта буд, наовард.+ Агар мо низ чунин накунем, бар сари худ фалокат меорем.
20 Боз шахси дигаре буд, ки аз номи Яҳува гап мезад. Ӯ Уриё писари Шамаъёҳу аз Қирят-Яърим+ буд ва бар зидди ин шаҳр ва ин замин пешгӯйӣ мекард. Суханони ӯ ба суханони Ирмиё монанд буданд. 21 Вақте подшоҳ Еҳуёқим+ ва ҳама ҷанговарону мирони ӯ суханони Уриёро шуниданд, подшоҳ аз пайи куштани ӯ шуд.+ Уриё аз ин хабардор шуда, дарҳол ба тарс афтод ва ба Миср гурехт. 22 Подшоҳ Еҳуёқим Элнотони+ писари Акбӯр ва чанд каси дигарро аз қафои вай ба Миср фиристод. 23 Онҳо Уриёро дастгир карда, аз Миср ба пеши подшоҳ Еҳуёқим оварданд. Подшоҳ ӯро бо шамшер кушта,+ ҷасадашро ба гӯристони мардуми одӣ партофт».
24 Аҳиқоми+ писари Шофон+ низ Ирмиёро пуштигирӣ кард, то ӯро ба дасти мардум супурда, накушанд.+